Гуноҳкада (ҳикоя)

(Хилватгаҳи ду гунаҳкор)

Фақат кофӣ буд, ки дару тирезаи ин хона кушода шавад. Гӯё банди дили ин ду меҳмон буд, ки кушода мегашт. Насими тирамоҳ бо панҷаи сарду шахшул он чеҳраҳои тарсхӯрдаро ламс мекард. Гӯё кадом паёму пайғомеро аз дуриҳо барои меҳмонони ин хона меовард. Оби чашм буд ё оби рӯ ва ё обрӯ, ки ҳамин ҷо сад карат бо роҳи ҷӯяҳои аз ғами зиндагӣ ва зистан пайдошуда поин метаровид. Накҳати гуворои фазои ин хона қариб ҳамеша ба ҳадди ифрот мерасид. Фурсати андак ҳоло нагузоштааст, ки фазои ошхона ғайри бӯйи ҳамин гулоби занона бо кадом бӯйи дигаре ошно шавад. Ҳамеша баъди ин вохӯриҳо ғайри он чизе, ки дар сарҳову дилҳо монда буд, як халта пур аз пӯчоқу қуттии ширинӣ, зарфҳои нӯшоба ва гоҳе пасмондаи сигору хокистари тамоку боқӣ мемонд…

Читать далее →

Тарс дар кудакон: иллатхо, анвоъ ва равишхои дармони

Дар бораи кудакон

Тарс вокуниши хаячони аст ва хар гох амнияти чисми ва отифию шахсияти инсон ба хатар биафтад, зохир мешавад. Атфол маъмулан аз баъзе падидахо метарсанд ва иллати тарси онхо барои падару модар шинохташуда нест. Аз ин ру аз худ мепурсанд: «Чаро кудакам ин кадар метарсад? Ман ки харгиз уро натарсондаам ва далеле барои тарс ва вахшаташ вучуд надорад».   Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти