Тазод (8)

Ҳамааш ба назари ман баъди он сар шуд, ки тамоми ҳавличаҳои пушт ва пеши биноҳои истиқоматии моро як вақт бо қарор ва супориш вайрон кардаву тамоми монеаву симхору девору симтурҳои гирду пеши хонаҳоро барчинданд. Аз як тараф аксарияти онҳо ҳамин гуна бунёд шуда буданд, ки дар баробари он ки фақат ба як оила хизмат мекарданд, боз ба ҳаракати мошинҳои ёрии таъҷиливу сухторхомӯшкунӣ халал мерасониданд ва ҳам шояд роҳи гузари мардумро баста буданд.

Ҳоло агар вақти фурӯши хона дар наздикиҳои хонаатон будани қаҳвахонаву ресторану мағозаву нуктаҳои дигари хизматрасонӣ авлавият дониста шаваду ба нархи хонаҳо андаке биафзояд, вақти дар ҳамин гуна нуқта зистан шахс дарк мекунад, ки айнан ҳамин чизҳо на авлавият, балки камбудии ҳамин хонаву бинои истиқоматӣ ҳастанд. Чаро? Мо ин навбат фақат як омилу як сабабу як мушкили ин гуна хонаҳоро мисол хоҳем овард.

Хонаи мо дар шафати як тарабхона аст ва дар ошёнаи аввали он тарабхона нуктаҳои дигаре мисли каҳвахона, шаробхона, сартарошхона, дӯкони дӯзандагӣ, маркази бозиҳои кӯдакон ва наврасон, идораи адвокатӣ, мағоза ва мисли онҳо мавҷуд аст. Дар ҳар нуқтаи онҳо аз 2 то 5 кас фаъолият мекунад. Иловатан мизоҷони он нуктаҳо зиёданд. Табиист, ки онҳо фақат як ё ду ҳуҷраи иҷорагирифтае доранд ва ҳар кадом ҳоҷатхонаи алоҳида надоранд. Мушкили асосӣ барои хонаҳои биноҳои шафати ин нуктаҳо ҳамин аст, ки мизоҷони онҳо, махсусан аз шаробхонаву қаҳвахонаву маркази бозиҳои компютерӣ (ки масту аласту кӯдакони бесаводу шабгарданд) тамоми гирду атрофи биноҳои истиқоматиро барои анҷоми ҳамон кори беодобонаи худ – рост шошидан дар бехи гулу гиёҳу дарахту буттаҳо истифода мекунанд. Мардуми хонаи атроф мушоҳида мекунанд, ки дар онҷо баъди нӯшидану гарм шудан ва ҳам барои мисол вақти интизориҳо ҷавону наврасу галстукдору формадору таксирону студенту навраси бехобу шабгард ҳам худро ба қавле “сабук” мекунад…Ҳолатҳои даст ба гиребон шудани мардум бо ҳамин тоифа ҳам борҳо рух медиҳад.

Як сабаби ин ҳолат агар фаросати кам ва ақлу хиради нокофии он гуруҳи мардум аст, сабаби дигараш ҳамин аст, ки мо вақти кушодани нуктаҳои тиҷоратӣ, вақти муваққатан барои истифода гирифтани  бино ва ё нуктаи иҷора, вақти додани иҷозатнома ва реҷаи корӣ — ба дигар паҳлуҳои фаъолият аҳамият медиҳему ба будан ва ё набудани халоҷо, нуқтаи алоҳидаи дастшӯйӣ, риояи талабот ва қавоиди ҳатмии беҳдоштӣ тамоман таваҷҷӯҳ намекунем…Мушкили дигар ҳамин аст, ки баъзе биноҳоро ҳар гунае, ки соҳибкор хостааст, меъмории онро тағир додааст, дару тирезаҳои онро дигар кардаву барои худашу пулкоркунӣ мувофиқ кардааст, аммо ҳамин масъалаи ҷиддиро ба назар нагирифтааст. Дар натиҷа нуктаҳои нав ва ё баъзе қисмати бино аз халоҷои асосӣ, ки аксаран дар як кунҷи иншоот аст, дур мондааст ва барои мисол, табиист, ки як масту аласт ҳеҷ вақт ба онҷо намеравад ва ё шояд рафта натавонад. Аксарияти соҳибкорон, ки барояшон асосан нархи иҷора муҳим аст, албатта ин паҳлуи маъаларо намепурсанд ва ҳатто шояд зарур ҳам нашуморанд. Шояд намедонанд, ки ходими мағозае, ки дар бинои ӯ иҷоранишин аст, аз сабаби он, ки мисли наврасону ҷавонони беодоб ин корро дар кӯча анҷом дода наметавонад, ҳатман дари сокинони каме барояш ошношударо аз ҳамон ҳудуд мекӯбад… Барои ҳамон соҳибкору соҳиббино ин айб аст, бовар кунед….

Вале касе, мақомоте, сохторе, хадамоте, нозироте….бояд ҳатман ин масъаларо пайгирӣ кунад ва пурсад, ба ёди соҳибкорон биёрад, ки варианти беҳтари ҳалли ин масъалаи муҳим кадом аст? Наход дар ин самт ягон дастуру санади ҳуқуқӣ, қоида ва тартиби мушаххасе набошад?

Варианти бо гулу гиёҳ ва симтурҳо печида будани биноҳо як вақт аз ҳамин ҷиҳат бартарӣ дошт, ки масту аласту беақлу бефаросатҳо ба он ҳудуд ворид шуда наметавонистанд. Ҳоло бошад, онҳо ҳатто то таги балкони ошёнаҳои аввал меоянд…

Бинед, ки ҳамин ҳолатеро, ки аксаран шабҳову баъзан ҳатто рӯзона барои мисол, як ронандаи таксӣ дар вақти интизори мусофир будан роҳат ва бепарво, комилан нашармида аз мардуме, ки шояд дар фасли гармо дар балконҳои худ нишстаанд, аз мошинаш поин шуда, чун ҳайвоне бехи дарахту таги тирезаҳои мардумро барои қазои ҳоҷат истифода мебарад.  Маълум аст, ки ӯ ҷойи дастшӯйи ва шояд фаросати дастшӯйиро надорад ва бо саду як каси дигар салом мекунаду бо дӯстони дигарашу мусофиронаш вақти нақли кадом қиссаи аблаҳонаи худ “панҷро даҳ мекунад”. Илова бар ин бӯйи бади ҳамин амал ва доғҳои айёни он  боз ҳам дар фасли гармо мардумро нороҳат мекунад.

Як вақт як ҳамсӯҳбати мо, ки аз бемории қанд ранҷ мекашид, нақл кард, ки барои ӯ кору навбатдорӣ дар маркази шаҳр чӣ гуна душвор аст. Сабаби ин вазнинии кору фаъолияташ не, балки набудани халоҷо аст. Воқеъан ҳам, агар аҳамият диҳем, дар роҳу майдонҳо пайдо кардани як ҳамин гуна нукта душвор асту баъзан ҳатто номумкин. Барои беморони қанд, ки тез-тез ба онҷо мераванд, хеле душвор будааст. Ҳамон ҳамсӯҳбати мо нақл кард, ки дар ҳолати пеш омадани зарурат ҳатман сӯйи коргоҳу вазоратхонаҳое, ки дар ҳамон наздикиҳо аст, медавидааст…Дигар илоҷ нест охир….

Вале мардуми одӣ шояд шарм дорад, ки дари коргоҳу муассисотеро кӯфта, хоҳиш кунад, ки онҳоро ба халоҷои коргоҳашон  роҳ диҳанд. Ва кафолат ҳам нест, ки дарбон ба ин чиз розӣ шавад….

Мушоҳидаи дигар ҳамин аст, ки аксарияти коргоҳу муассисот новобаста аз шакли моликият барои роҳбарон халоҷои алоҳида ва бо қуфлу калид дораду барои мардуми ба қавле оммӣ халоҷои аксаран беобу бе қоғази ифлоси алоҳида. Ман ростӣ намедонам, шояд ки ин аз рӯйи кадом талаботу регламенти дохилӣ бошад, вале факт ин аст, ки аксарияти ҳоҷатхонаҳои умумии ҳатто коргоҳу муассисоти бонуфуз ҳам ифлосу вайронаву беобу беқоғазанд…

Чанд сол пештар вақте ман аз забони намояндагони ким-кадом созмони байналмиллалӣ шунида будам, ки онҳо барои мардуми деҳот ва мактабҳои алоҳидае халоҷо месохтаанду намунаи биологии онро пешниҳод мекардаанд, ростӣ зиқ ҳам шудам. Ҳоло онҳо дар бораи мо чӣ фикр мекунанд, наход мо ин корро худамон анҷом дода натавонем, наход барои таъмири халоҷо ҳам проекту грант даркор бошад? Охир ин ба табъу завқ, ба покизагиву нафосат, ва ба  тозагии ботинии ҳар шахс вобаста аст. Дар коргоҳ агар баъзе супоришҳои роҳбаратонро ҳам иҷро накунед, дар халоҷо шумо дигар ҳатман талаботи будан дар он ҷоро бояд риоя кунед, тозагиро бояд риоя кунед, барои шароити беҳтарин бояд ҳатман талош кунед, садо боло кунед ва саъй намоед. Ин ҳамин гуна ҷо аст, ки тозагии онҷо ба сиҳатии шумо ва кормандони дигаратон зич алоқаманд аст. Аммо мушкили набудани халоҷои сайёр ё ҳоҷатҳонаҳо дар ҷойҳои серодам ҳамоно боқӣ мемонад…Дар чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки мушкили халоҷо барои сайёҳону ҷаҳонгардоне, ки бо шоҳроҳҳо ҳаракат мекунанд, то ҷое ҳал шудааст. Баъзе ҳамин гуна нуктаҳо дар шафати роҳҳои байналмиллалӣ пайдо шудаанд. Масъалаи покизагии онҳо, таъминот бо об, нигоҳубини онҳо ин аллакай мавзуи дигаре аст…

Рост аст, ки баъзе наврасону ҷавононе, ки ҳамин кори беодобонаро дар кӯчаву ҳар куҷои дигари шаҳр метавонад анҷом диҳад ва аз он на эҳсоси шарм мекунаду на тарс, мушкили саводу равон ва ахлоқ доранд. Зеро инсони комил ин корро ба ҳеҷ ваҷҳ дар кӯча анҷом намедиҳад. Илова бар ин мардуми мусалмон ин корро ҳатман нишаста (на рост!), дар ҷойи махсуси аз назарҳо пинҳон ва бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ ва инсонӣ анҷом медиҳад.

Ин мавзӯъ то ин ҳад содда нест, ки аксарият ҳоло фикр мекунанд. Бисёр чиз — сар карда аз табъу завқ, пешгирии бемориҳо, сиҳатии мардум, барангезандаҳои маризиҳо ва чанд чизи дигар аз будани ҳамин гуна нуқтаҳо, тозагии онҳо ва риояи талаботи беҳдоштӣ вобаста аст. Дар хонаҳо ҳам ҷавобгӯ ба талаботи беҳдоштӣ будани халоҷо нишони фаросати баланду поктабиатии шумо аст.

Бо пеш рафтани илму шуури инсонҳо дар самти халоҷо ҳам идеяҳои ҷолибу тарҳҳои ғайриоддӣ ба миён омаданд. Барои мисол, олимони белгиягӣ ба хотири он, ки инсонҳо тӯли зиндагии худ, қариб як солро дар халоҷо мегузаронидаанд, дизайни фарқкунанда, халоҷо бо аудиокалонкаҳо, манбаи нури инфрасурх, системаи пошдиҳии хушбӯйиҳо, танзиму идораи рӯшноӣ ва ҳатто унитазҳоеро фикр кардаанд, ки дар ҳоли бемор будани шумо ва мушоҳидаи нишонаҳои кадом маризӣ рафтан ба қабули духтурро бароятон тавсия медиҳанд.  Ин мавзӯъ ба дараҷае муҳим аст, ки соли 2001 дар Сингапур, конфронси байналмиллалӣ бахшида ба мавзуъи беҳдошт дар халоҷо баргузор шуд. Ҳамон ҷо ҳатто Созмони Ҷаҳонии ҳоҷатхонаҳо ташкил шуд, ки ҳама сола саммиту нишастҳои худро баргузор мекунад. 19-уми ноябр бошад, ҳатто рӯзи ҷаҳонии халоҷо аст.

Ҳоло аввалтар аз ҳама бояд ҳамин гуна нуқтаҳо бештар бошанд, ишораҳои мушаххаси байналмиллалие дошта бошанд, ки барои ҳама фаҳмо шавад. Баъди ин кори мушкили дигаре, ки мардум, ҷомеа ва ҳама бояд анҷом диҳанд — ба онҷо рафтану истифодаи дурусти он ҷойҳоро омӯзанидан ба ҳамон гурӯҳи мардуме аст, ки ҳоло бехи дарахту таги балкони баландошёнаҳоро ҷойи мувофиқ барои ин кор медонад. Ин албата кори осоне нест…

Дар Ҷопон  сари ҳар қадам, дар майдончаҳои варзишӣ ва бозӣ, дар боғу гулгаштҳо ва дар ҳар стансияи метро ҳоҷатхонаҳо ҳастанд. Ҷиҳати фарқкунадаи онҳо ҳамин аст, ки аксарияти онҳо бо тоблуҳои электронӣ муҷаҳҳазанд ва он нишон медиҳад, ки кадои кобина холӣ аст. 

Ҳолатҳое ҳаст, ки ҳоҷатхонаҳо бо як санъати баланд ва завқи болое сохта шудаанд. Мисли ҳоҷатхонаи бинои операи Вена, ки дар онҷо ҳатто арияҳои опера садо медиҳанд.

Аввалин ҳамин гуна намунаи халоҷо дар Русия дар асри 19 пайдо шудааст. Дар Петербург соли 1871 ҷойҳое сохта шуданд, ки  «ретирадник» ном доштанд. Он як хоначае буд, ки барои гармшавиаш ҳатто печи русӣ доштааст.

Талаботи беҳдоштӣ, сохтмонӣ ва мисли ин ба халоҷо мушаххас аст ва ҳатман бояд риоя карда шавад. Аввалтар аз ҳама он ҷойҳо ҳатман бояд ишора дошта бошанд, мисли он ки дар ҳама ҷо ишораи WC ҳамин чиро ифода мекунад ва мардум ҳатто дар ҳоли надонистани забон ҳам аз ҳамин гуна ишораҳо ин гуна ҷойҳоро пайдо мекунад. Агар ин гуна нуктаҳо бо хати корез ё канализатсия пайваст бошаду оби доимӣ дошта бошад, тамоман хуб мешавад. Дар деҳоту ҳавлиҳо намунаҳои гуногуни кандану сохтани халоҷо мавҷуд аст, ки ҳар кадом бо назардошти замину хоку обҳои зеризаминӣ ва мисли инҳо мавриди истифодаи худро доранд. Ин гуна нуқтаҳо ҳатман бояд аз хонаҳо, анборҳо, обанборҳо ва ҷойҳои омодасозии ғизо дуртар ҷойгир бошанд. Дар иншооти ҷамъиятӣ баландии сақфи халоҷо бояд ба баландии бинои асосӣ баробар бошад. Ин гуна нуктаҳо ҳатман бояд системаи рушноӣ ва ҳавотозакунӣ дошта бошанд. Дар кишвари мо ҳамин талабот аксаран кам мавриди таваҷҷуҳ аст ва риоя намешавад. Таври маъмул системаи ҳавотозакунии ин гуна ҷойҳо, яъне ҳоҷахонаҳо аз системаи тозакунии ҳавои тамоми он бино бояд ҷудо бошад. Атрофи ин нуктаҳо аз рӯйи талабот ҳамтан бояд як ду метр мумфарш бошаду дуртар сабзаву гул шинонида шуда бошад.  Агар дар халоҷои ҷамъиятӣ ҷойҳо барои кӯдакон ва наврасон ба назар гирифта шуда бошанд, боз ҳам хубтар аст. Тамоми ашё барои поккории халоҷо, бо иловаи хушбӯйӣ, маводи антисептикӣ, шӯянда, безараркунанда  ва мисли ин бояд дар утоқи дигарӣ ва ё дар қуттии алоҳида нигоҳ дошта шаванд. Гузашта аз ин онҳо ҳатман ҳуҷҷат дошта бошанд, ки муҳлати истифода доранд ва безараранд. Фарши халоҷо бояд аз масолеҳе сохта шуда бошад, ки шустани онҷоро бо обу маводи безараркунанда имконпазир ва осон кунад. Дар баъзе ҳамин гуна нуқтаҳои пулакӣ чанд кас ба қавле кор мекунад, ки ин ҳам барои нигоҳдоштӣ тозагӣ дар он ҷойҳо муҳим ва зарур аст. Дар ин нуқтаҳо, махсусан дар фасли гармо бояд маводи безараркунанда, доруҳои несткунандаи пашшаву ҷонварони дигар истифода шавад. Будани обу собун ва қоғаз дар ин нуктаҳо талаботи аз ҳама муҳими халоҷо аст.

Агар аз он чӣ ки ба беҳдошт иртибот дорад, бигзарему ба паҳлӯйи дигари ҳамин масъала таваҷҷӯҳ кунем, ҳамон беодобии баъзеҳо ҳамзамон маънии онро дорад, ки онҳо аз паҳлӯйи диннии ин ҳолат ҳам бехабаранд. Мо –бачаҳои деҳот ҳанӯз аз айёми хеле хурдсолӣ медонистем, ки рост шоша кардан, хуб нест. Калонсолон мегуфтанд, ки ин кор убол аст ва вақти ин амал ҳатман бояд паст нишаст. Ҳамин мисраҳоро ҳам мо ким-кай азёд карда будем:

 

Дар халоҷо чун нишастӣ, домани худ бар мазан,

Паст биншину магӯ ту ҳеҷ навъе аз калом.

Рӯй суйи Қибла неву пушт сӯйи Қибла не,

Дасти чап бояд ки дорӣ сӯйи Қибла вассалом.

 

Ман ҳоло намегӯям, ки ин ҷавонону наврасон кадом калимоти заруриро, ки дар вақти рафтан ба халоҷо бояд гуфт, сарфи назар мекунанд, ман фақат нигарон аз онам, ки қисме аз наврасону ҷавонони мо на дониши замонавӣ доранду на талаботи дину ойинро медонанд. Наврас ва ҷавонро волидонаш аз замони тифлӣ ва наврасиаш бояд фаҳмонанд, ки чаро тозагӣ дар халоҷо муҳим аст, чаро ҳатман дар халоҷо обу кулуху коғази ташноб бояд бошад, чаро вақти ин амал бояд паст нишаст, чаро либоси кас бояд ба бавл олуда нашавад, чаро дар роҳу кӯчаву пушти бинову кадом ҷойи дигар қазои ҳоҷат раво нест???

Вақте ки одамон ҳатто сагчаву гурбачаи худро барои дар ҷойи махсусе қазои ҳоҷат кардан одат мекунонаду ёд медиҳад, ин гуна беодоб ва ростомезу ҳарҷомез  будани як гурӯҳи мардум (боз ҳам дар шаҳр!) даҳшат нест?

Аз рӯйи ривояте Паёмбари Ислом (с) ба саҳҳобаҳо  гуфтаанд, ки аз шахсе, ки дар роҳи мардум ва дар сояҳое, ки мардум онҷо мешинанд, қазои ҳоҷат мекунад, иҷтиноб кунед, яъне дурӣ ҷӯед, канорагирӣ кунед. Иловатан ҳар наврасу ҷавон бояд аз волидону бузургсолони хонаводааш ҳатман бишунавад, ки бо устухону меваҳо пок сохтани бадан нодуруст аст, дар оби кулу ҳавз бавл ворид кардан манъ аст, дар сурохиҳое, ки онҷо хонаи мурчагону кадом ҷонвари дигар аст, пешоб кардан хуб нест, дар ҷое, ки симҳои барқӣ аст, пешоб кардан хатарнок аст (ҳодисаҳое ҳам будаанд, ки касеро дар ин вақт барқ зада буд!), вақти ба халоҷо рафтан телефону планшетро бурдану онҷо бозӣ кардан хуб нест, чун онҷо пури вирусу микроб буда метавонад ва тугмачаҳои он гаджет олуда мешаванд. Ҳатто дар адабиёти динӣ ҳам омадааст, ки пешоб кардан дар оби кӯлу ҳавзҳо боиси гирифтори ба баъзе бемориҳо, мисли кирм пайдошавӣ мегардад.

Хулоса, волидону калонсолон ҳатман бояд дар ин мавзуъ бо фарзандону наздиконашон сӯҳбат кунанд. Ин мушкил ба назари касе шояд хеле содаву ҷузъӣ аст, вале дар асл хеле муҳимтар аз оне аст, ки мо мепиндорем. Ин аз нигоҳи ман ба саводу ахлоқу инсоният рабт дорад ва аз нуқтаи назар муҳиму заруриву ҳатмӣ аст.  

 

d0a0d0bed181d182d0bed0bcd0b5d0b7d0b8-1

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти