Баъд аз оғози амалиёти низомии ФР мардум ҳарчӣ бештар дар бораи санксияву таҳриму маҳдудиятҳо мешунавад, ки ин ё он кишвари дунё ҷорӣ ва татбиқ мекунад. Фишори иқтисодӣ ва молиявӣ — яке аз он фишангҳое ҳаст, ки кишварҳои дунё муқобили якдигар истифода мекунанд. Кишварҳои дунё наметавонанд гӯянд, ки аз қатъ шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молияашон онҳо зарар намебинанд, мебинанд. Ва акнун таҷриба нишон медиҳанд, ки ҳамин гуна таҳримҳои иқтисодиву санксияҳо на ҳамеша самараи дилхоҳ медиҳанд. Аллакай дар хабарҳо буд, ки чанд бонки русӣ аз SWIFT ҷудо шуданд ва боз ҳам кишварҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки талаб доранд, ки ин хизматрасониро барои ФР пурра қатъ кунанд. Вале мавзӯи сӯҳбати мо дигар аст. Мо мехоҳем дар ин нашр кутоҳ барои шумо маълумот бидихем, ки худи он SWIFT, ки ҳоло ба шумори калимаҳои серистифода ворид шудааст, чӣ аст? Чаро он муҳим аст? Агар набошад, чӣ ҳодиса рух медихад?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: СВИФТ, интиқоли пул, молия, муҳоҷирони корӣ, санксияҳо, системаи миёнибонкӣ, Ҷанги Русия ва Украина, SWIFT | Leave a comment »











