Ними шаб садои рӯҳнавозе аз соишу расиши нохун ва торҳои гитор фазои кулбаеро, ки дар як кунҷаш ман дароз кашидааму дар кунҷи дигараш ту нестӣ, пур мекунад…
Китоби ошноии мо пури ҳаводисест, ки дар баёни он до, ре, ми, фа, сол …гиря мекунанд, мисли ҷавонписари навхате, ки рӯзи туйи дӯстдоштааш аз туйхонаи деҳаи ҳамсоя ноумед лаб-лаби замини кишти колхозӣ то хона пасту бесадо, пинҳонӣ вале бо алам бунга мекашад…
Ва ту меоӣ. Як даста шамъ ба даст, дар суроғи ин кулбаи сарду бечароғ меҳмонии хобҳои ман…Касе (душмане) маро маҷбур мекунад, ки бедор бошам ва то бомдод бо пушти ангуштон ҳавру буғи тирезаҳои ин кулбаро фақат ба хотири рӯшан сохтани роҳи омаданат пок кунам..Вале ту аз дар вуруд намешавӣ.. Ту ки ба хоб омаданиӣ ва ман ки хоб надорам. Чӣ тазоде…!? Балки дарде…!?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гитара, ишқ, таронаи ошиқона, хоб, шаб | Leave a comment »










