Чанд руз пештар президенти Венесуэла иброз дошт, ки барномаи нави бе вакту соатеро бо номи «Ногахон бо Чавес» барои шунавандахои Радио пешниход хохад кард. Яъне, он барнома метавонад, дар дилхох вакти шаб ва руз пахш шавад. У гуфтааст, ки «харфи гуфтани ва мавзуъхо барои сухбат зиёданд». Чанд вакт кабл ин президент дар барномаи дигараш — «Ало, президент» бештар аз 8 соат бо мардум сухбат карда буд. Бе танаффус. Намешавад, ки дар Точикистон мардуми мансабдор, шинохта ва
онхое, ки дар нуктахои «калиди» паи кор хастанд, хамин гуна барнома дошта бошанд? (Харчанд ман медонам, ки аксарияти онхо на сайти худро доранд, на блог ва на хатто почтаи электрониро истифода мекунанд!) Гузашта аз ин, мо холо ба барномахои Радиои ва Телевизионии хуб ниёз дорем. (Ин корро як вакте Фуркат Саидов, рохбари бадеии ансамбли Шашмаком анчом медод. Ман нафари дигарро аз самти дигару сохаи дигаре ба ёд оварда натавонистам.) Тасаввур кунед, ки як муовини Сарвазир, як вазир, як рохбари кумита ва идора, як ректори донишгох ва ё декани кадом факултае барномаи хуби бесохтакории Радиои ва Телевизиони дошта бошад. Бовар кунед, ки хам мавкеи хуб пайдо мекунад ва хам мардум бевосита метавонад назари худро баён кунад, ба суолаш чавоб гирад…Мо наздиктар мешавем. Суоли дигар ва мухимтар аз хама чизе, ки болотар гуфтам, хамин аст, ки оё онхо метавонанд хамин гуна барномахои Радиои ва Телевизиони дошта бошанд? Онхо хамин гуна чуръати мустаким бо мардум сухбат карданро доранд? Аввалтар аз хама ба ин суол бояд посух гуфт. Хохиш доштан ё надоштан хам аз чавоб ба суоли болои вобаста аст. Яъне, агар он нафар ба донишу тачрибаву мехнати халол ва иродаи худ бовари дошта бошад, он вакт у хатман ин гуна хохиш дорад. Тасаввур кунед, ки вазири иктисод дар барномаи худаш дар Радио ва ё ТВ сухбат мекунад. Таъсири он чи гуна хохад буд? Чи кадар точиру харидор , иктисоддону ниёзманди ин гуна сухбатхо онро гуш ва тамошо мекунад. Ё шумо ба ин назар хастед, ки мардуми мансабдор дар Точикистон барои ин гуна корхо вакт надоранд ? Шояд дуруст хам мегуед, лекин ман тасаввур мекунам, ки холо агар хамин кор супориш дода шавад, вакт хам пайдо мешавад ва хохишу мавзуъ хам. (Ба ёд биёред, конфронсхои матбуотиро дар хар семоха!) Ё идеяи дигар. Масалан, як ректор барнома дорад. Мавзуъ интихоб мешавад, мардум аз он каблан огох мешаванд. Бигзор рови (яъне, хамон ректор!) дар барнома бо нафаре сухбат кунад, ки вобаста ба хамон мавзуъ назари дигар ё баракс дорад. Дебат! Чаро не? Садои баъзе мансабдорони мо сад бор аз садои Чавес шояд ширадортару пурратар бошад. Бигзор сурудхони хам кунанд, хазлу шухи хам… Дар нихоят наздиктар мешаванд бо мардум.
Гумонам, ки мо аксаран аз хамин «намоёншавихо» тарс дорем. Рохбари хурди аз рохбари болотараш харос дорад, ки хар ибтикор ё идеяи уро чи гуна кабул мекарда бошад? Дар холе, ки аз чанд журналист, ки ба он мавзуъ даст мезанад, мутахасис дакиктар ва хубтар метавонад мохияти онро баён кунад, пахлухои гуногуни як мавзуъро тахлил кунад ва амсоли ин. Баъзан дар холатхои алохидае баъзе журналистон аз рохбари хамон коргоху муассиса тахлилу баррасии дакиктаре доранд, ки ин аллакай мавзуи дигар аст.
Барномахои Радио ва Телевизиони доштани мардуми мансабдор ва шинохта дар дунё ин чизи нав нест. Ба ёд биоред, ки Тони Блэр як вакт худро дар шабакаи иттилоотии Эл-Би-Си ба хайси рови санчида буд. Боб Дилан- ромишгари машхур, як вакт дар Амрико барномаи 60 дакикагии мустаким дошт, рэпер Серёга дар яке аз Радиохои Петербург барномаи мусики тахия мекард. Собик губернатори ба порахури муттахамшудаи иолоти амрикоии Иллинойс- Род Благоевич дар шабакаи Радиоии WLS-и Чикаго рови буд. Хамин гуна модельер Денис Симачев дар Радиои NEXT FM, Алла Пугачёва ва Жасмин дар шабакаи Радиоии Попса хохиши тахияи барномахои муаллифии худро доштанд. Холо шумо кадом раиси шахру нохия, овозхони машхур, иктисодчии хуб, коргардони машхурро медонед, ки ин гуна худро санчида бошад? Харчанд тасаввур кунед, ки дар Радио ва Телевизони махалли (лоакал!) шунидану дидани Раиси нохия хафтае як маротиба барои сокинони он махал (ки барои хизмат ба онхо ва бехтар кардани зиндагии онхо таъин шудааст) чи гуна шавковар аст!?
Максад аз ин гуна барномасозихо бояд факат хакки муаллифи ёфтану таксим кардани Радио ва ТВ-хо ба «хубу бад» ва «худиву бегона» набошад. Барои чи ман инро ёдрас шудам? Барои он, ки медонам, ки ин гуна холатхо, хамин гуна назархо хатман пайдо мешаванд. Холо агар ба таври доими хам набошад, ин корро дар фурсатхои муайян кардан мумкин аст. Масалан, дар мавсими гунучин ва чамъоварии хосил бигзор хафтае як-ду маротиба Вазири кишоварзи барномаи муаллифи дошта бошад, дар мавсими дохилшави ба макотиби оли хамин гуна барномаи мустакими Вазири маорифро мардум тамошо кунанд. Намешавад? Мешавад! Боз шояд барномахои будаи хамон Радио ва Телевизионро ин гуна барномахо «бо як нул» бизананд. Рекламахо дар ин гуна барномахо шояд бештар чо карда шавад. Масалан, ки намехохад, дар барномае рекламаи махсулот ё хизматрасонии худро чо кунад, ки ровии он барои мисол, Раиси Бонки Милли аст?
Рост аст, ки на хама (хатто баъзан донишмандон хам!) нутки бурро, талаффузи хуб, баёни фасех надоранд. Масалан, нафаре факат назарашро хуб навишта метавонад на гуфта, каси дигар шояд як чумлаи аз чихати имлои дуруст навишта натавонад, вале сухбату нутки хуб дорад. Баён карда натавонистани андеша ин масъалаи алохида ва чиддиест. Аз хурди бояд кудакон озодандеш ва хозирчавоб бошанд. Аз микрофон, камера, баёни андеша харос накунанд. Инро ба онхо омухтан мумкин аст! Ман тахмин мекунам, ки бо будани хамин гуна барномахо нутки баъзехо бехтар мешавад, забондонию кордонии бисёрихо маълум мешавад. Ва хам шояд маълум мегардад, ки чи гуна баъзехо бо точики дуруст харф зада наметавонанд, чи андоза мардум ба ин ё он нафар бовари ва умед дорад ё надорад, дархол маълум мегардад, ки барномахое, ки худи масъул ва ё рохбари он соха тахия ва пешниход мекунад, таъсирбахштар ва шавковартаранд. Боз хам агар сохтакори надошта бошанд! Ё шумо бовари доред, ки дар барномаи мустакиме, ки мансабдоре рови аст ва мардум озодона тамос гирифта саволу чавоб мекунанд, у ба таърифи худаш ё рекламааш даст бизанад?
Хулоса, мансабдорони гироми, (ва хам шинохташудахо ва машхурхо!) як бор ку фикр кунед, ки Шумо
хамин корро анчом дода метавонед? Рост аст, ки дар интихоб ва ё таъини Шумо шояд ин чизро ба инобат нагирифта бошанд ва вакте ки гап дар бораи пешрафту таракиёт меравад, ин шояд мухим хам набошад, вале агар бо забони Чавес ва аз руи сабаби пешовардаи у барои тахияи барномаи Радиои бигуем, «мардум харфи шуморо шунидан мехоханд», бо ин тартиб шумо ва онхо (яъне МО!) наздиктар хохем буд, чандин гапу гапчахо ва овозахо нест мешавад, сад мушкил осон мешавад…Ё не?
Filed under: Uncategorized | Tagged: Радио, ТВ, мансабдор, сухбат. |











Бисёр фикри хуб!
Ман хам тарафдори ин фикр хастам, ки мардум бояд озод суханашро гуфта тавонад ва хама мушкилию нофахмихое, ки дар ин ё он соха дорад, бигзор бевосита ба вазирону рохбарони ин ё он идораву ташкилот дар барномахои мустаким бипурсад ва назарашро бигуяд.
Аммо, чизи дигаре, ки «мухимтар» мешуморам, ин он аст, ки дар баробари он ки бо будани ин гуна барномахо маълум шудани забондонию кордонии баъзехо ё чигуна бо забони точики дуруст харф зада тавонистан ё натавонистани онхо (чи тавре ки дар боло кайд карда шудааст), мехостам хама гуфтахои онхо «дар амал» татбик шавад.
Чунки баъзе гуфтахое аст, ки факат руи когаз мемонанду халос, вале «дар амал» ичро намешаванд!
НравитсяНравится