Чунин ба назар мерасад, ки мардуми мо (ва тавре ки мушоҳида мешавад, аксарияти мардуми дунё) шояд аз рӯйи хусусиятҳои ирсӣ, донишу таҷрибаи нокофӣ, саводи сатҳи поин, бефарқӣ ва нафсе, ки доранд, интизор мешаванд, ки кадом рӯйдод, ҳодиса, тағирот, амалу ҳолат ва коре сабаб шаваду онҳо ҳатто дар заминаи хушку холӣ ҳам ба воҳима ва ҳангома роҳ кушоянду манфиати бештаре аз кору фаъолияти худ бардоранд. Дар чанд соли охир ин мардуми бо як азоб соҳиби чор танга шударо гуштфуруш ҳам фиребу ҷабр карду шафтолуфурӯш ҳаму орду равғанфурӯш ҳам. Маълум мешавад, ки дар ҳошияи таҳаввулоти ҷомеъа ва рӯйдоди мухталиф агар ҳар ду ҷониб (ҳам фурушанда ва ҳам харидор!) сатҳи донишу дарку фаҳмиши аз рӯйи меъёрҳои муосир пасту дар қиёс бо ҳамдигарашон баробар дошта бошанд, вазъ ба маротиб печидаву душвортар мешудааст. Яъне, агар як ҷониб (харидор!) фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ва дониши кофии молиявӣ ва иқтисодӣ медошт ва молу маҳсулоти ҷониби дигар (фурушанда!) –ро барои сунъи боло бурдани нархи онҳо, камчину камёфт кардани маҳсулоти ниёзи аввалия ба қавле бойкот мекард, вазъ ба дараҷае, ки имрӯз мушоҳида мешавад, намерасид. Ё агар ҷониби дигар (фурушанда!) лоақал дониши кофии диннӣ медошт, медонист, ки дар арафаи иду ҷашнҳои лоақал мазҳабӣ ва исломӣ сунъи боло бурдани нарх на фақат хубу шоиста нест, балки ҳатто гуноҳ аст. Ё дар ҳолатҳое, ки мардум ба таҳлука афтидааст, (мисли он, ки имрӯз хавфе аз каронавирус ҳаст) наход як гурӯҳ ҳатто аз ҳамин ҳам манфиат биҷӯяд, ки маводи антисептики ва москро, ки гарони гарон 6 сомонӣ буд, ба таври сунъб камчин кунанду аз фуруш ба тамом бардоранд. Тазод ин аст, ки дар як вақт ҳам тамоми шабакаҳои радио ва телевизионӣ талқин мекунанд, ки мардум аз моску маводи антисептикӣ истифода кунад, ҳам маҳз ҳамин ду чиз дар доруфурушиҳо НЕСТ!!! Инро чӣ гуна бояд фаҳмид? Ин тасмими фақат фурушандаҳои дорухонаҳо бояд набошад, зеро маълум аст, ки дар он бозор як фурушанда ба танҳойӣ, аз пеши худ, натарсида аз оқибати ин гуна тасмим ба таври сунъи наметавонад, ки маводи антисептикӣ ва москро аз фурӯш ба пуррагӣ бардорад. Ба гумони ғолиб, ки ин тасмимро дигарон ва дар ҷойи дигар гирифтаанд.
Аз сӯйи дигар ин ҳолатро на эҳтиёткорӣ гуфтан мумкин асту на сарфакорӣ. Муҳимтарин объекти эҳтиёт ва нигаҳдорӣ дигар ҳамеша ва дар ҳама вазъ бояд ҳамин мардум бошанд, аввалтар аз ҳама мардум бояд барои пешгирии ин вирус лоақал моску антисептики фаровон дошта бошад. Аксарияти доруфурушиҳо, чунин ба назар мерасад, ки мушаххасан интизори ҳолатҳои мудҳиштару ваҳим шудани вазъ (эълони карантину ҳолати фавқулода ва мисли ин!) ҳастанд. Вагарна аз дукони онҳо якбора ғайб задани ин ду маводи хеле соддаву арзон ба чӣ маънӣ аст?
Ҳоло фикр мекунам, ки дар баробари содаву софдил будан, дар қатори дониши ками молиявӣ доштан мардуми мо гузаштаро тез фаромуш мекунад, гуштфурӯши қаллобро ҳам мебахшад, доруфурӯши беинсофро ҳаму ордфуруши ҳангомачиро ҳам. Ҳар касе, ки метавонад, ба ҳар роҳу восита аз мардуми оддӣ ва содда бо қиммат кардани чизе, маводе, маҳсулоте, хизматрасоние охирин тангаҳояшро мегирад. Ва ин мардуми бузург на қоидаи бойкоту нахариданро ёд гирифту на шикоят кардану ба додгоҳ кашонидани мардумони қаллобро. Хеле муттаасифона!!!
Ҳамин гуна ба назар мерасад, ки намояндагони касбу кори мухталиф, мисли доруфурӯшон, ки дар шароити оромӣ ва сиҳатии сартосарии мардум ҳам даромади калон доранд (зеро, фуруши дору ва маводи тиббӣ яке аз тиҷоратҳои сердаромади дунё аст!) интизори ҳолатҳои нохуб, интизори бадбахтии инсонҳо, беилоҷии онҳо, мушкиливу вазъи ногувори онҳо ҳастанд, то киссаҳои худро пуртар кунанд, нархи молу маҳсулот ва хизматрасонии худро баландтар бардоранд ва мисли ин. Соҳибони тиҷорати дору, воридкунандагони маводи антисептикӣ, истеҳсолкунандагони он дар кишвар, соҳибони сеху фабрикаҳои истеҳсоли ин ду маводи арзону муҳими беҳдоштӣ дар ҳошияи хайру савоби мардумони олам, вақте ки сарватмандони дунё миллионҳо доллари худро барои дорувору пайдо кардани даво, барои харидории дастгоҳи нафасдиҳӣ ва мисли ин дода истодаанд, лоақал барои 20 ҳамсинфи фарзанди худашон як донагӣ моск (ки вақти истифодааш то 2 соат аст!) ва 1 тогӣ маводи антисептикӣ медода бошанд??? Худо медонад!
Бадии кор ҳамин аст, ки дар кишвари мо нархи ҳама чизе, ки боло рафт баъди гузаштани воқеаву ҳолати ба он мусоидат карда ё ба сахтӣ ва маҷбурӣ паст мешавад ва ё дигар тамоман поин намеравад.
(Тасаввур кунед, ин камчинӣ дар ҳоле аст, ки ин ду мавод дар кишвари мо истеҳсол карда мешаванд ва ҳам бо мақсади фуруши яклухт ба берун баровардани моск манъ аст! )
Мушкили дигаре, ки мо дорем ба назари инҷониб ҳамин аст, ки аксарияти онҳое, ки тиҷорати калон доранд ва баъдтар қариб ҳамаи фурушандаҳо (махсусан дар бозорҳо!) мардумоне ҳастанд, ки аслан ихтисосҳои аз савдову маркетингу тиҷорату иқтисод дури дур доранд, шояд даҳҳо карат касбу ихтисос ва ҷойи корашонро иваз карда бошанд, на дониши кофии муосир доранду на донишу иттилои дурусту бо далелу саҳеҳи диннӣ. Вагарна чаро ҳангома (овоза, дуруғ воҳима!) мисли мавҷ ҳама ҷоро фаро мегирад (ба ҳамаи онҳо “сироят” мекунад!), вале амалу кори хайр не? Касе ба он “бечораҳо” дар мавриди оддитарин қоидаҳои бозор ва тиҷорат, дар бораи захираву сифати хизматрасонӣ, ҷалби мизоҷону бренду сармояву фоизу қарзу таварруму қурби асъору боз ким чиҳои дигар намегӯяд ва барои ин шояд ҳатто хоҳишу вақту майл ҳам надошта бошад….
Аз суйи дигар беҷазо мондани омилони ҳамин гуна ҳолатҳо аз як тараф агар бовариро ба масъулин коста гардонад, аз суйи дигар замина барои такроран сурат гирифтани ҳамон ҳолату ҳамон сенария мешавад. Мисли он, ки баъди ҳангомаи харидани орду равған кадом мақоме гуфт, ки гунаҳкорону сабабгорони ҳамин ҳолатро кофта истодааст. Баъд дигар ҳама фаромӯш кард пурсад, ки “онҳоро ёфтанд, чӣ ҷазо додаанд, киҳо будаанд, чӣ кора будаанд!? Агар дар як барномаи телевизионӣ онҳоро нишон медоданд, сабаби ин амали онҳо ва аз ҳама асос — фармоишгаронро аз онҳо мепурсиданд, гумонам, ҳоло антисептику моск аз дорухонаҳо ба тамом ғайб намезад!
Ҳамин гуна идома ёбад, (бо истифода аз соддагии мардум, бечорагии онҳо, баъзан ҳатто беилоҷиву баъзани дигар меҳрубонии онҳо!) тахмин кардан мумкин аст, ки соле як чанд бор гӯштфурӯшон “эркагӣ” мекунанд, ордфурушону равғанфурушон хостаҳои худро амалӣ мекунанд, шафтолуфурӯшу тарбузу харбузафурӯш худсарона нархи он маводро ба осмони ҳафтум мебардорад, доруфурӯш Инвокана, Адваир, Рестасис, Новолог, Хумира ва Глибера-ро НЕ, ҳамин моску антисептикро қиммату камчин мекунаду бо асаби мардуми бе ин ҳам аксаран асабиву парешон бозӣ мекунанд.
Ва чизи охир – мо аксаран касбу корамонро, ки аз рӯйи он нон мехурем, дуст намедорем, аз он касб фақат манфиатро меҷӯем, ҳамеша роҳи осону сабуктареро мекобем, ки бо сарфи энергия ва фантазияи камтарин даромади бештар дошта бошем, парвои бегонаҳо надорем (ки мусалмону ҳамватану ҳамсояи моанд), ба он содиқу вафодор нестем, аз маъулияти он касбу ихтисос мегурезем…
Мо албатта шояд садҳо дорусозу духтури донишманд ва вориси ҳақиқии Синои бузургро дошта бошем, ки бо истифода аз фурсат барои ҳама талошу заҳмату меҳнат ба онҳо самимона изҳори сипос мекунам, вале ҳамин лаҳза фикре дар зеҳнам мечархад — ҳоло, ки дари даҳ дорухонаро мегардему як моску як дона шишачаи маводи антисептикӣ намеёбем, шумо боварӣ доред, ки ҳамкурсони ҳамин доруфурӯшу дорусозон пагоҳ дар ҳолати душвориву бемориву кадом эпидемия (Худо наорад он рӯзро!) қасами табибонро пеши рӯ меоранду намегурезанду дар бари мо меистанду хобашонро мекушанду ҷонашонро ба каф мегиранду барои ҳифзи ҷону сиҳатии мардуми оддӣ талош мекунанд….???
PS: Вақте ин сатрҳоро менавиштам, чанд кас дар Фейсбук навишт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвари мо ба хотири ҷавоб гуфтан ба саволу пурсиши мардум телефони ҳамешафаъолеро ташкил кардааст, ки 511 аст. Умедворам, ки масъалае, ки мо болотар дар борааш гуфтем, шояд на як бору ду бор тариқи ҳамин телфон баррасӣ мешавад.

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 511, Вазорати тандурустӣ, антисептика, аптека, бемор, доруфуруш, дорухонаҳо, духтур, каронавирус, клиника, маска, моск, пешгирии бемориҳо, тазод, фармасевтика |










Добавить комментарий