Ман ронанда мешавам! (1)

     Ман ният карда будам, ки ба ягон курс ё мактаби  тайёркунии ронандахо меравам. Ба яке аз чунин мактаби ронадаги хуччат супоридам,  маблаги тахсилро хам пардохт кардам ва ман акнун шунавандаи хамин гуна курси кутохмуддати омодасозии ронандахо хастам. Имруз дар машгулияти аввал ба хулосае омадам, ки хар чизе, ки дар дарсхо мушохида мекунам, барои худам ва барои шумо менависам.  Аммо факат рузи хатми ин курс хохам гуфт, ки он кадом мактаб буд ва муаллими мо ки буд. Номи  ин бахшро хам дар блогам дар чараёни дарси аввал фикр кардам: «Ман ронанда мешавам!(1, 2,3 ва хоказо)»  Имруз мушохидаи худро аз чараёни дарси аввал навиштам. Читать далее →

Нагузаргох!!!

        Дируз баъди зухр ман хангоми ба кор омаданам миёни рохи калон-дар руи гузаргохи руизамини чанд дона мева ва сабзавотро дидам. Ин дар хиёбони Сино, ру ба руи маркази кудаконаи «Лимпопо», каме поёнтар аз Саристгохи автобусхо (автовокзал) буд. Ронандаи таксие, ки аз он тараф меомад, гуфт, ки «як мардака мошин зад. Вай ба фикрам, ки устоди ракс буд. Караболо бурдануш..!» Ман ханузам намедонам, ки у ки буд. Ному насабаш шояд акнун мухим набошад, зеро у як инсон аст, ки дар руи гузаргохи худаш уро мошин пахш кардааст!  Фардо шояд ман (ки мисли он нафар коидахои харакати рохро вайрон накарда, бештари маврид аз хамон гузаргохи руизамини рохро убур мекунам)  дар хамин холат карор мегирам. Хайрон мешавам…. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти