Пешниҳод (14)

Дарвоқеъ, таътили тобистона тавонистааст, ки як қадар оромиро дар самти гиру дору баҳсу ҷангҳои мактабӣ ва донишгоҳӣ ба миён орад. Шукр, ки чандест дар мавриди ҷангу кордкашии мактабиён ва донишҷӯён дар сомонаҳои хабарӣ наменависанд. Фикр мекунам набудани аксарияти донишҷуёну мактабиён дар шаҳр то ҷое ба ин чиз сабаб шудааст. Сабаби дигар шояд як каме натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву маҷлисҳо ва намоишномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бошад. Аммо ман дар мавриди вохӯрии намояндагони мақомот бо наврасону ҷавонон ва волидони онҳо назари дигар дорам, ки поёнтар ҳатман хоҳам гуфт…

Ман дар биное зиндагӣ мекунам, ки дар наздикии он ҷойи нишасту ҷамъшавӣ ва бозиҳои компютерии кӯдакону наврасон аст. Ҳар рӯз ман чизеро мушоҳида мекунам, ки шояд волидони аксарияти он гурӯҳи наврасон (ва устодони мактабии онҳо ҳам) набинанду надонанд. Ҳамаи он чиз нигаронкунанда, шубҳаовар, боиси таассуф ва ташвиш аст. Шабро дар ҷойи бозиҳои компютерӣ саҳар кардани наврас (ё як гурӯҳи наврасон) магар гапи андак аст? Роҳат ва бе монеа ба машруботу сигор дастрасӣ доштани онҳо магар боиси ташвиш нест? То соати 2 ва ё 3-и шаб дар даромадгоҳи кадом тарабхонаву майхона сари по нишастани наврасон магар оқибати хуб дорад?   Читать далее →

ИЗХОРОТИ рохбарони ВАО ва созмонхои журналистии Точикистон!

ш.Душанбе                                                                                       

27-уми сентябри с.2010 

Мо, рохбарони воситахои ахбори оммаи мустаќил ва созмонхои журналистии Точикистон аз амали рохбарияти Вазорати мудофиаи Точикистон, ки бо пахши чандинкаратаи як барномаи Маркази матбуотии вазорати мазкур тавассути шабакахои давлатии телевизиони кишвар шоми шанбе, 25-уми сентябри соли равон сурат гирифт, изхори нигарони намуда, онро ѓайриќонуни, ѓайривоќеи, ѓаразнок  ва берун аз ахлоќи афсари мехисобем. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти