Хонаҳо…
Чӣ қадар асрорро онҳо дар чаҳор девору сақфу фаршашон ниҳон доранд. Чӣ қадар ҳаводис ва руйдод миёни он чаҳор девор ба вуқуъ пайвастааст…
Чӣ қадар аз мардумон ба коргоҳ фақат барои он мераванд, ки омаданашон ҳисоб дорад ва ҳар рӯз дар интизори ақрабакҳои хурду бузурги рӯйи рақами 5 ва 12-и соатанд, то ба сӯйи ҳамин чордеворҳо шитоб кунанд…
Чӣ қадар аз мардумони раҳгузар дар ин дунёву дар ин шаҳр то расидан ба ҳеҷ куҷо аз канори ин гуна деворҳо ва тирезаҳои рӯшанидор бо он ягона орзу ва хоҳишашон бо ҳавас ва бо фарёди бесадо гузаштаанд ва боз мегузаранд…
Чӣ қадар парвозҳо ба фазои орзуҳои ҷавонӣ бо баста шудани дари ин гуна хонаҳову панҷаракорӣ гаштани равзанаҳо бе идома монд…
Чӣ қадар дилро тақ-тақи дари соҳиби хона ва пайдо шуданаш дар погаҳи дари соҳибхонаи муваққатии дар интизори рузи маош, пурандӯҳ кардааст…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Душанбе, баландошёнаҳо, дом, истиқомат, манзили зист, хонаҳо, шаҳрнишин | Leave a comment »











