20 ҷумла барои Алиҷон

Шаби 3-юми декабри соли 2002 ҳам барфи аввал борида буд…Ё ҳамон шаб ҳам мисли дишаб сард буд, ё шояд ман либоси гарм надоштам…

Вале, гуворотарин эҳсосро доштам — тавлиди нахустфарзанд, падар шудан…

Гӯё ҳафт қабат ҷомаи нақшин ба тан дорам…Мисли ин, ки дина дар остонаи 20 солагиат аз Қазоқистон хабар расид, ки нахустин филми ҳуҷҷатии таҳиякардаат (аз ҳаёти як муаллими суруд ва мусиқӣ) дар ин фестивали байналмиллалӣ ҷоиза гирифт….Муборак аст!

Алиҷон, бачаҷони эҷодкору бананги ман! Ту шоҳиди ҳама шебу фарози роҳи зиндагии падарат будӣ. Шоҳиди ҳамон ҳолати мушкилу монеаҳое, ки ҳатман сари роҳи зиндагии ту ҳам пайдо мешаванд. Онҳо ҳамеша ҳастанд, мисли мавҷудияти баъзе инсонҳои бадният, ки ту аллакай қариб ҳама нишонаи онҳоро медонӣ. Ҳаёт муборизаву талош аст ва дар ин ҷода пирӯз ҳамон каси хастагинописандаст, ки ҳадафмандона ва андешаманд гом мебардорад. Ҷойи шак нест, ки Худову Расулу азизу авлиё ҳам дастгиру мададгори ҳамин гуна кас аст…

Читать далее →

17 лаҳзаи баҳоролуда…

Таваллудат замоне буд, ки шавқу шӯри кору эҷод ва дарёфти ҷойи по дар радио ба ҳадди қобили мулоҳиза ва ҳатто нигаронӣ боло гирифта буд…Ҳоло ба худ меандешам, ки шояд беҳтарин ва хубтарин лаҳазоти ба ту ва тифливу кӯдакиву наврасиҳоят вобаста, ки мебоист медидам, сарфи назар шуд то сарфи ким-кадом коре шавад…

17 солагиат акнун вақте фаро расида, ки ман бо дарки бештар аз ҳабдаҳ нишонаи содагиву хатову камиҳоям акнун, барои ҳар лаҳза — ҳамеша ва бе баҳона дар канорат будан бармегардам…

Эҳсон, бачаҷони ман! Фақат вақте худат падар мешавӣ , дарк хоҳӣ кард, ки чаро падари ту ин қадар сахтгир буд, ҳамеша аз дастовардат норозӣ мемонд, чизе шояд бештар аз имкони ту талаб мекард…Медонӣ чаро?

Читать далее →

“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (10)

Субҳи имрӯз маълум шуд, ки вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 11 дар идараи маҷаллат  “Rzeczpospolita”  сурат мегирифт баргузор намешавад. Яъне мо то соати 13 вақти озод дорем. Касе мағозагарди рафту мо чанд кас ба тамошои боғи шохӣ рафтем. Гумонам он ҷо як замон гармобаву истироҳатгоҳу шояд  ҳарамсаройи шоҳӣ будааст. Зебоии он боғро бо сухан тасвир кардан душвор аст. Атрофатон пури санҷобу кабӯтар аст. Ман бори аввал медидам, ки парандаҳои хеле зебо парида дар панҷаи шумо мешинанду нонпораҳоро аз он ҷо гирифта мехуранд. Дар як канори боғ барномаи консерти мегузашт. Хоҳед рақс кунед. Тирамоҳ дарахтони атрофро хеле зебо кардааст. Мурғобиҳо ку дар оби ин боғ худро хаёлам хеле роҳату озод ҳис мекунанд. Дар ин боғ метавонед осорхонаву ёдгориҳои дигари таърихиро тамошо кунед…  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти