Субҳ ҳама аллакай дарак ёфт, ки як ҳамватани моро дирӯз дар Прага ғорат кардаанд. Баъди нома ба сафорати Тоҷикистон дар Олмон интизор набудем, ки ба мо дарҳол ҷавоб менависанд. Аз садорат номгӯи ҳуҷҷатҳоро баро тайёр кардани ҳуҷҷати бозгашти Манижа ба ҶТ фиристоданд. Мо онҳоро пагоҳ рӯзи душанбе ҳатман ба Олмон мефиристем. Ним рӯзи мо бо фикру нақшакашӣ ва эҳтимолу пешгӯиҳо гузашт. Имрӯз дар Варшава марафон оид ба дав гузашта истодааст. Роҳҳо аксаран банд ҳастанду нақлиёт бо хатсайрҳои дигар ҳаракат мекунад. Мо қаблан маслиҳат карда будем, ки шаби якшанбе ба сайри шабонаи шаҳри қадимаи Варшава меравем. Ду ҳамроҳи ман тамоман хоҳиши тамошо надоранд. Занги телефонии ман ба утоқи 110 бенатиҷа буд. Ману ҳамхонаам Азамат аз Бишкек роҳ сӯи шаҳри қадима гирифтем… Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гитара, истгоҳ, марафон, мусиқӣ, сафорат, ғоратгарӣ | Leave a comment »










