Пешниҳод (14)

Дарвоқеъ, таътили тобистона тавонистааст, ки як қадар оромиро дар самти гиру дору баҳсу ҷангҳои мактабӣ ва донишгоҳӣ ба миён орад. Шукр, ки чандест дар мавриди ҷангу кордкашии мактабиён ва донишҷӯён дар сомонаҳои хабарӣ наменависанд. Фикр мекунам набудани аксарияти донишҷуёну мактабиён дар шаҳр то ҷое ба ин чиз сабаб шудааст. Сабаби дигар шояд як каме натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву маҷлисҳо ва намоишномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бошад. Аммо ман дар мавриди вохӯрии намояндагони мақомот бо наврасону ҷавонон ва волидони онҳо назари дигар дорам, ки поёнтар ҳатман хоҳам гуфт…

Ман дар биное зиндагӣ мекунам, ки дар наздикии он ҷойи нишасту ҷамъшавӣ ва бозиҳои компютерии кӯдакону наврасон аст. Ҳар рӯз ман чизеро мушоҳида мекунам, ки шояд волидони аксарияти он гурӯҳи наврасон (ва устодони мактабии онҳо ҳам) набинанду надонанд. Ҳамаи он чиз нигаронкунанда, шубҳаовар, боиси таассуф ва ташвиш аст. Шабро дар ҷойи бозиҳои компютерӣ саҳар кардани наврас (ё як гурӯҳи наврасон) магар гапи андак аст? Роҳат ва бе монеа ба машруботу сигор дастрасӣ доштани онҳо магар боиси ташвиш нест? То соати 2 ва ё 3-и шаб дар даромадгоҳи кадом тарабхонаву майхона сари по нишастани наврасон магар оқибати хуб дорад?  

Мо албатта талошу кушишҳоро барои низом ва тартиб дар ин самт эҳсос мекунем, ман ҳам мебинам, ки баъзе тадбиру чораҳо руйи даст гирифта мешавад, ман шахсан дар вохӯрие, ки дар яке аз мактабҳои шаҳр баргузор шуда буд, ширкат доштам… Вале, чаро таҳрики ҷиддие дар ин самт мушоҳида намешавад? Чаро ҷарима ҳам волидонро шаб ба суроғи фарзандони наврасашон намебарад? Чаро толору марказҳои чиркину ифлоси компютерӣ, ки макони дашномҳои болохонадор ва алфози қабеҳи наврасони оворагард аст, баста намешаванд? Чаро ҷангу баҳсҳои мактабхонону наврасон аз миён намеравад? Чаро барои фурӯши сигору машрубот барои наврасон маҳдудияти қатъӣ ҷорӣ намешавад?

Биёед, аввалтар аз ҳама фикр кунем, ки чӣ чиз ба ҳамин раванд таъсир кардаасту мусоидат намудааст? Сабабҳои ин ҳолат чӣ аст?

  • Таъсири ҷанг ва аз тарбия дур мондани волидони ин гуна наврасон. Афсус, ки тадқиқоти густурда ва омори ҷиддӣ дар ин самт вуҷуд надорад, ки волидони ин гурӯҳи наврасони оворагарду ҷинояткору шабгард, махсусан падарони онҳо чӣ баромади иҷтимоӣ, таҳсилоту зиндагиву кору бор доранд? Чӣ умумияте миёни ин наврасон ва падарони онҳо мавҷуд аст? Волидони онҳо, махсусан падаронашон (агар ҳастанд) чӣ қадар донишу фаҳмишу саводу таҷрибаи кору зиндагӣ доранд? Оилаи онҳо аз кадом гурӯҳи мардумон иборат аст ва таъсири кӣ дар он оила ба ин гурӯҳи наврасон бештар расидааст ва ё мерасад? Баъзан шахс ба ҳамин хулоса меояд, ки тарбияи ин гурӯҳи наврасонро аввалтар аз ҳама бояд аз тарбияи волидони онҳо сар кард…

 

  • Таъсири шахсиятҳои доро, сарватманд ва гаронвазн ба атрофиён. Ба назари инҷониб ба ин гурӯҳи наврасон, ки аксаран бедониш ва бесаводанд (бояд фаромӯш накард, ки меъёри савод дар асри 21 зинҳор фақат хондану навиштан нест!), фарзандони ашхоси доро, наврасони “тиллоӣ” ва гурӯҳе аз ҷавонони дар сояи давлати падару тағову бобоҳо даврон дошта таъсир мекунанд. Афсус, ки ин ҳоло таъсири хуб нест! Наврасони мавриди назари мо, ки фикри шахсии худро надоранд, дар оила ба андешаву нуқтаи назари онҳо аз аввал таваҷҷӯҳ набудааст, ба дигарон аксаран монанд будан мехоҳад, тақлиди кур-курона мекунанд, аксаран арзишу муқаддасотеро назири модару падар, калонсолону пирон, дӯстиву рафоқат ва мисли ин намешиносанд ва эҳтиром надоранд. (Мушоҳида кардаед, ки ин гурӯҳи наврасон аз шиносоӣ бо ҳамин гуна бачаҳои машҳур ва аз оилаи мансабдорон хеле фахр мекунанд, имтиёз медонанд ва онро як навъ бартарӣ аз дигарон ҳам меҳисобанд!?) Наврасе, ки номаш на як бору ду бор ба бадӣ баромадаст, магар дар бораи обу рӯи волидонаш фикр кардааст ё мекунад? Не, албатта! Маълум аст, ки ӯ ҳатто падару модари сарватманду вазифадорашро ҳам қадру эҳтиром намекунад. Ба ҳар сурат ба назари мо – “камбағалон” ҳамин гуна мерасад…

 

  • Маҳалпарастӣ ва таъсири маҳал миёни ин гурӯҳи наврасон ва ҷавонон. Боз ҳам афсус, ки мо дар даст омори санҷидашудае надорем, ки ин гурӯҳи наврасон дар мавриди зодгоҳ чӣ назар доранд, бештар ба кадом шаҳру навоҳӣ бартарӣ медиҳанд? (афсус, ки воқеъият ҳамин аст ва онҳо бартарӣ ҳам медиҳанд!) Ба андешаи инҷониб дар замири навраси бесавод ва оне, ки ҳоло ба қадри арзишҳои аслӣ намерасаду гирди идеяи ягонаи миллӣ муттаҳид нест, парваридани дилхоҳ зуҳурот, аз ҷумла маҳалпарастӣ (ва ҳам бадбинии зодагони минтақаҳои дигар, муҳассилини макотиби дигар, намояндагони динҳои дигар, сокинони давлату кишварҳои дигар ва ғ.) кори саҳлу осоне аст ва онро шояд гурӯҳи манфиатдоре барои ҳадафҳои нопоки худаш амалӣ мекунад.

 

  • Адами ҳамоҳангӣ дар кору фаъолияти мақомоти мухталиф ё ба умеди ҳамдигар шудан. Ҳарчанд маълум аст, ки ҳар сохтору коргоҳу муассиса, ки ба наврасону ҷавонон сари кор дорад (монанди ВАО, мактабҳо ва муассисоти дигари таълимӣ, нозирони минтақавӣ ва шуъбаҳои корҳои дохилӣ, кумита, раёсат ва шуъбаҳои кор бо ҷавонон, комиссияи кор бо ноболиғон, кумитаи занон ва оила, вазорат ва шуъбаҳои маориф…) самти мушаххаси фаъолият, салоҳият ва назорати худро доранд, хулоса кардан мумкин аст, ки бештар шудани ҷинояткорӣ аз суйи наврасон шояд як андоза ба набудани ҳамоҳангии фаъолияти он мақомот ва ё ба кӯҳна шудани усули кору фаъолияти онҳо вобаста бошад. Ҳоло вақте мешунавам, ки устодону волидон дар мавриди нақши бештари худу дигарон дар тарбияи наврасон суҳбат мекунанд, мебинам, ки онҳо масъулиятро ба дӯши ҳамдигарӣ мепартоянд, вақте мушоҳида мекунам, ки тарафҳо бегуноҳии худро исбот карданӣ мешаванду гуноҳро ба души дигарон бор карданӣ мешаванд…., ба хулосае меоям, ки бо ин шакли андешаву ҷустани роҳи ҳал аз мо то ҳалли мушкили наврасони оворагарду ҷиноятпеша роҳест хеле дур ва мушкилгузар. Шояд дустони журналисти мо саволҳоро аз ин ба баъд дигархелтар мегузоранд? Шояд аз сохтани ҳамон гуна барномаҳои радиоӣ ва телевизионии қолабиву камтаъсир (ки ба гумони ғолиб ягон навраси оворагарду ҷиноятпеша онро намебинад ва намешунавад) даст бикашем? Ё шояд вақти он расидааст, ки кумитаи махсусеро (муваққатӣ ҳам ки бошад) барои кор бо ноболиғону наврасон таъсис бидиҳем!?

 

  • Ҷазои на он қадар вазнин, боварӣ барои раҳоӣ аз ҷавобгарӣ ва ифтихори “дуруғин”. Ҳис мешавад, ки санадҳои ҳуқуқии кишвари мо дар заминаи дустдории инсонҳо, эҳтироми шахсият ва як андоза дилсӯзӣ ба кӯдакон, наврасон ва ҷавонон навишта шудаанд. Наврас боварӣ дорад, ки баъди ду се соати пурсишу мушаххаскунӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хонаашон ҷавоб мешавад. Ҷарима ҳам ҳоло ба он ҳадде гарон нест, ки волидони ин гурӯҳи наврасон таъсири онро ҷиддӣ эҳсос кунанд… Агар дар ин самт мисли китоби электронии қайдҳо чизе мавҷуд бошад, ки ҳама гуноҳу кори нодурусти наврасонро аз замони мактабӣ то балоғат онҷо бинависанду онро дар чанд ҳолат (мисли дохилшавӣ ба макотиби олӣ, дарёфти ҷойи кор, имтиёзҳо барои масалан ба гурӯҳи буҷавӣ гузаронидани ӯ) ба назар бигиранд, бисёр аҷоиб мешавад. Яъне, ба ин тарз, ки имрӯз ҷиноят ва ё гуноҳи он наврас тавонад дар идома барои мисол, боиси кам шудани чанд балли ӯ дар имтиҳони дохилшавӣ бошад. Мақсад ин аст, ки ҳамин гурӯҳи наврасон имрӯз дарк кунанд, ки хатои содиркардаву гуноҳҳои ҷамъшудаашон дар идома ба қавли мардум “дарди сарашон” мешавад..  Чизи дигари на он қадар хуб, ки ҳоло мушоҳида мекунам, ин аст, ки ҳамин гурӯҳи наврасон аз он, ки дастгир шуданд, дар шуъбаи корҳои дохилӣ буданд, мавриди пурсиш қарор гирифтанд, баёнот доданд…. як андоза “фахр” ҳам мекунанд (!) Мисли он наврасе, ки  дар муноқишаҳо захм бардоштааст ё изи ҷароҳаташ маълум аст, фикр мекунад, ки обу рӯяш нисбат ба оворагардони дигар бештар шудааст… Аз миён бурдани ана ҳамин мояи дуруғини “ифтихор”, аз байн бурдани ҳамин гуна андеша ва боварҳои наврасони камсавод бояд вазифаи асосӣ барои тамоми мақомоти марбута ва шахсоне бошад, ки бетараф нестанд ва ояндаи ин гурӯҳи наврасон онҳоро нигарон кардааст.

 

  • Пешниҳоди нав бар ивази маҳдудият. Як вакт (замони авҷи бозиҳои пулакӣ) дар казинои Монте Карлои Монако бозиро барои мардуми ҳамон шоҳигарӣ манъ кардаанд. Вале бар ивази ин мардумро аз пардохти андоз аз даромад озод карда будаанд. Соддатар карда гуем, агар шумо аз дасти кӯдаки хурдсолатон барои захмӣ нашуданаш кадом бозичаи хавфнокро гирифтед, бояд бар ивазаш бозичаи дигари бехавфро бидиҳед то гиря накунад ва машғул шавад. Яъне, тартиб ва варианти дуруст (боз ҳам дар шароити камсаводии он наврасону ҷавонон) ҳамин аст, ки дар баробари маҳдудият ва чораҳои дигар (мисли нарафтани то 18 солаҳо ба масҷид, шабона нарафтан ба марказҳои компютерӣ, бо мошин нарафтан ба дарсҳо ва мисли ин) чизе шавқовару ивазкунандаро бояд барои онҳо пешниҳод кард. Зеро маълум аст, ки донишу таҷрибаи кам, надоштани хайёлбофии рангин, надоштани машғулиятҳои фоиданоку манфиатовар ва мисли ин намегузорад, ки онҳо худашон мустақилона чизи шавқовар ва кору машғулияти наву дурусте пайдо кунанд. Шароити нохуб, таъминоти нокифоя ва мушкили равониву молиявию иҷтимоӣ  дар ҳамин гуна оилаҳо бошад, вазъро печидатару ваҳим ва интихоби шоиставу  тасмими дурустро барои наврасон аз ин оилаҳо душвортар мекунад. Агар имрӯз мо барои ҳамин гурӯҳи наврасон чизе пешниҳод карда бошем, пас мушаххас аст, ки нокифоя аст ё шояд дархури завқу шавқи онҳо набудааст…

 

  • Таъсир ва ё бетаъсирӣ аз маҷлис, вохурӣ ва нишастҳо. Мушоҳида мекунам, ки аксарияти ин наврасони ҷиноятпеша ва оворагард аз модарони худ тарси камтар доранд ва ё комилан сари тарс надоранд (ки он албатта дар заминаи камсаводии худашону беэҳтиромӣ нисбат ба модарон ба миён омадааст!) Сабабҳо ҳам метавонад, ки мухталиф бошад: падар бемори бистарӣ аст, падар дар қайди ҳайёт нест, падар дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, падар аз модар ҷудо шудаву зиндагии алоҳида дорад, падар шаробиву бекору беаҳамият (ва ҳатто бе қурб) аст, падар то шому шабона дар ҷойи кор аст ва мисли ин…Аксаран волидон муаллим ва падару модарони шарикдарсони фарзандашонро дар “маҷлиси падару модарон” мебинанд. Ҳарчанд, ки он маҷлисҳо ким кайҳо боз фақат “маҷлиси модарон” шудааст. Яке аз сабабҳои ислоҳ нашудани ҳамин гурӯҳи наврасон, яке аз сабабҳои афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонони мактабӣ – ҳамин аст, ки падарон, ки нуфузи бештаре руйи фарзандони худ доранд, ба ин маҷлисҳо намераванд, намедонанд, ки фарзандашон чӣ сатҳи донишу чӣ гуна ахлоқ дорад? Модарони ғамхору меҳрубони мо бошанд, аксарият “сирру гуноҳ”-и баччаҳояшонро аз падарашон пинҳон мекунанд… Як чизи хеле содда ва маъмулӣ аст ин, ки оқибати нохубу ҷиддиашро акнун мо сари чанд вақт шоҳид мешавем (Аз суйи дигар шеваи баргузории ин маҷлисҳо ҳам бояд дигаргуна, замонавӣ ва таъсирбахш бошад). Даъват кардани наврасону ҷавонон барои вохурӣ бо намояндагони мақомоти марбута – идея ва варианти хуб аст. Аммо чаро он вохӯриҳо бо ҳамин гуна наврасони оворагард, бекор, ҷиноятпеша ва аз гурӯҳи хавф сурат нагирад? Мисли он ки мо (яъне, журналистон) ҳам ба семинару нишастҳо барои мисол, дар мавзуъи пешгирии нашъамандӣ ё мавзуъҳои дигари монанд даъват мешавем ва онҷо мебинем, ки ҳама мардуми донишманд, китобхон, дорои ахлоқи намунавӣ …ҷамъ шудааст. Онҳо ку ҷинояткору шахсони хавфнок нестанд! Чӣ манфиат дорад ин нишаст барои онҳое, ки одоби намуна доранду дониши хуб ва маълум аст, ки ҳеҷ вакт даст ба кори ношоиста намезананд? Ё шумо фикр мекунед, ки онҳо дӯстони ҳамон наврасони оворагарду ҷиноятпешаанд ва ба қавли мардум  “гапашон ба онҳо мегузарад”?

 

  • Бефарқӣ ва бетафовутӣ шеваи зиндагии аксарият шудааст. Мо ҳатман “хайрият бачаи мо набудааст..” мегӯем, вақте мебинем, ки навраси ношиноси ҷиноткорро дастгир кардаанд, мо осуда мешавем, вақте ки дар ҷараёни кадом рейди мақомот фарзанди мо неву наврасони бегонаро аз кадом маркази компютерӣ ба шуъбачаи милиса мебаранд… Бепарво, бефарқ ва бетафовут будан дар ҳамин гуна ҳолатҳо баробари он аст, ки мо ҳам барои доман паҳн кардани зуҳуроти нохубе, мисли ҷинояткории кӯдакону наврасон замина мегузорем ва ҳатто мусоидат мекунем. Аз суйи дигар, рост аст, ки наврасони камсаводи оворагард ва ҷиноятпеша  ҳоло гӯши насиҳатшунав надоранд, ба ҳар эродатон саду як гапу ҷавобу луқма мегардонанд ва ба гумон аст, ки ишораву эроди шумо онҳоро ислоҳ кунад. Иловатан ба андешаи инҷониб дар ҳамин занҷира ходимони марказҳои компютерӣ, ки худашон аксаран наврасу ҷавону камсаводанд, нозирони минтақавӣ, ки шояд кору бору ташвишҳои муҳимтару бештаре доранд ва вақти кам, соҳибони бинову иншоот, ки барои онҳо аз ҳама муҳим ҳамон пули иҷораи бино аст ва ҳамаи дигарон, ки аз канори ин гурӯҳи наврасон хомӯш мегузаранд низ як андозаву чанд андоза гунаҳкоранд…

 

  • Давраҳои хавф. Нуқтаҳои гирдиҳамойӣ. Марказҳои аз назарҳо дурафтода. Мардум — чӣ хурду наврасу ҷавону бузург, ҳам дар шаҳр ва ҳам дар навоҳиву деҳот ҷойҳои махсуси нишасту ҷамъшавӣ, суҳбат, чақ-чақ, баҳсу ҳазлу шухӣ, бозиву мулоқоту зиёфат дорад. Ин албатта бад нест —  куфти рӯзи кориро мебарорад, табодули андеша сурат мегирад, муҳаббат зиёд мешавад, мушкили касе осон ва хоҷати касе бароварда мешавад. Аммо дар мавриди “точка”-ҳое, ки наврасон аз гурӯҳи хавф онҷо чамъ мешаванд, намешавад, ки хулосаи болоиро гуфт. Барои мисол, аксарияти марказҳои компютерӣ (махсусан дуртар аз маркази шаҳр) ҳоло макони дашному ҳақоратҳои болохонадор ва бемисли наврасон, ҷойи тарғиби навору бозиҳои даҳшатфикану саҳнаи бозиҳои қатлу куштор, ҷойи ба сигору машруботу бадахлоқӣ одат кардани наврасон аст.
    Як вақт мо фикр мекардем, ки агар ҳамон нуқтаҳои саррофӣ набошанд, корафтодаҳо азоб мекашанд, вазъи молиявӣ нохуб мешавад, қимматӣ фаро мерасад, бозори сиёҳи пулфурушӣ авҷ мегирад… Вале акнун мебинем, ки ҳам дигар онҳо, ки саду як сиру асрору ҳиллаи пасту баланд кардани қурби асъорро доштанд, дигар нестанд ва ҳам ҳоло вазъият дар ин самт хеле хуб аст. Мисли ҳамин ҳоло касе ё гурӯҳе шояд фикр мекунад, ки агар ҳамин марказҳои компютерӣ набошанд, ё буҷаи шаҳру кишвар касод мешавад, ё ӯҳдадории андозӣ иҷро намегардад ва ё миллион кас бе ҷойи кор мемонад?! Акнун худатон фикр кунед, вақте ки ҳама ҷо пур аз wi-fi ва  интернет аст, вақте ки ҳоло ҳама компютеру смартфону ноутбуку планшет доранд, ҳамаи мактабу муассисоти таълимӣ як ё якчанд синфхонаи компютерӣ доранд, вақте ки ҳатто  телефону телевизорҳо чандин бозиву барномаҳои дилхушӣ ва саргармкунанда дорад….чӣ даркор аст, нигоҳ доштани марказҳои чиркину бетартиби бозиҳои компютерӣ, ки аксаран ҷойи ҷамъшавии наврасони оворагард ва бекору бепул аст?  Ё агар будани онҳо ногузир аст, чаро онҳоро ба биноҳои маъмурӣ ва беҳтаре, мисли китобхонаҳо накӯчонем? Боварӣ дорам, ки агар ҳама марказҳои бозии компютериро ба бинои китобхона, идораҳои фарҳангу мисли инҳо кӯчонем ва реҷаи корашонро бо вақти кории он коргоҳҳо  мувофиқ кунонем, якбора чанд кори савобу хуберо анҷом медиҳем – ҳам онҳо китобхона ё ҷойи дигари фарҳангиро мебинанду  ошноӣ пайдо мекунанд, ҳам дигар ҳақорату дашномаҳои бебаркаш дода наметавонанд ва ҳам соати 18 бо анҷоми кор дар он бино, дари ин маркази компютерӣ ҳам баста мешавад ва наврасон мераванд ба хонаҳои худ! Иловатан бояд мушаххас кард, ки давраҳои наврасони оворагард ва як бору ду бор ҷиноят содир карда,  дар заминаи чӣ ташкил мешавад, чӣ чиз онҳоро муттаҳид мекунад ва ҳар шом ба ҳамон ҷо меорад? Шумо миёни бозиҳои гурӯҳии компютерӣ дар он марказҳо ва ҷанҷолу занозании гурӯҳии мактабиён дар кӯча вобастагӣ ва умумиятро пай бурдед? (!)

Ҳоло аз он ки ҷинояткории наврасон нест нашудаву рӯ ба афзоиш аст, тахмин кардан мумкин аст, ки ҷаримаи волидон, маҳдудият дар кори нуқтаҳои бозии компютерӣ, сӯҳбат бо лидерони мактабҳо, ба шуъбачаҳо бурдани наврасони оворагард ва тариқи ТВ нишон додани онҳо натиҷаи дилхоҳ надода истодааст… Дар сомонаи “Осиёи кушода” вобаста ба ҷинояткории наврасон дар кишвари мо оварда шудааст, ки дар тӯли 10 соли охир (сар аз соли 2007) наврасон дар Тоҷикистон 4,5 ҳазор дуздиву ғорат, 51 ҷинояти барои сиҳатӣ хатарзо, 26 ҷинояти таҷовуз ба номус, 34 ҷинояти ба маводи муходира вобаста, 1 ҳолати нигоҳдории яроқ ва 27 ҷинояти куштор анҷом додаанд. (http://theopenasia.net/articles/detail/infografika-podrostkovaya-prestupnost-v-tadzhikistane/)

Ҳоло фикр дорам, ки ин чанд банди боло ҳанӯзам пурра набуд ва сабабу омилу фактор дар ин самт шояд бештар аз инҳост. Акнун биёед, меандешем, ки чӣ бояд кард? Мо чӣ роҳу усулро барои наҷоти наврасону ҷавонони бекору оворгард, кам ва нест шудани ҷинояткории наврасон, метавонем, ки фикр кунем ва амалӣ созем?

Агар ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки ҳамин гуна ҳолат (яъне, афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасон) дар онҷо ҳам як вақт мавҷуд буда, боиси нигаронӣ шудааст ва онҳо барои рафъи ин ҳолат аз чораву усулу роҳу вариантҳои дар баъзе мавридҳо тамоман ғайриоддӣ истифода бурдаанд. Барои мисол, мешавад, ки варианти пробатсия (зери ҳидояту назорати кормандони хадамоти пробатсия гузоштани наврасони ҷиноятсодиркарда ва ё душвортарбия), ба кори мавсимӣ ва доимӣ ҷалб сохтани он наврасон, додани имтиёзҳо дар таҳсилу машқу тамрин ва истироҳату фароғат, мулоқот ва гуфтушунид бо аъзоёни гурӯҳҳои мухталиф, ҷалби рӯҳониён, хешу табори ин гурӯҳи наврасон ва кормандони идораҳои хифзи иҷтимоӣ, маҳдуд кардани харид ва истифодаи сигору машрубот барои наврасону ҷавонон, дигар кардани сохтор, тарзу усули таълим ва тарбия дар боғчаҳо ва мактабҳои ибтидоӣ, ташкили марказҳои рӯзона барои наврасону ҷавонон аз шумори ҳамон усулу роҳҳо аст. Як вақт дар Сингапур барои нест шудани ҷинояткорӣ миёни наврасон нахуствазири он давлат Ли Куан Ю  роҳи аҷиберо истифода кардааст: Онҷо бар гурӯҳҳои ҷиноятӣ бо роҳи ҳабси аъзоёни он гурӯҳ баъди шоҳидии пинҳонӣ ва махфии се нафари фақат ба ҳукуматдорон шинос ва ошкор ғолиб омадаанд. Бе кадом тафтишот ва суд агар се кас шоҳидӣ медод, ки он наврас ҷиноят содир кардааст, фавран ду сол пушти панҷара мерафт. Баъди ду сол шурои назоратӣ ба хулоса меомад, ки он наврасро ба озодӣ рухсат бидиҳад ё не?! Ин гуё аз руйи як мақоли тоҷикӣ — “дарди бадро давои бад” буд…

Бо назардошти он чизе, ки болотар овардам, ин навбат ПЕШНИҲОД мекунам, ки:

  • Ҳамаи марказҳои бозии компютерӣ агар воқеъан ҳам ба тамоми талаботи андозиву беҳдоштӣ ҷавобгӯ ҳастанду замина барои пурра баста шудани онҳо мавҷуд набошад, ба бинои китобхонаҳо ва муассисоти дигари фарҳангӣ кучонида шаванд ва реҷаи кори онҳо ба реҷаи фаъолияти он муассисаи давлатӣ мутобиқ гардонида шавад;
  • Ҷаласаҳои волидон, ки дар мактабу муасисоти дигари таълимӣ баргузор мешавад, фақат бо ширкати ПАДАРОН (ё амакҳову тағоҳо, хулоса мардон!) баргузор шавад; (ё беҳтараш бо ширкати ҳардуи онҳо сурат бигирад)
  • Наврасони мактабхони ҷиноятпеша ва оворагард, ки бо муҳассилини макотиби дигар ҷангу низоъ мекунанд, бо фармони идораҳои маориф ба ҳамон мактаб (ки бо муҳассилини он ҷангу ҷанҷол кардаанд) барои идомаи таҳсил интиқол дода шаванд. Ин вариант ба назар содда намояд ҳам ба гумони ғолиб натиҷабахш хоҳад буд;
  • Базаи электронии ахлоқу интизоми наврасон таъсис дода шавад. Маълумотро ба он база намояндагони ҳамаи сохторҳое, ки ба наврасону кӯдакон сари кор доранд (бо шарти дастрасӣ надоштанашон барои ҳазфи он маълумот!) метавонанд, ворид кунанд. (Сохтани он база ва нигоҳдории он бо имконоти техникии имрӯз мавҷуд буда, кори хеле осон ва камхарҷ аст) Барои ҳар наврасе, ки ҷиноят содир кардааст, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст ва ё пайваста ин корро мекунад, дар он база ишораҳо ва сабт ворид карда шавад. Ин база, ки бояд барои ҳама дастрас ва кушода бошад, чун ойина барои ҷомеъа (мақомот, корфармо ва нафарони хоҳишманд) хизмат хоҳад кард. Агар соддатар карда гуем, ҳар кас имкон хоҳад ёфт, ки дар бораи нафари мавриди таваҷҷӯҳаш аз он база маълумот пайдо кунад.

Воқеъан ҳам ҷойи нигаронӣ дорад, вақте ки шумори наврасон ва ҷавонони ҷиноятпеша, бекор ва оворагард бештар мешавад. Сабаби асосии ҳамаи инро фақат дар камбудиву норасоӣ ва усулҳои таълиму тарбия, яъне дар маҷмуъ дар  маориф бояд ҷуст. Шояд фурсати он аст, ки онҷо ислоҳоти дигару ҷиддиву ҷавобгӯ ба воқеъияти зиндагӣ ва замон баргузор кард? Шояд усулҳои таълиму тарбияро дигар, фарқкунанда ва замонавӣ бояд кард? ( Онҳое, ки дар ин самт кор мекунанд, шояд бо ин андеша розӣ нашаванд, вале вақте ман мебинам, ки наврас ё ҷавон дар 3 моҳи курси пулакии англисӣ берун аз мактаб он забонро меомӯзаду дар 7-8 соли таҳсил дар мактаби миёна не, бовариам ба он қавитар мешавад, ки усулҳои таълим (ва тарбия)  ба ислоҳот, навоварӣ ва дигаргунии куллӣ ниёз доранд)
     Ман ҳамеша ба ин назар ҳастам, ки аз шахси яроқдор дида, барои ҷомеа ва инсонҳои дигар шахси бесавод хавфноктар аст. Ҳоло ҳам, ки он қадар дер нашудааст, биёед аз боғча сар карда усулҳои шоиста ва нави таълиму тарбия, усулу роҳҳои мутобиқ ба шароити имрӯз ва хоси худамонро фикр кардаву дар амал татбиқ мекунем. Ва агар ин кор бароямон душвор аст, биёед, лоақал дар мавриди аввал нисбат ба насли наврасу ҷавон (ҳам худиву ҳам бегона) бефарқу бе аҳамият набошем…

 

чинояткории наврасон

Акс аз сомонаи https://kokshetau.asia

 

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти