Таваллудат замоне буд, ки шавқу шӯри кору эҷод ва дарёфти ҷойи по дар радио ба ҳадди қобили мулоҳиза ва ҳатто нигаронӣ боло гирифта буд…Ҳоло ба худ меандешам, ки шояд беҳтарин ва хубтарин лаҳазоти ба ту ва тифливу кӯдакиву наврасиҳоят вобаста, ки мебоист медидам, сарфи назар шуд то сарфи ким-кадом коре шавад…
17 солагиат акнун вақте фаро расида, ки ман бо дарки бештар аз ҳабдаҳ нишонаи содагиву хатову камиҳоям акнун, барои ҳар лаҳза — ҳамеша ва бе баҳона дар канорат будан бармегардам…
Эҳсон, бачаҷони ман! Фақат вақте худат падар мешавӣ , дарк хоҳӣ кард, ки чаро падари ту ин қадар сахтгир буд, ҳамеша аз дастовардат норозӣ мемонд, чизе шояд бештар аз имкони ту талаб мекард…Медонӣ чаро?
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 17 лаҳзаи баҳор, Субҳонзода Эҳсон Субҳон, Эҳсон Ҷалилов, зодрӯз, литсеи рақами 1, таваллуд | Leave a comment »











