Пешниход (6)

Чунин ба назар мерасад, ки бо берун шудани воситахои наклиёти мусофиркаш – Старексу Мерседсхо аз роххои асосии Душанбе харакати воситахои дигари наклиёт барохаттар шудааст. Харчанд дар ташкили холатхои садамави, бандшавии роххо ва мисли ин факат ронандахои мусофиркаш гунахкор нестанд. Гумонам дар ба миён омадани чунин вазъ – яъне садамахои зиёд дар роххои Душанбе, холатхои бандшавии роххо, риоя нашудани коидахои харакат дар рох, коидахои таваккуф ва истгоххо, махсусан субху шом — як катор омилхо накш доранд ва мусоидат кардаанд. Мо дар чанд маводи дигар дар мавриди заминаву сабабхои рух додани садамахо ва маргу мири одамон, мушкили танбашавии мошинхо ва роххои халли он, роххои камтар кардани холатхои садамави ва коидавайронкунихо гуфта будем.

Рост аст, ки роххои мо пахнбар нестанд, дуруст аст, ки аксарияти мошинхое, ки дар кучахои мо харакат мекунад, кухна ва мухлати истифодааш кайхо гузашта аст, пушида нест, ки як кисми ронандахо аз ду руз бештар шояд дар  курсии мактаби ронандаги нанишаста бошанд ва аслан коидахои харакат дар роххои кишварро надонад. Вобаста ба танзими харакати мошинхо ва наклиёти мусофиркаши хурд дар роххои кишвар пешниходи зиёд кардан мумкин аст, ки чанд намунаро инчо меорам: Читать далее →

Ронандагии занон бехтар аст ё мардон?

    Чанд соли ахир аз солхои пештар дида занхои ронанда бештар ба назар мерасанд. Агар солхои пеш шумори онхо кам ба чашм мерасид, хозир бошад охиста-охиста шуморашон зиёдтар шуда истодааст. Харчанд коидаи ронандаги барои занон ва мардон як хел аст, вале аз навиштахои баъзе сомонахо маълум мешавад, ки дар баъзе чойхо барои занхо якчанд шароитхои дигар низ муйян шудааст. Ба монанди ичозати ронандагии занон дар Арабистон, ки аз ин чанд шароити ачиб дар поёни ин матлаб мо факат чандтои онро ба таври мухтасар овардем, ки шумо метавонед бихонед! Читать далее →

Нагузаргох!!!

        Дируз баъди зухр ман хангоми ба кор омаданам миёни рохи калон-дар руи гузаргохи руизамини чанд дона мева ва сабзавотро дидам. Ин дар хиёбони Сино, ру ба руи маркази кудаконаи «Лимпопо», каме поёнтар аз Саристгохи автобусхо (автовокзал) буд. Ронандаи таксие, ки аз он тараф меомад, гуфт, ки «як мардака мошин зад. Вай ба фикрам, ки устоди ракс буд. Караболо бурдануш..!» Ман ханузам намедонам, ки у ки буд. Ному насабаш шояд акнун мухим набошад, зеро у як инсон аст, ки дар руи гузаргохи худаш уро мошин пахш кардааст!  Фардо шояд ман (ки мисли он нафар коидахои харакати рохро вайрон накарда, бештари маврид аз хамон гузаргохи руизамини рохро убур мекунам)  дар хамин холат карор мегирам. Хайрон мешавам…. Читать далее →

Биё, са-аааросема!

Вокеан хам шояд факат дар Душанбе (Точикистон) хамин гуна бошад, ки ронандахои наклиёти мусофирбар ба чои он, ки мусофиронро  бо саломат бурда расонидан чалб бикунанд, «саросема.. «гуфта » метарсонанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти