Бозгашт (ҳикоя)

   Зан ҳама он даҳшатро аз телевизор дид. Телевизоре, ки дар хонаи хобаш гузошта шуда буду фақат худаш онро тамошо мекард. Он чӣ, ки дигарон аз каналҳои маҳаллӣ медиданд, барои ӯ писанд набуд. Чандин сол аст, ки ӯро дар қатори телевизор нигоҳу назару андешааш ҳам дигар асту аз дигарон фарқкунанда.

  Имрӯз бошад, ӯ ба ҳадде асабӣ ва нороҳат буд, ки фикр мекардӣ касе аз он қурбониён наздиктарин шахси ӯ буд ё ҳамон хонаву ҳавлии сӯхта, ки кадом шабакаи хориҷӣ нав нишон дод, аз они ӯ аст..

Читать далее →

Аз он дурӣ…

Аз он дурӣ то воқеияти имрӯз фосила баробар ба як умри инсон аст.

Фақат аз он дурӣ шебу фарози роҳҳои дониставу надониста ва тасодуфан барои рафтан интихобшуда метобад.

Фақат аз ҳамин кунҷи биниш дурустӣ ва нодурустии ҳар қадами онеро дидан имкон дорад, ки ҳанӯз дар оғози роҳ гоҳ навмеду гоҳ ба умеди касеву чизе ва гоҳо масту мағрур аст.

Фақат аз ҳамон дурӣ пештар аз дигарон ба ҳоли касеву касоне ва хасоне хандидан мумкин аст, ки гуноҳу саҳву хатои тӯли таърихи мавҷудияти одам хандахариш шудаҳоро баргашта такрор мекунанд…

Фақат аз он дурӣ дидан мумкин аст, ки инсонҳо инҷо на барои кору амали нодурусту гуноҳолудаи анҷомдода, балки аксаран барои кору тасмим ва амалҳои росту дурусту хуби анҷом надодаашон хиҷолатзада мешаванду ҳатто муҷозот.

Читать далее →

Чаро?-4

        Дар тамоми дунё новобаста аз вазъияти он кишвар тадбирхои амнияти доимо андешида мешаванд. Аз фурудгох сар карда то оддитарин муассиса ва ё коргох ва хатто магозахои тичоратии хурд низ бо камерахо ва дигар олоти назорат ва химоякунанда мучаххаз хастанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти