Рузи дуюми сафари ман аст. Нимхобу нимбедор гузашт. Баъди хуроки сахар моро мусофиркаш ва гид (рохбалад) Игор Ирхо интизор буд. Бо рохи назди мехмонхона руболо рохи шудем. Бинои Бонки чахони ва Сандуки Чахонии асъорро дидем. Дар маркази Вашингтон бинохои кухнае боки мондааст, ки дар хамоханги ба он бинохои замонави сохтаву онро вайрон накардаанд. Махз хамин чиз таваччухи сайёхонро ба худ чалб мекунад. Рохе, ки суи Касри Сафед мебурд, банд буд. Тарчумон гуфт, ки мутаасифона мо Касри Сафедро аз наздик дида наметавонем. Аз рохи дигар мо ба кисмати поёнии ин бино наздикии як манорае омадем, ки ба хотири Вашингтон сохта шуда, 555 мил баланди дорад. Рохбалади мо таърихи Амрикоро хуб медонист. Хамгурухи мо аз Молдова –Стелла касеро дар миёни анбухи одамон пайдо кард ва аз у чанд даъватнома гирифт, ки мо акнун бо он хукук доштем, ки вориди хавлии Касри Сафед шавем. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Америка, Вашингтон, Касри Сафед, Олимпур, осорхона, IVPL, саёхат | 1 Comment »










