Касе аз имрузиён дақиқан намедонист, ки деҳа чун нигину мӯҳраи чашмӣ аз кай дар гардани ин кӯҳи устувору сангӣ овезон аст. Баъзан ба назар мерасид, ки ин деҳа аз ёди мардумони водиҳо ва таҳдаштҳо рафтааст. Мардумони ин деҳа сарватдор ҳам ки набуданд, меҳмондор буданд ва ҳам одамшинос низ. Зеро роҳи гузари корвонҳо хоҳу нохоҳ аз дили ин деҳа мегузашт ва онҳо на ҳамеша аз тоҷирону хайрхоҳону сафаракиҳои безарар иборат буд. Чӣ касеву хасе тӯли мавҷудияти ин деҳа омаду рафт, омаду нарафт ва омаду гирифту бурд ҳам вақтрову ҳам доштаҳоро ва ҳам ҳатто обурӯрову ғурурро аз баъзеҳо. Чӣ ошноҳое, ки дар ин радду бадалҳо бегона шуд ва чӣ бегонаҳо, ки бегонатар гаштанд…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Акмал Амирӣ, Афғонистон, Аҳмадшоҳ Масъуд, Омӯ, тоҷикон, тоҷикони Афғонистон, ҷанги Афғонистон | Leave a comment »









