27 феврали соли 2011

   Нав як маросими дафнро тамошо кардам ва хам ба ёдам омад чанд хамин гуна маросим, ки ман ончо ширкат доштам. Барои ман ин гуна чамъомад чои фикр кардан, хулосабарори ва андешидан  аст. Бо вучуди гиряву фигон ороми ва сукут аст ончо! Холо фикр дорам, ки инсонхоро як чиз хавфноку дагалу берахм мекунад — дур шуданашон аз одату таомул ва решахои худ!!! Ба ёд оваред, ки аз донандагони одату урфи миллиамон, аз онхое, ки ба решахои милли, авлоди ва ачдодиашон эхтиром мегузоштанд, касе хавфнок буд, берахму дагал буд? Дар оянда хам касе, ки забони модарашро намедонад, ба урфу одату анъана ва фарханги миллаташ эхтиром надорад, нобигахои миллатро инкор мекунад  барои чомеъа бо вучуди аз  «бурун нарму бечозибаву ношунаво»  буданаш,  хавфнок хохад буд!

Имруз дар мавриди орзуи чавонони бе пул ва бе чойи кор, шахсони  «оддии вокеи», таваччух ва бетаваччухие, ки аз шуурноки вобаста аст, харидани тамошои марду зани бегона, 8 зина дар Шоу-Бизнес, мусофирнакхат ва борхалтаи раккосахои туйгард навиштаам!!! Читать далее →

8 ноябри соли 2010

     Ман маърузаву хисоботро дар мавриди бехтар шудани зиндагии мардум кам намешунавам. Он дар ТВ хам хасту дар Радио ва дар  баъзе газетахо хам. Аммо чанд бор бештар аз он  дар мавриди ин мешунавам, ки ким кадом сарватманду доранда ва ё вазорату агенти барои фалон шумора фарзандони оилахои камбизоат туй ташкил карду кумак кард. Як бор шумо хамаи хамон ракамхоро чамъ кунед, ки чанд нафар мешаванд, ки ким каси дигар туйи онхоро баргузор мекунаду ба хонахояшон лампаву орду равган мебаранд? Яъне, ки он чизе, ки дар огози хамин матлаб гуфтам, гуфтаи охири маро инкор кард.Хамин тавр не? Пас, чанобони сарватманд ва кормандони вазорату агенти ва коргоху ташкилот! Кумакхои худро бе даъваткунии  кормандони ВАО, махсусан  ТВ  ба мардуми эхтиёчманд расонед! Худованд худаш мебинад ва подоше хам барои ин гуна амали шумо ваъда додаст (агар ба он касе шуморо мачбур накарда бошад!). Он вакт хам маърузаву хисобот «дуруст» мешавад ва хам чанд литр бензини кормандони ТВ сарфа!

         Имруз дар мавриди «кушиш» -хои як аскар, мавкеъи баландтари хамсари дуюм, курбони барои шод шудани арвохи ихтироъкардаи нурхои рентгени, «киссахои таърихи» -и вазиру раис, чангу хандаву курсии мансаб навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти