Чунин ба назар мерасад, ки мардуми мо (ва тавре ки мушоҳида мешавад, аксарияти мардуми дунё) шояд аз рӯйи хусусиятҳои ирсӣ, донишу таҷрибаи нокофӣ, саводи сатҳи поин, бефарқӣ ва нафсе, ки доранд, интизор мешаванд, ки кадом рӯйдод, ҳодиса, тағирот, амалу ҳолат ва коре сабаб шаваду онҳо ҳатто дар заминаи хушку холӣ ҳам ба воҳима ва ҳангома роҳ кушоянду манфиати бештаре аз кору фаъолияти худ бардоранд. Дар чанд соли охир ин мардуми бо як азоб соҳиби чор танга шударо гуштфуруш ҳам фиребу ҷабр карду шафтолуфурӯш ҳаму орду равғанфурӯш ҳам. Маълум мешавад, ки дар ҳошияи таҳаввулоти ҷомеъа ва рӯйдоди мухталиф агар ҳар ду ҷониб (ҳам фурушанда ва ҳам харидор!) сатҳи донишу дарку фаҳмиши аз рӯйи меъёрҳои муосир пасту дар қиёс бо ҳамдигарашон баробар дошта бошанд, вазъ ба маротиб печидаву душвортар мешудааст. Яъне, агар як ҷониб (харидор!) фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ва дониши кофии молиявӣ ва иқтисодӣ медошт ва молу маҳсулоти ҷониби дигар (фурушанда!) –ро барои сунъи боло бурдани нархи онҳо, камчину камёфт кардани маҳсулоти ниёзи аввалия ба қавле бойкот мекард, вазъ ба дараҷае, ки имрӯз мушоҳида мешавад, намерасид. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 511, Вазорати тандурустӣ, антисептика, аптека, бемор, доруфуруш, дорухонаҳо, духтур, каронавирус, клиника, маска, моск, пешгирии бемориҳо, тазод, фармасевтика | Leave a comment »










