Садқа шавум…

Гарду ғубор аз рӯзгори пуртазоду пурғам ба чеҳрааш мисли гарду чанги кӯчаҳои зодгоҳаш ба рӯйи баргу гулу гиёҳ нишастааст …

Ку боде, мисли боди Файзобод, ки гарди ғаму андӯҳро аз рухсори момаи Иззатмоҳ — модари модари ман, тоза кунад?

Ва оё мешавад ғами фарзандони нозанину андӯҳи як авлод хешу табори рафтааш аз дилу рухсору рӯзгораш тоза шавад ? Не, албатта!

Аз шунидани хабари бемориаш дилам ба қавли мардум «дар замин мезанад», аз табассумаш шодӣ вуҷудамро фаро мегирад….Бо рафтан ба деҳа аввал ба хонаи ӯ меравам ва дар канораш оромиш меёбам…

Ҳар боре, ки дуо медиҳад, гиря гулӯгирам мекунад…Ман ҳамон маъниву калимоту ҳарфҳоеро мешунавам, ки аз раҳматии очаам вақти дуояш мешунидам. Ӯ ҳам шояд аз очааш шунида буда…

Дар бару дар канору дар зиндагии мо то дер бимон — момаи Иззатмоҳ, ки руйю буйи очаамро дорӣ …

Читать далее →

Хобат набарад, ки додари маргай хоб!

         Ман як вакте кам-кам ва зиёд содда таронаву шеър (ё дурустараш чизе ба онхо монанд!) менавиштам.  Ва агар гуям, ки ба Радио  мани инжинерро хамон навиштахо овард, хато намекунам. Онхо хамон вакт хам содда буданд, мисли имруз. Ва хамин шаб баъди кариб 10 соле, ки ман ин гуна чиро нанавишта будам, аз кучое хамин гуна илхом омад. Ва уро озурда накардам… Когазпорае сиёх шуд. ..Гумонам, ки бо пешниходи он содданавиштахо Шуморо хам озурда намекунам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти