Садқа шавум…

Гарду ғубор аз рӯзгори пуртазоду пурғам ба чеҳрааш мисли гарду чанги кӯчаҳои зодгоҳаш ба рӯйи баргу гулу гиёҳ нишастааст …

Ку боде, мисли боди Файзобод, ки гарди ғаму андӯҳро аз рухсори момаи Иззатмоҳ — модари модари ман, тоза кунад?

Ва оё мешавад ғами фарзандони нозанину андӯҳи як авлод хешу табори рафтааш аз дилу рухсору рӯзгораш тоза шавад ? Не, албатта!

Аз шунидани хабари бемориаш дилам ба қавли мардум «дар замин мезанад», аз табассумаш шодӣ вуҷудамро фаро мегирад….Бо рафтан ба деҳа аввал ба хонаи ӯ меравам ва дар канораш оромиш меёбам…

Ҳар боре, ки дуо медиҳад, гиря гулӯгирам мекунад…Ман ҳамон маъниву калимоту ҳарфҳоеро мешунавам, ки аз раҳматии очаам вақти дуояш мешунидам. Ӯ ҳам шояд аз очааш шунида буда…

Дар бару дар канору дар зиндагии мо то дер бимон — момаи Иззатмоҳ, ки руйю буйи очаамро дорӣ …

Дар куртаи гул-гули анор садқа шавум,

Дар чодари дугиреҳдор садқа шавум.

Дар очаи аз фироқи духтар сухта,

Дар момаи рӯ ранги баҳор садқа шавум…

*******

Дар мардуми бо иффату ор садқа шавум,

Дар панҷаву дасти ғарқи кор садқа шавум.

То шаб дами дар суроғи он н-омадаҳо,

Дар момаи бо ду чашми чор садқа шавум…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти