Субҳ ҳама аллакай дарак ёфт, ки як ҳамватани моро дирӯз дар Прага ғорат кардаанд. Баъди нома ба сафорати Тоҷикистон дар Олмон интизор набудем, ки ба мо дарҳол ҷавоб менависанд. Аз садорат номгӯи ҳуҷҷатҳоро баро тайёр кардани ҳуҷҷати бозгашти Манижа ба ҶТ фиристоданд. Мо онҳоро пагоҳ рӯзи душанбе ҳатман ба Олмон мефиристем. Ним рӯзи мо бо фикру нақшакашӣ ва эҳтимолу пешгӯиҳо гузашт. Имрӯз дар Варшава марафон оид ба дав гузашта истодааст. Роҳҳо аксаран банд ҳастанду нақлиёт бо хатсайрҳои дигар ҳаракат мекунад. Мо қаблан маслиҳат карда будем, ки шаби якшанбе ба сайри шабонаи шаҳри қадимаи Варшава меравем. Ду ҳамроҳи ман тамоман хоҳиши тамошо надоранд. Занги телефонии ман ба утоқи 110 бенатиҷа буд. Ману ҳамхонаам Азамат аз Бишкек роҳ сӯи шаҳри қадима гирифтем…
Ман қариб 10 рӯз аст, ки ба ҳама амалу ҳаракати ин мардум аҳамият медиҳам. Дар пойи касе пойафзоли кӯҳнаву дарида ё чиркин нест. Либоси расмие, ки мо дорем – шиму кастюм, галстук ва пойафзоли корӣ, хеле кам ба назар мерасад. Ҳама озод либос мепӯшанд, ҳатто мактабиёну донишҷӯён ҳам. Аксарият дар дохили нақлиёт рӯзномаву маҷалла мехонад. Чизи дигари бароям аҷоиб ин буд, ки дар Варшава мардҳое, ки сақич хойда истода бошанд, қариб, ки вонахӯрдам. Занҳоро дар ҳоли сақичхои аҳён-аҳён дидам.
Майдони шаҳри қадимаи Варшава серодам буд. Навозандаву сарояндоҳои кӯчагӣ дар ҳар кунҷи майдон ҳунарнамои мекарданд. Касе ба онҳо чанд злот медод ва касе диски онҳоро бар ивази 30 злот, ки ҳудуди 10$ амрикои аст, харидорӣ мекард. Миёни майдон рояли зеборо дидам, ки бо чароғакҳо рӯшан шуда буду а таҷҳизоти садобаландкунӣ пайваст шуда буд. Ҷавоне бо дастпӯшҳои сафед хеле гӯшнавоз мусиқиро менавохт. Ман ҳам гӯш кардам. Баъди анҷомаш ҳама кфкӯбӣ мекунанд. Ҳис мекуни, ки он ба навозанда илҳом мебахшад. Каме дуртар марде, аккордеон менавохт. Хуб менавохт. Бояд гуфт, ки онҳо гадову бехона ва бесоҳиб нестанд. Ҳамин усули кору таблиғашон аст ва онҳо барои ин кор аксарият ҳуҷҷат ё иҷозатнома ҳам мегирифтаанд. Дар ин майдон мардум гурӯҳ-гурӯҳ дар гирди як театри кӯчагӣ, бозичафурӯшон, навозандаву овозхонҳо ҷамъ шуда истироҳат мекунанд. Қаҳвахонаву ғизохонаҳо хеле зебо ороиш ёфтаанд, номгӯи зиёди хӯрокҳоро тайёр мекунанд. Кормандони полисро ҳам медидам, ки аз дур ором ин ҳамароо тамошо ва назорат мекунанд.
Духтари русе хеле хуб бо гитарааш поёнтар аз майдон дар тангкӯчае овозхонӣ мекард. Наздаш нишастам. Вақти сӯҳбат гуфт, ки ман дар бораи Далер Назаров шунидаам. Ман гуфтам, ки гитара навохта метавонам. Ӯ аввал розӣ нашуд, ки асбобашро барои чанд сония ба ман диҳад. Овозхону навозандаҳо ҳамин гуна одат доранд, ки асбоби мусиқии худашонро ба касе намедиҳанд. Вале ба ҳар сурат гитараашро он духтари рус сӯям дароз кард. Як пора суруди Далер Назаровро замзама кардам. Ӯ гуфт, ки ту пул кор карда наметавонӣ зеро овозат паст аст. Ӯ намедонист, ки ман мисли ҳама тоҷиконе, ки шарм доштанро ҳатто ба мо меомӯзонанд, шарм дошта истодаам. Хаёл кардам, ки ҳоло кадом шиносе моро мебинад…
Нақлиёти ҷамъияти дар Варшава 3 гурӯҳ аст: автобусҳои муқаррарӣ, автобусҳое, ки вақтҳои серодамӣ ба хатсайрҳо мебароянд ва автобусҳое, ки шабона кор мекунанд. Илова бар ин метро, нақлиёти барқӣ ва таксиҳои зиёд рӯзу шаб дар хизмати мусофиронанд. Таксӣ дар рӯзҳои корӣ 2-3 злот барои ҳар км буда, рӯзҳои истироҳати то 4 злотро ташкил медиҳад. Пулро шумо аз рӯи ҳисобкунак медиҳед. Инҷо барои ҳама чиз ба шумо чек медиҳанд. Миллион намуд молу маҳсулот дар мағозаҳо ҳаст. Ҳар кадомаш нархномаи худро дорад ва нархҳо бо чанд намуд асъор он ҷо дарҷ шудааст.
Интизориам дар истгоҳ барои бозгашт ба меҳмонхона зиёд тӯл намекашид.
Пагоҳ мо 4 вохӯрӣ дорем!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гитара, истгоҳ, марафон, мусиқӣ, сафорат, ғоратгарӣ |











Добавить комментарий