Гарду ғубор аз рӯзгори пуртазоду пурғам ба чеҳрааш мисли гарду чанги кӯчаҳои зодгоҳаш ба рӯйи баргу гулу гиёҳ нишастааст …
Ку боде, мисли боди Файзобод, ки гарди ғаму андӯҳро аз рухсори момаи Иззатмоҳ — модари модари ман, тоза кунад?
Ва оё мешавад ғами фарзандони нозанину андӯҳи як авлод хешу табори рафтааш аз дилу рухсору рӯзгораш тоза шавад ? Не, албатта!
Аз шунидани хабари бемориаш дилам ба қавли мардум «дар замин мезанад», аз табассумаш шодӣ вуҷудамро фаро мегирад….Бо рафтан ба деҳа аввал ба хонаи ӯ меравам ва дар канораш оромиш меёбам…
Ҳар боре, ки дуо медиҳад, гиря гулӯгирам мекунад…Ман ҳамон маъниву калимоту ҳарфҳоеро мешунавам, ки аз раҳматии очаам вақти дуояш мешунидам. Ӯ ҳам шояд аз очааш шунида буда…
Дар бару дар канору дар зиндагии мо то дер бимон — момаи Иззатмоҳ, ки руйю буйи очаамро дорӣ …
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Файзобод, беморӣ, бибӣ, дуои модар, кампири Иззатмоҳ, модар, оча, рубоёт, садқа шавум | Leave a comment »











