Интернет. На ба он наздик ва на аз он дур!

       Шумо хам ягон вакт хис кардед, ки ба чизе ё ба коре одат кардаед?  Ва гумон мекунед,  ки агар онро накунед, тамом, осмон ба замин мерасад. Ман хамин гуна ба Интернет одат кардаам.  Вале бовар кунед, ки Интернет маро факат чун як манбаи иттилоъ чалб мекунад. Баъди он ки як руз дар Интернет набошам ва як руз чизе барои шунавандахо нанависам, тарчума  ва фикр накунам, хаёл мекунам, ки  аввалтар аз хама кафо рафтам ва баъд хаминро шунавандаи ман хис кард. Яъне у хис кард, ки ман маводи кухнаеро барояш гуфтам ва у хис кард ки ман хабари имрузро неву дирузаро барояш пешкаш кардам. Баъди хамаи ин акнун фикр мекунам, ки чи гуна як муаллим, мураббия, охангсозу овозхон ва хамаи дигарон бе огохи аз  хабару тагирот дар хамон соха ё  самти худашон хар руз ба кор мераванд?  Намедонам барои чи,  вале мехохам, ки онхо хар руз донанд, ки як муаллим, мураббия, овозхон, ва гайра ва хоказои дигар дар кадом гушаи пешрафтаи дунё чи кор кард- чи навгониро чори кард, чи пешниход дошт ва амсоли ин. Аммо холо чун бо баъзехо, ки аслан онхо барои мо бояд манбаи иттилоъ ва намуна дар ин кор бошанд,  менишини, хис мекуни, ки у комилан аз ин дунё бехабар аст. Интернетро у шояд Интернат гумон кунад, ки  дар шакли нав пайдо шудааст.  Рост аст,  ки мо дар нохияхо барки махдуд дорем,  рост аст,  ки компютерхо аксаран ба Интернет ончо пайваст нестанд,  вале чизи дигар маро нигарон мекунад-он чизе ки нафарони калидиро дар зиндаги ва рузгори мо чизе нагарон намекунад.   Масалан,  табибе аз нохия кариб  хар руз ба ман занг мезанад ва дархост меекунад, ки  «Субхон, фалон мавзуъро аз Интернет барои ман бигир, ё бин кани,  кадом дорувори навро барои фалон бемори ихтироъ карданд ва гайрахо…» Яъне у аллакай медонад, ки кораш факат бо доштани маълумоти нав ва хабари тоза пеш меравад. Чаро дигарон акалан хамин корро намекунанд?  Барномаи таълими ин як тараф,  вале агар устод вобаста ба хамон мавзуе, ки мегузарад, чанд хабари тоза ва ё ягон навгониро гуяд, бовари дорам, ки ба хонандахо ё шунаванда ваё хатто хамсухбати сари рохи хам  писанд меояд.  Шояд холо касе гуфтани мешавад, ки «ин чиз хаст, дар мактаб  фалон адад компютер аст, фалон соат дар мегузарем…». Вале  вокеият дигар аст.   Холо шояд баъзе  овозхону охангсози мо надонад,  ки хамин гуна барномахое дар Интернет хаст, ки барои мисол, кори нотанависии пурмашшакати онхоро  осон мекунад (агар вокеан хам бо нотта сару кор дошта бошанд!),  шояд онхо надонанд, ки ба воситаи Интернет пули калон хам ёфтан мумикн аст,  агар хунари хуб ва эчодиёти арзанда доред… Хамин гуна, бояд намояндагони хамаи касбу кор  ба Интернет бо ягон восита ва ё бевосита дастраси дошта бошанд. Холо агар ман дар бораи сомонаи занбури асалпарварон накл кунаму аз ончо чанд усули нав, чанд иттилоъ ва маълумотро барои як марди занбурпарвари аз Интернет ноогох гуям, эхтимол, ки у маро фолбин ва дилбин  фикр кунад. Дастраси бо маълумот дар замони имруз, ки як хабар дар чанд дакика кухна мегардад, хеле мухим аст. Масалан,  будани як хати Интернет ва як компютер  дар як корхона, муассиса, богчаи бачагона кофи аст, ки бо навбат хама аз он истифода кунанд. Ё мумкин аст, ки як нафари масъул вобаста ба кори хар корманд маводи зарури ва навро чоп карда ба у бидихад. Акалан дар хафтае як ё ду бор. Як вакт барои мураббияи як богчаи бачагонаи Душанбе дар чанд сахифа шеъру чистону бозихоро бурдам. Дархол эхсос кардам, ки агар худи хамон нафар, навоварии пайваста надошта бошад,  илхомаш низ гум мегардад,  хохиш барои шавковару харгуна кардани кору фаъолияташ пайдо намешавад. Дар холе, ки  хангоми ду соат дури аз Интернет кас худро дурмонда аз чомеа ва замона хис мекунад, чи гуна аксарият озодона ба кор мераванд, дарс мегуянд, чизе мукоисави мегуянд ва менависанд? Агар шогирдон навовариро барои имрузи хамон фан ё мавзуи сухбат  пурсанд, чи посух меёфта бошанд?  Набудани Интернетро  дар чои кор- он хох вазорат бошад хох богчаи кудакона, ман холо кариб ки  сабаб гуфта  наметавонам, зеро хохиши дастрси ба он, ки мухимтар аст,  кам аст. Сабабаш хамон аст, ки маълумоти кам дорем,  барномахои тасдикшударо дар сохаи худ комилан  дигар (дурустараш-пурра!) кардани нестем, касе гуфт, ки «ончо хам чиз дуруг аст», бовар мекунем, гумон дорем, ки Интернет  факат расму суратхо ва наворхои фахш дорад!  Як вакт дар як коргох хати Интернет меоранд, ки факат дар як чанд уток будаасту халос. Як рохбар,  ки хакасбону хаммакомони у хатто дар Сомали хам аслан бе Интернет кор намекунанд ва онхо бояд хатто дар Интернет «зиндаги»  кунанд,  ба зердастонаш гуфтааст, ки  «акнун  дари кабинетро бастан даркор, то ки бачахо Интернетро «НАШИКАНАНД» » (!)  Имруз замоне расидааст, ки дар хама коргоху корхонахо,  муассисахо ва гайрахо Интернет барои кормандон дастрас бошад. Окилона истифода бурдани он бошад,  чизи мухимтар аз худи Интернет аст, ки ба он  ягон вакти дигар таваччух хохем кард.  Онхое ки имрузхо ба Интернет дастраси доранд,  як кори хубе карда метавонанд:  барои дастраси ба маълумоти  зарури ба нафарони шиносу хамсояи худ кумак карда метавонанд. Барои мисол, дар шакли варакахо! Ин  аввалтар аз хама  ба уммед хастем, ки барои як умр нест албатта,  аз суи дигар мебинед, ки кадоме аз онхо ба навгони ва тагирот суи пеш дар корашу коргохаш хавасманд аст!?  Як замон ман дар утоки сарвари  яке аз ширкатхои дастраскунандаи  Интернет дар Точикистон, як баста аризаро дида будам, ки дар он интернети ройгон хохиш карда мешуд. Хурсандиовар хамин буд, ки хамаи он хохишхо каноатманд шуда буданд. Хама чиро дониста намешавад, вале донистахои мардуми дигарро донистану фахмидан ва аз онхо огох шудану   ба каси дигар барои гани шудани дониш ва чахонбиниаш гуфтан, факат ба фоидаи кор аст. Мо дар асри техника ва коркарди маълумот зиндаги мекунем. Рост аст, ки мо холо бояд бисёр чиро аз дигарон омузем, аз дигароне, ки пешрафта хастанд, аммо боз зиёд чизхое хаст, ки дигарон бояд аз мо биомузанд. Ин табодулро бошад, фаври факат Интернет метавонад таъмин кунад.

         PS:  Чанд далел вобаста ба Интернет аз www.vseblogi.com:

  • Соли 1998  дар Рузи байналмилалии интернет Папаи Рим Иохан Павели 2  истифодаи Интернетро дуруст шуморид ва ичозат дод. (албатта барои пайравони худаш!)
  • 20 октябри соли 1969 як гурух олимони кибернетик аз Амрико хостанд,  алокаро миёни ду компютер таъмин кунанд. То чое муваффак хам шуданд.  Баъзехо хамин санаро хам хамчун рузи мавлуди Интернет медонанд.
  • Холо дар дунё беш аз 1 млрд. нафар ба Интернет дастраси доранд. Шумораи онхоро дар Точикистон бештар аз 600 хазор кас мегуянд.
  • 36% истифодабарандагони Интернет гуфтаанд, ки зери таъсири Интернет нигохи худро акалан дар бораи як мол ё махсулот дигар кардаанд,  яъне бо Интернет нигохашон тагир ёфтааст.
  • 66% истифодаи Интернетро аз тамошои ТВ шавковартар гуфтаанд.
  • Дар интернет холо бештар хариду фуруши  барномахои кумакрасон (50%), роххатхои сайёхи (20%), китобу журналхо (18%),  диску албомхои мусики ва навор (13%) роич аст.
  • Аз хама бештар-кариб 10 соати вакти худро дар  як хафта дар Интернет мардуми аз 40 сола поин мегузаронанд.
  • Хар 5-умин истифодабарандаи Интернет хамзамон Радио гуш мекунад. Тахминан 57 %  истифодабарандагони Интернет баъди аз тарики Радио шунидани ягон маълумот,  дар бораи он иттилоъи  муфассалтареро аз Интернет чустаанд.
  • Интернет вобастаги хам дорад.  Дар Хитой аввалин клиника барои мардуми аз Интернет вобаста аллакай фаъолият дорад. Агар Шумо дар як руз 18 соат ва ё бештар аз онро   дар Интернет мегузаронед,  пас чизеро дар зиндагии Шумо бояд дигар кард, то вобаста нашавед.
  • Аз руи хулосаи коршиносон Интернети аз хама тезсуръатро сокинони Куриёи чануби ва Чопон доранд.
  • Дар як мох дар тамоми дунё бо истифодаи тамоми системахои чустучуи маълумот беш аз 6 млрд. дархост кабул ва коркард мешудааст.

==================================================

  • Дар Хитой кариб 300 млн интернет истифодабаранда будааст.
  • Дар сархати давлатхои бештар ба Интернет дастраси дошта ИМА, ЧИН, Чопон…дохиланд.
  • Аввалин Интернет кахвахона дар Точикистон 19 июни соли 2000 таъсис ёфтааст. («Телекомм Технолоджи»)

===================================================

Один ответ

  1. Браво! Акаи Субхон,я согласна с вами. Примите мои абладисменты!….

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти