Ҳамааш ба назари ман баъди он сар шуд, ки тамоми ҳавличаҳои пушт ва пеши биноҳои истиқоматии моро як вақт бо қарор ва супориш вайрон кардаву тамоми монеаву симхору девору симтурҳои гирду пеши хонаҳоро барчинданд. Аз як тараф аксарияти онҳо ҳамин гуна бунёд шуда буданд, ки дар баробари он ки фақат ба як оила хизмат мекарданд, боз ба ҳаракати мошинҳои ёрии таъҷиливу сухторхомӯшкунӣ халал мерасониданд ва ҳам шояд роҳи гузари мардумро баста буданд.
Ҳоло агар вақти фурӯши хона дар наздикиҳои хонаатон будани қаҳвахонаву ресторану мағозаву нуктаҳои дигари хизматрасонӣ авлавият дониста шаваду ба нархи хонаҳо андаке биафзояд, вақти дар ҳамин гуна нуқта зистан шахс дарк мекунад, ки айнан ҳамин чизҳо на авлавият, балки камбудии ҳамин хонаву бинои истиқоматӣ ҳастанд. Чаро? Мо ин навбат фақат як омилу як сабабу як мушкили ин гуна хонаҳоро мисол хоҳем овард.
Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: ахлоқ, кӯчаҳои шаҳр, пешобкунӣ дар роҳ, тазод, халоҷо, ҳоҷатхона | Leave a comment »











