“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Прага – Душанбе” (7)

Вохӯрии мо имрӯз баъди субҳона аз идораи як рӯзномаи шаҳрии Варшава бо номи “Poludnic” оғоз шуд. Он рӯзнома бузургтарин шабакаи паҳнкунӣ дошта, бепул ба мардум тақсим карда мешавад. Муассис ва сармуҳаррираш Andrzey Roginski  моро дар идораи худ, ки ҳамагӣ 60 м2  андоза дорад қабул кард. Замони таъсисёбии ин рӯзнома онҳо як компютери кӯҳна, мизу курсӣ ва мошинаи чопии иҷорагирифтае доштаанду халос. Ҳоло 30 корманди ғайриштатӣ ва 3 корманди штатӣ доранд. Чизи аҷоиб он буд, ки онҳо дар рӯзномаи худ маводи навиштаи хонандагони мактабро чоп мекунанду агар муаллим дар бораи мактабу чорабиниҳои он нависад, чоп намекунанд. Ҳудуди 750 нуқта барои тақсимоти ин газетаи 8 саҳифагии бепул фаъол аст.

Аксарияти ин нуқтаю дар марказҳои тиҷоратӣ ҷойгиранд ва бар ивази ин хизматашон онҳо чанд фоиз тахфифро барои ҷой кардани рекламаи худ дар он газета ба даст меоранд. Чизи барои ман ғайриоддӣ вариантҳои гуногуни он газета аст. Ин газета вобаста ба манотиқи гуногуни Варшава 3 намуд нашр мешавад. Дар маҷмӯъ ҳар ҳафта ин газета бо теъдоди 150 000 нусха нашр мешавад. Аксарияти муассис ва коргарони ВАО дар маркази Полша ггуфтанд, ки ба кору фаъолияти онҳо ягон мақом на иҷроия, на маҳаллӣ, на қонунгузорӣ ва судӣ дахолат намекунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ то ин ҳад фаъол аст, ки чизеро маҷбурӣ тағйир додан ин ҷо хеле душвор ва ҳатто имконнопазир аст!

Мо дастаҷамъона ба идораи маҷаллаи Newsweek омадем. Дар Полша ин маҷалла бо литсензияи ин маҷаллаи амрикои нашр мешавад. Арзиши он дар мағозаҳо 5 злат аст. Ҳудуди 1,3$ амрикои. Яъне он ҳам аз ҷиҳати муҳтавову ороиш ва қабулаш аз муаллифони тоҷикӣ бойтар асту, ҳам муқоиса бо нарх арзонтар аст. Як масъули идораи байналмаллаи  ин маҷалла гуфт, ки ба қариби сармуҳаррири онҳо нав таъин шуду, чандин корманди онҳо барои кор ба маҷаллаи дигар, ки рақиби онҳост гузашт. Аҷобат ин буд, ки сармуҳаррири нави Newsweek, қаблан корманди ҳамон маҷаллаи рақиб будааст.

Хулоса, як гурӯҳ кормандони он маҷалла ҳамроҳ бо роҳбари нав ба Newsweek омадаанду аз ин ҷо як гурӯҳ ба ҳамон маҷаллаи рақиб рафтаанд. Маълум аст, ки идеядуздӣ дар ин ҳолат рух медиҳад. Ин корманди Newsweek дар бораи як судбозиашон ҳам дар ҳамин замина қисса кард. Аҷобати дигар барои ман ҳамин аст, ки ин ҷо журналистон, ҳатто онҳое, ки дар нашрияҳои зард ё хиёбонӣ кор мекунанд, хеле хуб дар мавзӯҳои сиёсӣ баҳс мекунанд ва ақидаи худро доранд. Барои мисол ин ҳамсӯҳбати мо метавонад дар мавзӯҳои сиёсӣ ва ё баҳсталабе нависад, ки ба нуқтаи назари соҳиби он маҷалла мувофиқат накунад. Ӯ ҳамчунин аз рафти сафараш ба сарҳади Туркия ва Сурия сӯҳбат кард. Ин маҷалла ҳоло асосан барои ҷавонон менависад.

Вохӯрии сеюми мо дар Бунёде, ки моро даъват кардааст, сурат гирифт. Бо мо нафаре сӯҳбат кард, ки дар чандин маҷаллаву рӯзнома кор кардааст. Ҳоло корманди маҷаллаи  “Press” будааст. Саволҳои мо низ аз ҳар боб буд: ҳуқуқи журналистон дар Полша, соҳибони хориҷии ВАО-и Полша, зиндагии худи ӯ ва ғайраҳо.

Ману Манижаву Наргис баъди ин вохӯрӣ ба саристгоҳи қатораҳои Варшава омадем. Мо дирӯз ният кардем, ки дар рӯзи истироҳат ба тамошои шаҳри қадима ва зебои Прага меравем. Барои ҳамин шаб соати 22 мо чипта харидем.

Рафту омад барои ҳар нафари мо ҳудуди 96 евроро ташкил дод. Шаб насиб бошад бо қатора ба Прага меравем. Сафаргуфтаҳо шавқовартар мешаванд. Интизор бошед!

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти