У аз замони обистан буданаш номи Субхонро дуст медорад. Ин номи писарчаи хамсоя будааст. Баъд у хам Субхондор мешавад. Хамон хавас дар дилаш гул мекунад. Субхони у бо дуои хайраш мактабхон мешавад. Баъд орзуи донишчу дидани Субхонаш дар дили у пайдо мегардад…. У барои хамкурсони Субхони аллакай донишчуаш хар хафта курутобу шакаробу ош мепухт. Пулхои дар гушаи румолаш шикаста, ки ба суи Субхони донишчу дароз мешуданд, аз пеши назараш дур намешаванд. Баъд у хама чизеро ки орзу мекард, дид. Ва хам дид он чизеро, ки тамоман барои Субхонаш орзу намекард. «Худтон обод бошанд, давлати ман» — гуфту худро тасалло дод. Субхони хазор кас дубору себор зан гирифтааст. «Субхон» -и баъдиро аз Субхони худаш Эхсон ном гузошт. Барои бахту саодати додарону хохарони Субхонаш ягон чиро дарег надошт, хама чиро сарф кард, сухт, тамом кард….Хатто дилашро…(духтур пеши танур истоданашро хам манъ кард, ки ба дилаш гарони наорад…) Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Субхон, амрико, донишчу, курбони, модар, нон, саг, танур, усто, устои сартарош, чавонон | Leave a comment »









