Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт. Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи «Формати хурд» -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.
Филми мустанаде, ки шумо таҳия кардед, дар Қазоқистон соҳиби ҷоиза шуд. Ба назаратон ҳакамон вақти хулосабарорӣ чиро ба назар гирифтаанд?
Шояд барои он филми мо дар фестивали БАСТАУ таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамонро соҳиб гашт, ки мавзуъи ҷолиб ва дар қолаби шавқовар пешниҳодшуда буд. Дар ҷомеаи суннатӣ ҳамеша миёни ҷонибдорони мусиқӣ ва дин назарҳои мухолиф мавҷуд аст. Филми мо бошад, баёнгари он буд, ки истифодаи оқилонаи ҳама чиз, аз ҷумла мусиқӣ барои расидан ба орузҳои деринтизор ва амалӣ гаштани хостаҳои инсонҳо на фақат халал намерасонад, балки ҳатто кумак ҳам мекунад. Кори нахустини коргардонии мо, шавқовар будани қиссаҳои ҳаётии қаҳрамон, гуногун ва рангоранг будани саҳифаҳои зиндагии як муаллими мусиқӣ аз музофот — сабабҳои дигаре буданд, ки шояд барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳакамон мусоидат карданд.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Алиф До Ре Ми, Алиҷон Ҷалилов, Субҳон Ҷалилов, Тоҷикфилм, Файзобод, документалный фильм, филми мустанад, филми тоҷикӣ, Ҳайдар Мирзоев, ҷоиза | Leave a comment »









