1931-2010. Сайр аз До то Си!

22 феврали соли 1931 дар Сталинобод слёти аввали овозхонхо, навозандахо ва раккосони Точикистон баргузор шуда буд.

          Яъне, маълум мешавад, ки  хатто соли 1931 дар андешаи муттахидии мардуми эчодкор будаанд ва  шояд хамин гуна таваччух  боиси пешрафту нумуъи санъати точик гардид. Имруз чи? Шояд  дар вохури ва махфилхое, ки Иттифоки композиторону Вазорати фарханг мегузаронад,  мардуми эчодкор ширкат мекунад. Вале ин мушаххас аст, ки факат онхое, ки аъзои ин ё он даста, ё иттиходияи эчоди хастанд. Аммо онхое, ки «худру» хастанд, бо онхо бояд чи кор кард? Онхо хам аз МО хастанд-ку?! Онхо хам ба завки мардум хуб ва ё бад таъсир мегузоранд. Ба ёд оварда метавонед, рузеро, ки хамаи мардуми овозхону навозандаву раккос ва раккосахои точикистони дар махфиле ё чаласаву вохурие гирд омада бошанд? Ба андешаатон ба ин кор зарурат нест? Хаёл мекунам, ки мардуми эчодкори мо дар ин самт  ба чанд гурух таксим шудаанд:

  • гурухе, ки факат дар барномахои консертии хукумати хастанд, гуё бе онхо намешавад;
  • гурухи дигар гайр аз овозхони ва ё навозандаги кору бори дигар хам дорад, мисли тичорат;
  • гурухи дигар факат барои туйхо кор мекунанд, асоси фаъолоияти онхо хамин гуна махфилхо аст;
  • гурухи дигар барои ресторан ва клубхо хастанд.Шояд факат барои ин гуна чой нестанд, вале имруз кушиш мекунанд,  ки дар хамон доира бошанд;
  • барои гурухи дигар бо ракс баёни эхсосхо шояд писанд ё макбул набуд, ё шояд он доира танги кард, ки гузаштанд ба овозхони;
  • гурухи дигар аъзоёни ансамбл ва дастахои хунарии хуб хастанд, вале кам касоне ёфт мешавад, ки онхоро мешиносанд, яъне онхо дар сахнаву хамзамон пушти сахна хастанд….

Мушкили дигар хамин аст, ки дар аксари маврид онхое, ки гуфтем «худру» хастанд, аз нафароне, ки дар кисса хуччати аъзогии кадом муассисаи эчодиро доранд, мухлиси бештар доранд.Гурухи мухлисони онхо албатта аз якдигар хам бо завк ва хам бо фахмиши мусики фарк доранд ..ва ин тамоман мавзуи дигар аст. Ва чун мо аз слёти эчодкорон дар Точикистон дар соли 1931 огоз кардем, ба худ меандешам, ки магар мумкин нест, ки :

  1. сари чанд вакт хама онхое, ки ба овозхони, навозандаги ва ракс машгуланд, дар махфиле гирд оварда шаванд, сухбати ошкоро ва бепардае бошад ончо, масъалахо гузошта шаванд, шояд курсхои омузиши  таъсис ёбанд, шояд мушкилихо бартараф гарданд….?;
  2. дар барномахои консертии хукумати, бахшида ба ин ё он санаву иду чашнхо факат гурухи муайяни сарояндахо ва сурудхо неву дар катори чанд нафари онхо чехрахои нав ва эчодкорони махалли (яъне, аз музофот!) хунарнамои кунанд?;
  3. базаи махсуси мавзуъхо, шеър ва оханг таъсис ёбад. Масалан, дар Интернет!  Шоир ончо шеърашро мегузорад, охангсоз охангашро, дигаре мавзуъеро чо мекунад, ки бигзор  вобаста ба он шеъру киссаву асар офаранд… Онро дар  Вазорати фарханг хам таъсис додан мумкин аст. Хар овозхон ба ончо ворид шуда,  маводи макбулашро интихоб мекунад.  Бепул ва пулаки будани маводи он хазина бигзор  интихоби бошад;
  4. хамон гуруххое фаъолияти расми кунанд, ки аъзоёни доими, асбобу тачхизоти зарури ва чои машк доранд. Ин чараёнро ташкил ва сабт кардан  кардан душвор нест;
  5. хазинаи сабтхои тарона ва сурудхои овозхонони Точикистон лоакал барои дустдорони хунару мусики, сарояндахо, охангсозон …манбаъ ва мактаби хуби омузиш ва эчодкори буда метавонад. Ба ончо бигзор онхо бо тартиби шоистае дастраси ёбанд; (Як вакт-чанд сол пештар, мо барои эфири Радиои «Ватан» хостем аз он Хазина, ки аз они миллати точик аст, суруду тарона  бигирем. Руйхат тартиб додему пешниход кардем. Мактуби мо хамин гуна бечавоб монд…)..

Холо хис мешавад, ки дар баробари дурии мардуми эчодкор аз якдигар, баъзан ракобат хам миёни онхо носолим аст, овозахои зиёд дар мавриди ин ё он нафари онхо пайдо мешавад. Онхо чи хел, бо кадом рох ва кай инро рад ё тасдик мекунад, касе намедонад… (агар ба назар нагирем, ки дар баъзе газетахо «мусохиба»-хо бо баъзе шиносу ношинос чоп мешавад!). Хамчунин ба хаёлам, ки холо шогирдхо хатман бояд аз ватан, яъне зодгохи устод бошанд, холо овозхон шеърхои шоири хамшахрии худашро мехонад, фикри онро, ки дар шимоли кишвар мактаби фалаку дар чануб мактаби  шашмаком натичаи хуб намедихад, аксар пинхону ошкор тасдик мекунанд (харчанд, ки дар Файзобод дастаи наврасон ва чавонони Шашмакомхон як вакт хатто устод Чурабек Муродовро мафтун карда буд!), аз овозхони туй дар аксар маврид фахмидан мумкин аст, ки сохибтуй аз кучо аст, аксар эчодкорон  коре кардани мешаванд, ки ба ин ё он нафари мансабдор писанд биёянд, хамчунин дарк кардан душвор нест, ки ба касе бештару ба касе камтар таваччух кардани хамон гурухи мансабдор ба бокимонда эчодкорон таъсири НА хуб мерасонад ва  мардум хам инро медонанд, аксари овозхонони мо он кадар магрур хастанд, ки хаёлам волидонашон хам шояд аз онхо аввал ичозат пурсида, баъд сухбату мурочиат кунанд…

Хулоса, хис мекунед, ки МО (дурустараш, Шумо-сарояндаву навозанда, композитору раккосу раккосахо!) имруз хам -бо гузаштани кариб 80 сол аз нахустин слёти эчодкорони мусики  ба  сад чунин СЛЁТ, ВОХУРИ, МАСЛИХАТ, ОМУХТАН, ТАБОДУЛИ ТАЧРИБА ВА ДОНИШ… ниёз дорем (д)?

PS:   (Маълумоти поёни бо такя ба  «Памирская традиционная инструментальная культура»,  Маркази иттилооти-тахлили ва рисолаи Р.Н Аминчонов омода шудааст)

  • Солхои 1920 ва 1930 зери шиори мубориза бо бовари ва тафаккури кухнаи дини сароидани марсияву мадхия ва  хар чизи амсоли онро манъ карда буданд (махсусан дар Помир);
  • аз руи хамон слёте, ки дар огози ин матлаб гуфтем, китобе хам нашр мешавад, ки боби охираш ба мусикии мардуми Бадахшон бахшида шуда буд;
  • Е.Е Романовская тобистони соли 1935 ба Помир рафта, аз нохияхои имрузаи Рушон ва Шугнон беш аз 60 суруду таронахои мардумиро сабт мекунад;
  • соли 1937 дар Сталинобод Кабинети илми-тадкикотии мусикии мардуми таъсис дода мешавад, ки он аввалтар аз хама ба чамъоварии фолклор сар мекунад;
  • соли 1941 дар дахаи санъати точикон дар Маскав мачмуаи «Мусикии Точикон» ва «Мелодияхои Помир» нашр мегардад;
  • соли 1962 китоби дарсии  В.Беляева бо номи «Очеркхо оид ба таърии мусикии мардуми СССР» барои мухассилини консерватория нашр шуд, ки як боби он ба санъати мусикии Точикистон бахшида шуда буд;
  • мусикии классики точикон-Шашмаком аз 7 ноябри соли 2003 аз чониби Юнеско чун ганчинаи инсоният пазируфта шудааст;
  • дар нимаи дуюми солхои 40-уми асри 20 бо дастгирии Садриддин Айни ва Бобочон Гафуров сабти дуюми Шашмаком сурат мегирад ва барои ин ба Душанбе Б. Файзуллоев, Ш. Сохибов, Ф. Шахобов даъват карда мешаванд;
  • симпозиумхои якум ва дуюми байналмилалии мусики солхои 1978 ва 1983 дар Самарканд баргузор шудааст. Хамин гуна симпозиумхо дар Исфара-соли 2003 ва Душанбе-соли 2008 баргузор шудаанд;
  • соли 1921 дар Бухоро мактаби мусикии Шарк кушода шудааст, ки Бобо Чалол Носиров, Бобо Гиёс Абдугани, Мирзо Назруллохи Танбури, Домулло Халим Ибодов, Леви Бобохонов, Маъруфчон Тошпулодов аз аввалин устодони ин мактаб буданд;
  •     сабт ва нашри Шашмаком дар соли 1924 аз  бехтарин корхои хукумати хамонвактаи Бухоро буд;
  • соли 1929 дар Хучанд  техникуми мусики-театри кушода шудааст, ки он аввалин муасисаи таълимии мусики дар Точикистон буд;
  • соли 1935 ба  студияи назди консерваторияи шахри Маскав -Ш.Сохибов, Ф.Шахобов, М. Ашрафи, М. Бурхонов, А.Халимов ва дигарон дохил мешаванд. Баъдтар Ш.Сохибов ва Ф.Шахобов барои зиндаги ба Душанбе меоянд ;
  • соли 1928 дар Самарканд Институти мусики ва хореография таъсис меёбад ва сарвари он Н.Миронов таъин мегардад; 
  • соли 1932 хамон Н.Миронов китоби «Мусикии точикон»-ро тахия мекунад, ки дар он дар бораи 58 намунаи  эчодиёти мусикии  халки точик маълумот омадааст. Хамин намунаро у дар слёти аввали овозхонхо, ромишгарон ва раккосони Точикистон  дар соли 1931 сабт карда буд;
  • солхои 50-ум ба кори чамъовари ва омузиши мусикии мардумии точики бахши таърихи санъати институти таърих, археология ва этнографияи Академияи улуми Точикистон, ки бо ибтикори Н.Нурчонов таъсис ёфта буд, машгул мешавад;
  • аз 26 то 28 марти соли 2004 дар Душанбе симпозиум ва фестивали байналмилали  фалаксароён баргузор гардида буд;
  • соли 2003 бо фармони Президенти Точикистон ансамбли давлатии «Фалак» таъсис  дода шудааст.

 

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти