Ман ин маводро чанд рӯз пештар аз Интернет пайдо кардам. Тавре ки онҷо омада буд, ин мавод ё тавсияҳо ба як доктори саратоншиноси ҳинд – Гупта таалуқ доштааст. Намедонам ростӣ, ки дақиқан аз кӣ аст, вале дар онҳо баъзе ишораҳои ҷолиб ва дастури муҳимро пайдо кардам ва бо баргардон аз русӣ онро бароятон пешниҳод мекунам.
Ман аслан мехостам, ки ҳар табибу донишманде, ки истеъдоду донишу саводи кофӣ дорад, таҷрибаи кофӣ касб кардааст, дилсӯзу масъулиятшинос аст, ҳамин гуна саҳифаҳоро дошта бошад, ин гуна тавсияву дастурҳоро барои мардум пешниҳод кунад, то ҳам савобе аз ин амалаш барои ӯ ҳосил шавад ва ҳам касе варианти дурусту санҷидашударо дарёбад, бо он амал кунад ва бо хости Худо шифо ёбад.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: ЗОЖ, Касал, Тавсияҳо, онкология, пешгирии бемориҳо, саратон, табобат, тавсияи мутахассис, тарзи солими зиндагӣ, чораи дардҳо | Leave a comment »









