Нав як маросими дафнро тамошо кардам ва хам ба ёдам омад чанд хамин гуна маросим, ки ман ончо ширкат доштам. Барои ман ин гуна чамъомад чои фикр кардан, хулосабарори ва андешидан аст. Бо вучуди гиряву фигон ороми ва сукут аст ончо! Холо фикр дорам, ки инсонхоро як чиз хавфноку дагалу берахм мекунад — дур шуданашон аз одату таомул ва решахои худ!!! Ба ёд оваред, ки аз донандагони одату урфи миллиамон, аз онхое, ки ба решахои милли, авлоди ва ачдодиашон эхтиром мегузоштанд, касе хавфнок буд, берахму дагал буд? Дар оянда хам касе, ки забони модарашро намедонад, ба урфу одату анъана ва фарханги миллаташ эхтиром надорад, нобигахои миллатро инкор мекунад барои чомеъа бо вучуди аз «бурун нарму бечозибаву ношунаво» буданаш, хавфнок хохад буд!
Имруз дар мавриди орзуи чавонони бе пул ва бе чойи кор, шахсони «оддии вокеи», таваччух ва бетаваччухие, ки аз шуурноки вобаста аст, харидани тамошои марду зани бегона, 8 зина дар Шоу-Бизнес, мусофирнакхат ва борхалтаи раккосахои туйгард навиштаам!!! Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Варзоб, ТВ, буй, домод, накхат, оббози, раккосахо, театр, чаноза, шоу бизнеси точики | Leave a comment »










