21 марти соли 2011

  Навруз  омад! Иде, ки акнун дар сатхи олам чашнаш мегиранд. Муборак ва фархунда бошад!  Вакти он нест, ки андешахоро нав кунем? Инсонхо аз хар чизе, ки доранду кухна ва фарсуда мешавад,  хаёлам факат хамин андешаро метавонанд, ки нав кунанд, дигар на либосу чихози дигарро! Мухим имруз ва хар рузи дигар навгониро хостан ва дарк кардан аст. Дар миёни нафароне, ки колабро дуст  медоранду аз дигаргуни ва навовари харос доранд, РУЗРОву андешаро НАВ кардан осон нест. Вале ба хар сурат НАВРУЗ бароИ хамаи Шумо МУБОРАК БОШАД!!!  

   Имруз дар мавриди Навруз, хонаи шоирон, дарахти пул, чавонон ва вазифахои хуб, гами модарони араб, футбол ва пул, фигони ЗАМИН, диспечерхои асри 21,   руйхати сарватмандони точик ва миннахои кисаи Гитлер навиштаам.    Читать далее →

20 марти соли 2011

Пагох  НАВРУЗ  аст! Он руз саодату сабзи ва баракат меорад! Мабодо, ки моро дар куча интизор наёбад, мабодо, ки дар хона набошем, мабодо, ки дари хонаву дари диламон баста бошад…

Имруз дар мавриди дару дарвозахои кушода, реклама ва зиндагие навиштам, ки гох бо кулолгариву гох бо чодугари мегузарад.

Читать далее →

Ман ронанда мешавам! (3)

    Ман акнун чанд руз аст, ки дигар на дар фикри биллиард хастаму на дар фикри «Абрикол»!  Хаёлам хамон  «Starex» — ро дар хатсайри 19 то мактаби ронандагие, ки ман тахсил дорам, худам идора мекунам! Имруз шумораи шунавандахои курси мо аз дируза дида, як нафар камтар буд. Аммо хамсабакон нисбат ба хамдигар кушодачехра ва самимитар буданд, онхое бо хамдигар сухбат мекарданд, ки рузхои кабли хатто бо хам саломуалейк намекарданд. Ва имруз онхо маро «шинохтанд»! Ин баъди он буд, ки ман мавзуи дирузаро накл кардам.  Дустдорони барномаи «Субхи Ватан»  ончо низ ёфт шуданд…  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти