Дарвоқеъ, таътили тобистона тавонистааст, ки як қадар оромиро дар самти гиру дору баҳсу ҷангҳои мактабӣ ва донишгоҳӣ ба миён орад. Шукр, ки чандест дар мавриди ҷангу кордкашии мактабиён ва донишҷӯён дар сомонаҳои хабарӣ наменависанд. Фикр мекунам набудани аксарияти донишҷуёну мактабиён дар шаҳр то ҷое ба ин чиз сабаб шудааст. Сабаби дигар шояд як каме натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву маҷлисҳо ва намоишномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бошад. Аммо ман дар мавриди вохӯрии намояндагони мақомот бо наврасону ҷавонон ва волидони онҳо назари дигар дорам, ки поёнтар ҳатман хоҳам гуфт…
Ман дар биное зиндагӣ мекунам, ки дар наздикии он ҷойи нишасту ҷамъшавӣ ва бозиҳои компютерии кӯдакону наврасон аст. Ҳар рӯз ман чизеро мушоҳида мекунам, ки шояд волидони аксарияти он гурӯҳи наврасон (ва устодони мактабии онҳо ҳам) набинанду надонанд. Ҳамаи он чиз нигаронкунанда, шубҳаовар, боиси таассуф ва ташвиш аст. Шабро дар ҷойи бозиҳои компютерӣ саҳар кардани наврас (ё як гурӯҳи наврасон) магар гапи андак аст? Роҳат ва бе монеа ба машруботу сигор дастрасӣ доштани онҳо магар боиси ташвиш нест? То соати 2 ва ё 3-и шаб дар даромадгоҳи кадом тарабхонаву майхона сари по нишастани наврасон магар оқибати хуб дорад? Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бозиҳои компютерӣ, журналистон, мактабҳои Душанбе, маориф, маркази компютерӣ, маҳалпарастӣ, маҷлиси падару модарон, наврасон, разбор, усули тарбия ва таълим, ҷавонони тиллоӣ, ҷангҳои мактабӣ | Leave a comment »










