Хонаҳо…

Хонаҳо…

Чӣ қадар асрорро онҳо дар чаҳор девору сақфу фаршашон ниҳон доранд. Чӣ қадар ҳаводис ва руйдод миёни он чаҳор девор ба вуқуъ пайвастааст…

Чӣ қадар аз мардумон ба коргоҳ фақат барои он мераванд, ки омаданашон ҳисоб дорад ва ҳар рӯз дар интизори ақрабакҳои хурду бузурги рӯйи рақами 5 ва 12-и соатанд, то ба сӯйи ҳамин чордеворҳо шитоб кунанд…

Чӣ қадар аз мардумони раҳгузар дар ин дунёву дар ин шаҳр то расидан ба ҳеҷ куҷо аз канори ин гуна деворҳо ва тирезаҳои рӯшанидор бо он ягона орзу ва хоҳишашон бо ҳавас ва бо фарёди бесадо гузаштаанд ва боз мегузаранд…

Чӣ қадар парвозҳо ба фазои орзуҳои ҷавонӣ бо баста шудани дари ин гуна хонаҳову панҷаракорӣ гаштани равзанаҳо бе идома монд…

Чӣ қадар дилро тақ-тақи дари соҳиби хона ва пайдо шуданаш дар погаҳи дари соҳибхонаи муваққатии дар интизори рузи маош, пурандӯҳ кардааст…

Чӣ қадар хоб бо ин гуна сурат ва хумори ин роҳу роҳраву дару дарвоза ба ғанабҳои бероҳат ва ҷисму рӯҳи мардикори хаставу бефарае меояд, ки дар дуриҳо бо ёди чиптаи арзони бозгашт хомхоб аст…

Зиёданд ногуфтаҳо аз ин девору дару бомҳои осмонӣ бо таблиғу реклому қуфлу калид ва дастнорасиашон. Аммо дар самимият ва хотирадорӣ ба гумони ғолиб дуртару поинтаранд аз бомҳои пастаку лойини пур аз қуруту себу зардолуи дар офтоб хушкидаи кудакиҳо ва беғамиҳои мо. Ҳамон бомҳои пур аз лолаҳои худрӯй ва хушбӯй …

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти