Мардум хамеша дар интизори навгонианд. Хар чизи навро бо харорат кабул мекунанд. Хатто замоне, ки аслан он чизи нав он кадар нав ва арзандаи хамон гуна эхтирому таваччух набошад хам. Муаллифони кариб хама навгони ва тагирот комёб шудаанд ва натичаи хубро ба даст овардаанд. Бубинед, ки як харфи гайриодди, як амали гайриодди, як тагироте, ки тули чандин солхо набуд, чи кадар ба мардум таъсир мерасонад. Ман ба чараёни таблигу вохурихои пешазинтихобии намояндахо таваччух карда истодаам. Бо кадом гурухи мардум вомехуранд, дар кучохо расму варакахои таблиготии худро часпонда истодаанд, дар ТВ ва Радио чи
мегуянд…
Ман эчодкори, гапи нав, хаёлоти рангин, истифода аз усулхои хос барои моро мушохида намекунам. Хамон гуна навиштаву кариб хамон гапу суханоне, ки чандин солхо буд, хамон гуна сухбатхои умуми, хамон гуна суратхои колаби ва якранг, хатто кариб хамон суолхо аз чониби мардум ва хато намекунам, агар гуям, ки …хатто кариб хамон гуна чавобхо! Баъзехо кушиш кардаанд, ки дар як вараки андозаи муайян харчи бештар маълумотеро дар бораи худашон чо кунанд, аз дурии дури зиндагиномаашон сар кардаанд.
Рост аст, ки барои таблиг аввалтар аз хама пул лозим аст. Вале, ки гуфт, ки идея ё усули таблиг ва шинос шудан ба мардум мухим ва асоси нест? Ман ягон варакаи каме дигаргуна ва колаби набударо надидам, ман ягон ролики Радиои ва Телевизионии хубро ки таргиби ин ё он номзад бошад, нашунидам ва надидам. (Гайр аз хамин гуна як ролики таргибии радиои аз С.Дустов). Чизи дигаре, ки мехостам гуям ин аст, ки бо мардум бо забони худи у сухбат бояд кард. Онхо аз чумлахои умуми хаста шудаанд, дигар ваъдакунихо таъсири хуб намедихад, номи дурударози барномахои феълии амалишавандаро гирифтан, кадом кореро, ки дигарон анчом додаанд, мисол овардан… ва амсоли ин натичаи андак медихад. Шояд акнун дигар натича надихад. (Ба гумони ман!) Хайрон мешавам, вакте ки номзади охирин, ки 5 сол бояд дар хидмати хамин халк мебуд, аввалин маротиба дар анчоми кораш (!) бо гурухе аз интихобкунандахои худаш вохурда, каси дигареро боз тавсия медихад, хайрон мешавам, вакте ки дар охири суханрони ва навиштахои номзадхо мешунавам ё мехонам, ки «дар интихоби номзади арзанда бовари дорам, ки Шумо интихобкунандагони азиз, хато намекунед!..» ? Яъне, агар ман уро неву дигареро, ки шояд арзандатаре аст интихоб кунам, хато мекардаам? Ачобат хамин аст, ки кариб хама хамин чиро навиштаанд ва мегуянд. Хатто баъзан хамин гуна хам хаст, ки мардум худаш номзадхои сарватмандтареро мепурсад ва интихоб мекунад. Медонед, барои чи? «Вай хурдиги сер аст, вай дигар барои худаш чамъ намекунад …» Ва хеле дер хис мешавад ва хатто фош мешавад, ки «серхо» хам он кадар сер набудаанд. Мардум фахмидаанд, ки хар мансабдору макоми баланддоштае бояд аввалтар аз хама вазъи зиндаги ва рохати худашро бехтар кунад ва хамин тавр хам мекунад. (Умуман, чаро мардум фикр доранд, ки депутатхо дар 5 сол сарватманд мешаванду чаро намегуянд, ки чи хел, аз кучо? ) То вакте ки мо аз хамин нигох бахо медихем, номзади арзандаи худро интихоб карда наметавонем. Бисёрихо имруз марди зиёиеро ё кампулерову занеро дар ракобатхои интихоботи дида мегуянд, ки «аз дасти ин чи меомада бошад?» (Акнун хис мекунед, ки баъзехо аз руи суратхо номзади «арзанда»-и худро муайян мекунад.) Андешаи мардум холо хам дигар аст, ё шояд ин андешаи у нест, харчанд, ки у ба забон
меорад. Мешунавем ва мебинем, ки хар номзад барои интихоб шудан кушиш кардааст, ки накша ва барномаи худро ганитар кунад, ба касе ё хизбе такя мекунад ва ё ошкору нихон ваъдаи зиндагии шоистаро додааст. Мехохам пурсам, ки агар Шумо, номзадхои мухтарам, раваду интихоб нашавед, барои амали сохтани акалан фоизи хурди хамин накшаатон, ки ба гумонам бе номзад будан хам метавонед амали кунед, талош намеварзед? Точикистон хам дар вакти депутати ва хам дар вакти шахрванди одди буданатон ВАТАНи Шумо аст ку? Ё НЕ?
«Чаноби Хейл, Шумо барои сенаторхо дуо мекунед? НЕ, ман ба сенаторхо нигариста,… барои ояндаи ватанам дуо мекунам!»
Эдуард Хейл
Filed under: Uncategorized | Tagged: Дуо, депутат, интихобот, таргиб |











Добавить комментарий