Реклама. «Зинда бод ПУЛЬТ»

             Реклама- ин бо роххои гуногун муаррифии ин ё он чиз бо максади шинохта шудан ва чалби харидорон, тамошобинон ё муштариён аст. Вале имрузхо мушохида мекунем, ки аксари рекламахое, ки дар ВАО-и дохили аст, кариб эффекти баракс дода истодааст. Хама медонанд, ки мардум пульти ТВ дар даст, хангоми бахшхои реклама аз ин шабака ба он шабака мегузаранд. Дар Амрико реклама чун омили таъсирбахш дар рушди иктисод накши арзандае дорад. Ончо реклама низ як пахлуи зиндагии амрикои асту он офаридаи мутахасиси рекламасоз низ моли  санъат аст.

ПУЛЬТ -яъне начотбахш!

Дар Россия таваччухи бештар аз  60%-и тамошобинонро  рекламаи ТВ чалб мекунад.  Дар Точикистон  низ рекламадихандагон  аз рекламахои телевизиони интизорихои бештар доранд. Дар бораи сифату таъсири онхо поёнтар хохем гуфт. Реклама хамон вакте хадафрас хохад буд, ки хангоми таёр кардани он хусусиятхои психикаи инсонхо ба инобат гирифта шавад. Ин кор махсусан дар Точикиситон осон нест. Зеро он насле, ки имруз  аз 40 сола боло асту холо асосан телевизорро тамошо мекунад, хамаги чанд сол пештар рекламаро  умуман надида буд. Аз суи дигар барои насли имруз, ки на камтар аз насли охири саддаи рафта серталаб аст, реклама ва боки дигар намуди таргиби максаднок ва хадафрас зарур аст. Имруз мушохида мешавад, ки реклама кариб, ки баробар ба дили харду насл задаст. Реклама бояд шавки харидоронро  бо рохи таъсир ба шуур ва эхсоси онхо бедор кунад. Аммо ман холо гумон мекунам, ки рекламахои дохилии мо аксаран хамон эълонхое хастанд, ки бо навор намоиш медиханд. Дар рекламахо бояд бахогузории аз хад ва худуд берун чой наёбад. Дар ончо бояд сохибони молхои дигар паст зада нашаванд. Ба назар гирифтани сину соли тамошобинон, имконоти молиявии   онхо, як самти дигари таъсирнокии реклама аст. Яъне рекламадиханда бояд хуб донад, ки он рекламаи моли у барои кадом сину сол нигаронида шудааст, кихо ба он таваччух мекунанд?  Аммо худатон фикр кунед, ки оё имруз дар Точикистон хамин гуна аст? Ман хеч бовари надорам, ки хамаи хамон ширкатхои рекламадиханда пурсиш гузаронида,  пул ва вакти худро сарф карда, аз руи натичаи хамон пурсиш реклама таёр карда бошанд.  Реклама- чизе нест, ки онро хама таёр карда тавонанд. Хама шояд  метавонад, ки як чизи ба реклама монанд таёр кунад, вале он рекламаеро, ки вокеан хам таъсирбахш бошад, на хама фикр карда ва сохта метавонад. Инчо хатто овозхо накши халкунанда доранд, мардум хатто инсонхо-кахрамонони роликхои рекламаро аз руи хислату хулки зиндагии шахсиашон бахо дода, баъд вобаста ба моли таргибкунандаи онхо мавкеи худро муайян мекунанд. Реклама метавонад баъди хатто як бор пахш шуданаш таъсири баракс гузорад, аммо дар хамон муддат хеч гох наметавонад пуртаъсир бошад. Яъне агар шумо имруз пойафзоли хушсифатро реклама кардед, хеч гох пагох хамаи онро аз анборхои Шумо харида намебаранд. Ходиса ва холатхои дигаре хастанд, ки ба  пуртаъсир шудани реклама мусоидат мекунанд. Ба ёд биоред, хамон ширкати пойафзолбарориро , ки бо махсулоти он журналисте  ба президенти каблии Амрико хамла карда буд.  Дар аксари  рекламахое, ки мо хамаруза мешунавем ва мебинем, аввалтар аз хама нишони касбият дида намешавад. Матнро ба гумонам  хамон нафароне менависанд, ки замони ба утоки кори онхо ворид шудани рекламадиханда онхо хамон чо будаанд. Наворгири як санъати чудогона аст, вай барои туй дигар асту барои реклама дигар. Истифодаи барномахои компютери бошад, хаёлоти рангинтареро талаб кунад хам, таъсири хубтар дорад. Ман хатман ягон вакт ба таври муфассал ва бо далелу арком дар бораи хама рекламхои дохилиамон хохам гуфт. Аз руи кор ман бо рекламадихандагон,  муаллифони матн ва идея,  рохбарони ширкату муассисахо  сухбат мекунам. Ва он мавод хам бо такя ба хамин тачриба пайдо мешавад. Пахши рекламхо дар ТВ ва Радио бояд аз руи тартиби муайян ва албатта бо назардошти психикаи тамошобину шунаванда сурат бигирад. Бояд рекламадиханда  хатто хуб донад, ки хамон рекламаи у дар баробари таъсири мусбаташ, дар чанд руз ё чанд хафта метавонад, ба дили мардум бизанад. Аз хамон чо сар мешавад, таъсири баракс. Холо бештар он ширкатхое, ки ба таёркунии реклама ва маводи таргоботи машгуланд, кормандони гайриточик доранд ва ё точиконе ончо кор мекунанд, ки аслан бо забони русси харф мезананд. Натичаи ин хамон тарчумахои тахтуллафзии матни рекламхост, ки дар Радио ва ТВ  ва тахтахои кучаву хиёбонхо вомехуранд.

      Реклама хам илми алохида аст. Ва мисли хар чизи дигар коида ва тартиби худро дорад.Дар зер чанд коидаро хохам овард, ки бофтаи ман нест.

1.  Осон баён намудани матлаб

Истифодаи калимахои душворфахм ва ибораву маънихои вазнинфахм ва бегона кобили кабул нест. Калимахои  сохавиро хам хеле окилона бояд истифода кард. Масалан, шояд гайр аз физикхо дигарон нафахманд, ки калимаи  «спектроскопия» чи маъни дорад? Инро ба хама сохахо нисбат додан мумкин аст.

2.  Шавковар фикр кардан ва сабти реклама

Аз пахлухои шавковари худи молу махсулот ва хизматгузори дида, пахлухои таъсирбахи худи ролики реклама мухимтар аст. Ин боиси дилчасп шудани хамон реклама мешавад.

3.  Кутохбаёни

Хар чи тезтар агар дар реклама ба максад наздик меоянд, хамон кадар хубтар ва бехтар аст.

4.  Рох надодан ба сохтакори ва хангома.

Хама медонанд, ки кадом махсулот ва кадом ширкат чи гуна сифату сатхи кор дорад. Аз андоза зиёд васф кардани чизе барои мардуми боакл ва бозаковат, ки харидорони асоси онхоянд, писанд нест.

5.  Окилона истифода бурдани  ракаму далелхо

Одамон  дар зарурат дурустии далелу ракамхои овардаи рекламдихандаро  месанчанд.

6.  Кутохбаёни

Ба хар сурат маълум аст, ки максади рекламадиханда ин дониш гирифтани тамошобин ва шунаванда нест. Барои хамин муфассал дар бораи он молу мавод накл кардан, мардумро хаста мекунад ва гурезон аз реклама.

7.  Монанди дар рекламахо хуб нест.

               Будани факат  як чанд нафар барои овоздихии рекламахо худаш то чое такроршави аст. Ба болои ин агар маъни, калимахо, ишорахо ва шиорхо такрор шудан гиранд, таъсири рекламахо ба тадрич кам шудан мегиранд. Дар рекламахои мо шухи ва хазли нозук намерасад. Ин низ яке аз шартхои асосии расидан ба натичахои дилхох аст. Реклама ва хар чизи ба он вобастаро дар Точикистон «Конун дар бораи реклама» танзим мекунад. Чанд макоми дигар шарту шароит ва мухлати пахши онро дар ВАО назорат мекунанд. (Бояд назорат кунанд!) Лекин мо хамчун тамошобин имруз чиро мушохида мекунем:

  • Реклама фоизи бештари вакти умумии баъзе шабакахои телевизиониро фаро гирифтааст.
  • Мухлати муайян барои блокхои реклама ба гумони голиб, ки нест.
  • Хис мешавад, ки мо аксаран холо дар тахия ва сохтани реклахо тачриба ва хаёлбофи надорем.(Аммо ман гурухеро медонам, ки дар ин самт хеле муваффак хастанд-TAG. Хушбахтона!)
  • Услубхои дигари реклама ва таргиби молу махсулотро фикр намекунем. Хама чи як маром ва такрор аст.
  • Рекламадихандагони мо, ки худашон аз нозукихои реклама аксаран бехабар хастанд, серталаб нестанд. Онхо хар чиро, ки дилхох корманди ТВ ва Радио «сохт», кабул мекунад. Натичаи инро мо кариб ки хар руз бетанаффус мебинем…
  • Натичагири аз хамон рекламахо имруз факат бо як рох сурат мегирад: агар он молу махсулотро хариданд, пас тамом. Кор ичро шуд. Ин мисли он аст, ки гуё рекламадиханда маротибаи охирин ин корро мекунад ва барои у дигар ном, мавкеъ ва нуфуз дар оянда даркор нест.
  • Вакти пахши рекламахо ба гумонам аз чониби касе аз кормандони идорахои тичоратии ТВ ва худи рекламадиханда муайян нест.
  • Ман хеч бовари надорам, ки баъзе ширкатхо бо нархи имрузаи реклама дар ТВ 2-3 сол пушти хам, зимистону тобистон хамон як ролики рекламаро «тоб» дода тавонанд. Вале мебинем, ки ким чи хел  метавонанд.
  • Дар Радио чун сарпарасте пайдо шавад, агар омиёна карда гуем,  маблаг миёни хама таксим мешавад. Баъзан дар асоси шартнома ба  чои пул махсулот гирифта шуда, ба хамкорон тухфа мешавад.  Дар ТВ хам кормандон аз маблаги рекламахо ягон фоиз мегирифта бошанд?

              Акнун худатон фикр кунед, ки реклама ва ин бозор холо дар Точикистон дар кадом поя карор дорад. То замони баркарор шудани адолат ва эхтироми коидахои чори  миёни рекламадиханда, ТВ ва бинанда — зинда бод «тарелкахо» ва  зинда бодо «пульт».  Рафтем аз ин чо, «канал ба канал….»

=================================================================

PS:  ЌОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН   ДАР БОРАИ РЕКЛАМА

Моддаи 5. Талаботи умуми ба реклама

 Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар махсулоти чопии дорои хусусияти ѓайрирекламави истифодаи маќсадноки таваччўњи  истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, ичрокунанда,  фурўшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онхо бе маълумоти муносиби пешаки дар ин маврид (ба хусус, бо рохи ќайд кардан  “хамчун реклама”) ичозат дода намешавад.

Ба воситахои ахбори омма барои чойгир кардани  реклама хамчун маводи иттилооти, тахрири ё таълифи  гирифтани маблаѓ манъ аст.

Реклама набояд дар шахрвандон хисси зўровари, тачовуз, вохима барангезад, инчунин набояд ба амалхои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воќеи зарар расонанд ё ба бехатарии онхо тахдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.  Реклама набояд ба амалхое, ки  ќонунгузории хифзи табиатро вайрон мекунанд, оварда расонад.

 Моддаи 11. Хусусиятхои реклама дар барномахои радио ва телевизион

 Дар барномахои радио ва телевизион бо реклама буридани барномахои зерин рох дода намешавад:

-суханронии Президенти Чумхурии Точикистон, Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раиси  Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Сарвазири Чумхурии Точикистон, гузориш аз ичлосияхои Мачлиси  милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, чаласахои якчояи онхо, чорабинихои давлати, маросимхои мотам  ва дигар маросимхои расми;

 -барномахои дини;

 -барномахои таълими на бештар аз як маротиба дар муддати 15 даќиќа  то 30 сония;

 -гузоришхои радио ва филмхои бадеи  бе розигии сохибхуќуќон;

 -барномахое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 даќиќа мебошад;

 -барномахое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 даќиќа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.

 -Хангоми истифодаи реклама хамчун замима ба тасвири асоси, аз чумла ба таври “сатри мухаррик”, андозаи он бояд аз хафт фоизи масохати кадр зиёд набошад.

 -Пахн кардани рекламаи як навъи мол, хамчунин пахн намудани реклама дар бораи худи рекламадианда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду даќиќа  дар муддати як соати ваќти ба пахши барномахои радио ва телевизион чудошуда  дар як мавчи намоиш ба чо оварда шавад.

 -Дар барномахои радио ва телевизиони давлати, ки хамчун барномахои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламави махсусгардонидашуда  ба ќайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи хачми намоиши шабонарўзи ва дар барномахои радио ва телевизиони ѓайрихукумати ин хачм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.

 -Дар барномахои кўдаконае, ки давомнокиаш то 30 даќиќа мебошад, пахши  реклама манъ аст.

=================================================================

Один ответ

  1. Рости гап ман он кадар вакти тамошои телевизор надорам ва намедонам, ки кадом реклама чанд бор дар як руз пахш мешавад. Вале баъзан ШОМ, вакте сари дастурхон мешинам хамон вакт баъзан тамошо мекунам. Як руз бегох вакте як барномаро ман бисёр бо завк тамошо доштам (аз ТВС) як реклама пахш шуд, ки бисёр дуру ДАРОЗ. Рости гап асаби шудаму ба шабакаи дигар гузаштам (Шабакаи аввал ва хайрият ки Пульт хаст), аммо инчо хам БОЗ хамон реклама(-е, ки ба кавле аз у гурехта будам… ))) ..) буд… Дигар, овозашро хомуш кардам то тамом шудани он!
    Хулоса, ман нисбати «рекламахо» ягон бадбини надорам, вале факат гуфтани хастам, ки хамон рекламахо агар мувофики коидаи дар боло зикршуда пахш мешуд бисёр хуб мебуд, яъне:
    — «Бисёр осон баён намудани матлаб» ;
    — «Рох надодан ба сохтакори»;
    ва мухимтар аз хама «КУТОХБАЁНИ»…!
    Ин факат фикри шахсии ман аст!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти