27 феврали соли 2011

   Нав як маросими дафнро тамошо кардам ва хам ба ёдам омад чанд хамин гуна маросим, ки ман ончо ширкат доштам. Барои ман ин гуна чамъомад чои фикр кардан, хулосабарори ва андешидан  аст. Бо вучуди гиряву фигон ороми ва сукут аст ончо! Холо фикр дорам, ки инсонхоро як чиз хавфноку дагалу берахм мекунад — дур шуданашон аз одату таомул ва решахои худ!!! Ба ёд оваред, ки аз донандагони одату урфи миллиамон, аз онхое, ки ба решахои милли, авлоди ва ачдодиашон эхтиром мегузоштанд, касе хавфнок буд, берахму дагал буд? Дар оянда хам касе, ки забони модарашро намедонад, ба урфу одату анъана ва фарханги миллаташ эхтиром надорад, нобигахои миллатро инкор мекунад  барои чомеъа бо вучуди аз  «бурун нарму бечозибаву ношунаво»  буданаш,  хавфнок хохад буд!

Имруз дар мавриди орзуи чавонони бе пул ва бе чойи кор, шахсони  «оддии вокеи», таваччух ва бетаваччухие, ки аз шуурноки вобаста аст, харидани тамошои марду зани бегона, 8 зина дар Шоу-Бизнес, мусофирнакхат ва борхалтаи раккосахои туйгард навиштаам!!! Читать далее →

20 феврали соли 2011

         Фосила хамон гуна, ки чизи хуб аст, ба хамон андоза боз хуби надорад.   Ман метавонам бо фосила аз бадкирдору хавфноке  худро аз фано шудан начот бидихам ва аммо агар миёни ману иттилоъ фосила аст, пас он вакт ман худам хавфнок хохам буд. Дируз як нафаре вобаста ба ким кадом бахси судии идораашон бо кадом газетае сухбат мекард, бахс мекард ва идораашонро хак  мегуфт. Аммо вакте пурсидам, ки бахси суди дар кадом мавзуъ аст, изхори беиттилоъи кард. У намедонад, ки «онхо» барои чи бо каси дигаре бахси суди доранд?!

Чанобони рохбар ва сарвар! Шумо дар хамин гуна холатхо ва хам ба хотири иттилоъи бештари кормандонатон, ки дигар дар кучахояшон симои идораву вазоратхонаи шумо хастанд, иттиолоъ ва маълумоти дуруст ва заруриро дар ихтиёрашон бигзоред, ки худрову шуморову коргохатонро шарманда накунанд!

Ин навбат дар хусуси он чизе, ки дигар моро ба хайрат намеорад, доир ба таъсири ном ба акл, вобаста ба накхату бенакхати ва дар мавриди бузургони мошинсавор навиштаам. Читать далее →

Буй ва борон!

       Ба онхое бахшида мешавад, ки баъди чил асри дар чангал зистан хам шикорчи  намешаванд!!!

       Хамон соле, ки чангалбони пир ба шароб дода шуду чангалро дузду горатгару кочокчи  оташ зад, зеботарину хушрутарин паррандагони ин чангал парида рафтанд. Оташи он чангалро ду се каси дилсузу хирадманд хомуш кард.  Ба бахти паррандаву  чаррандахои бокимонда хамон сол хатто дар тобистон хам борон борид. Рузе набуд, ки борон наборад. Борон хам барои хомуш шудани оташ фоида кард.  Аз хонаи мо то он чангал рохи дур нест. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти