Дар муддати чанд рузи сафар мо расман рузхои якшанбе истирохат дорем, аммо дар Ноксвил хамин тавр шуд, ки барои мо ду рузро истирохат эълон карданд. Инчо гурухи панчнафараи мо хама тасмимхоро якчоя мегирад. Хама ба хулоса омадем, ки як рузро барои хариди тухфа ва рузи дигарро барои тамошои Боги Миллии Амрико сипари мекунем.
Субх Умар — ронандаи гурух, моро то яке аз марказхои калони савдо дар Ноксвил, ки аз маркази шахр дар масофаи 20 дакика рох дуртар аст, бурд. Чойи вохури муайян шуд ва хама дар як муддат аз назди дари магоза ба дарун «бухор» шуданд. Хама чиз хаст – ман бештар шуъбахои кудаконаро тамошо кардам, зеро ба кудаконам «як дунё» бозича ваъда кардаам… Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Боги Милли, Ноксвил, факултаи журналистика, чангал, чойпули | Leave a comment »









