Ман ронанда мешавам! (1)

     Ман ният карда будам, ки ба ягон курс ё мактаби  тайёркунии ронандахо меравам. Ба яке аз чунин мактаби ронадаги хуччат супоридам,  маблаги тахсилро хам пардохт кардам ва ман акнун шунавандаи хамин гуна курси кутохмуддати омодасозии ронандахо хастам. Имруз дар машгулияти аввал ба хулосае омадам, ки хар чизе, ки дар дарсхо мушохида мекунам, барои худам ва барои шумо менависам.  Аммо факат рузи хатми ин курс хохам гуфт, ки он кадом мактаб буд ва муаллими мо ки буд. Номи  ин бахшро хам дар блогам дар чараёни дарси аввал фикр кардам: «Ман ронанда мешавам!(1, 2,3 ва хоказо)»  Имруз мушохидаи худро аз чараёни дарси аввал навиштам. Читать далее →

17 ноябри соли 2010

            Агар  ба андозаи хамон  тарсе, ки дар майнаву дили мост мо чуръат ва саъй медоштем, холо на он касоне будем, ки хастем! Холо хам бад нестем, аммо дар хама амалу харакатамон хамон эхсоси тарс чо шудааст ва ба назари баъзехо  чунин мерасад, ки он на тарс, балки кадом эхсоси ба масъулияту эхтиёткори ва санчидан вобастае  аст. Бубинед, ки мо хангоми замин харидан метарсем, ки мабодо баъди хона сохтан моро аз инчо мекучонанд, ёхангоми харидории хавли низ,  хангоми мошинрони хатто дар холи дурустии хучатхоямон хам, метарсем, ки нозирони рох моро нигох медоранд, замоне, ки  ба мачлис даъват мешавем, аз натичаи он метарсем, ки мабодо ба газаби раис ё рохбар гирифтор нашавем…Хулоса, ин гуна холат кам нест. Ин андешаро як мехмони радиои мо хам, ки аз Шветсария буд, баён кард. Гуфт, ки «ман вакте ки ба назди гуштфуруш меравам, фикр намекунам, ки у маро фиреб мекунад, ё чи хел карда гушти хуб бигирам…..Ман дар ин бора умуман фикр намекунам, зеро медонам, ки у ба ман факат гушти хубро медихад». Аммо инчо мо бояд бо хар чизи нодаркору камахамият майнаамонро пур кунем, зеро хамон гуштфуруш, хамон раис, хамон ронанда ва хамон…хамватани мо холо тамоман дигаргуна фикр мекунанд ва фахмиши фарккунандае доранд….

          Имруз дар мавриди мошин ва ронанда, нозирони минтакавии милиса, киссаи чияни ким кадом ректор, гапи зан ва сирри чехраи кушодаи зан навиштаам! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти