Бакои зиндаги!

Бахшида ба 80 солагии доктори улуми иктисод, профессор –

Облокул Тошев

Огоз:

            -Инсонхои бузург шабехи ситораанд, ба онхо замони афтиданашон таваччух мекунанд. 

-3 сол аст, ки он донандаи хуби улуми иктисод, доктор ва профессор миёни мо нестанд. Он кас ними умри бобаракати худро барои тарбияи насли чавон сарф карда буданд. Устод дар  чанд муассисаи олии таълимии Точикистон бо эхсоси баланди масъулиятшиноси чанд насли мутахасисро  ба воя расонидаанд. Зери назари у ва бо рохбариашон чандин нафар рисолахои номзади ва доктории худро химоя кардаанд. 12 феврал профессор Облокул Тошев мебоист 80 сола мешуданд… Читать далее →

Либос нишони одамият?

       Давраи донишчуии ман ба охири солхои  90-ум рост омад. Холо хам ба ёд дорам, ки чи гуна аз манзиле ба манзил, аз махаллае ба махалла мекучидем. Дар махаллахои Чашмасор, Рудаки, Гоголь, Фурудгохи кухна, кучаи П. Сулаймони, Тунис, И. Сомони ва  Бадахшон ичоранишин будем. Аз як манзил агар худамон рафта бошем, аз дигараш моро пеш кардаанд: гох хонаашонро фурухтани мешуданд, гохо ичоранишини серпултаре меёфтанд ва гохо ба чои мо, ки чанд чавонписар будем, духтарони зеборо ба ичора мегирифтанд.  Читать далее →

Ман ронанда мешавам! (3)

    Ман акнун чанд руз аст, ки дигар на дар фикри биллиард хастаму на дар фикри «Абрикол»!  Хаёлам хамон  «Starex» — ро дар хатсайри 19 то мактаби ронандагие, ки ман тахсил дорам, худам идора мекунам! Имруз шумораи шунавандахои курси мо аз дируза дида, як нафар камтар буд. Аммо хамсабакон нисбат ба хамдигар кушодачехра ва самимитар буданд, онхое бо хамдигар сухбат мекарданд, ки рузхои кабли хатто бо хам саломуалейк намекарданд. Ва имруз онхо маро «шинохтанд»! Ин баъди он буд, ки ман мавзуи дирузаро накл кардам.  Дустдорони барномаи «Субхи Ватан»  ончо низ ёфт шуданд…  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти