Асрори як дили кӯчак ва як дили бузург…

Ман намунаҳои мухталифи муҳаббату дустдориву вобастагиву … ғайраву ҳоказоро дидааму медонам. Дар инсонҳо қатори ақлу фаҳму илму идрок — раҳму шафқат ва дилсӯзиро дӯст дорам. Ман ҳамеша ба ин назар будам, ки инсонҳо новобаста ба он, ки чӣ кору бору машғулияту вазифа доранд, дар баробари хаёлбофӣ ва фантазияи ғайриқолабӣ, ҳатман бояд раҳму меҳрубонӣ дошта бошанд. Албатта бе ин неъматҳо ҳам зистан мумкин аст (садҳо мисолу намунаашро шумо медонед!), вале агар аз онҳо бархурдоред, пас шояд аз инсонҳои баргузидаву назаркардаед…

Духтарам Марҳаборо, ки дар синфи чорум таҳсил мекунад, ман ҳар субҳ ба гимназия мебарам. Соати 14:20 ӯро баъди анҷоми дарсҳои асосӣ гирифта, ба Мактаби амрикоӣ — ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ мебарам. Аз соати 15 то 16:20 ӯ онҷо дарс мехонад. Баъзан дар фосилаи қариб якуним соат ба хона меоям, кадом корҳои худро анҷом додаву вақти рухсати онҳо барои оварданаш меравам. Баъзан пушти дари онҳо ё дохили мошин интизор мемонам…

Имрӯз якбора бо гиряву бо оби дида аз курси забономӯзӣ берун омаданаш ҳайронам кард… «Муаллимаамон ба хориҷа меравад….» гуфт. Ғайриинтизор ман шоҳиди намунаи олии муҳаббату дӯстдорӣ миёни шогирду муаллима мешавам. Гиря гулӯгирам мекунад. Офарин, муаллима Азима, хоҳараки донишманду ҳунарманд, ки тавонистаи дили шогирдро ба даст орӣ, тавонистаи коре кунӣ, ки Марҳабо шуморо на фақат чун як омӯзгор, балки чун ҳамшираву ҳатто баробари модари худ дӯст дорад…

Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (9)

Имруз дар Донишгохи Теннесси охирин ду вохурии мо баргузор мешавад. Аввали бо доктор Чим Стовалл — устоди фанни журналистика ва муаллифи китоби як электрони баргузор мешавад.

Сухбати мо дар аудиторияи аллакай ошно аз он огоз шуд, ки чи гуна айпадро ба китоб ва манбаи иттилоъот табдил бояд дод? Фахмид, ки Стелла — хамгурухи мо аз Молдова аст, устод аввал дар бораи он накл кард, ки чи гуна устохои молдоваги фарши хонаи уро таъмир карда буданд….    Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (7)

Аз руйи одат ман хеле барвакт аз хоб бедор мешавам. Вакте дар Ноксвил соат 5-и  субх аст…  Субхона мекунам. Чи хуб аст, ки холо точирон  дар кишвархои Аврупо ва Амрико ба тамгаи «халол» таваччух мекунанд. Дишаб ман хангоми хариди хасиб ва боз чанд маводи дигар баргашта аз тарчумонамон мепурсидам, ки «дар хакикат хам ин мавод халол аст?». У навиштаи бастабандии гизоро мехонд ва хам аз фурушанда  мепурсид. Дар баъзе  вохурихо чониби мехмондор аз тарчумон ва рохбалади мо мепурсад, ки барои бачахо ба кадом гушт гизо тайр кунем? Ва ман борхо шунидам, ки Леонид аввал дар бораи ман мегуяд. Мо хама намуди гуштро намехурем-ку…. Читать далее →

Либос нишони одамият?

       Давраи донишчуии ман ба охири солхои  90-ум рост омад. Холо хам ба ёд дорам, ки чи гуна аз манзиле ба манзил, аз махаллае ба махалла мекучидем. Дар махаллахои Чашмасор, Рудаки, Гоголь, Фурудгохи кухна, кучаи П. Сулаймони, Тунис, И. Сомони ва  Бадахшон ичоранишин будем. Аз як манзил агар худамон рафта бошем, аз дигараш моро пеш кардаанд: гох хонаашонро фурухтани мешуданд, гохо ичоранишини серпултаре меёфтанд ва гохо ба чои мо, ки чанд чавонписар будем, духтарони зеборо ба ичора мегирифтанд.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти