(Хилватгаҳи ду гунаҳкор)
Фақат кофӣ буд, ки дару тирезаи ин хона кушода шавад. Гӯё банди дили ин ду меҳмон буд, ки кушода мегашт. Насими тирамоҳ бо панҷаи сарду шахшул он чеҳраҳои тарсхӯрдаро ламс мекард. Гӯё кадом паёму пайғомеро аз дуриҳо барои меҳмонони ин хона меовард. Оби чашм буд ё оби рӯ ва ё обрӯ, ки ҳамин ҷо сад карат бо роҳи ҷӯяҳои аз ғами зиндагӣ ва зистан пайдошуда поин метаровид. Накҳати гуворои фазои ин хона қариб ҳамеша ба ҳадди ифрот мерасид. Фурсати андак ҳоло нагузоштааст, ки фазои ошхона ғайри бӯйи ҳамин гулоби занона бо кадом бӯйи дигаре ошно шавад. Ҳамеша баъди ин вохӯриҳо ғайри он чизе, ки дар сарҳову дилҳо монда буд, як халта пур аз пӯчоқу қуттии ширинӣ, зарфҳои нӯшоба ва гоҳе пасмондаи сигору хокистари тамоку боқӣ мемонд…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гул, гулдон, гунаҳкор, гуноҳкада, интернет, иҷора, марду зан, мулоқоти ошиқона, ошиқон, саҳифаҳои иҷтимоӣ, тарс, хилватгоҳ, хиёнат | Leave a comment »









