Ваша каша!

         Аз соли 2006 Наша Раша- ин лоихаи тахкиромези руси руи кор омаадаст. Онро аз огоз бо хамдастии аъзоёни лоихаи «Комеди клаб» тахия мекунанд.  Ва тахминан аз хамон вакт сару садохо аввал паст-паст, баъдтар факат дар миёни мардум ва танхо баъди ин-хеле баъдтар -дар миёни макомоти баландпоя пайдо шуд, ки «онхо дар яке аз сахнахои худ  ба тахкири миллати точик машгуланд». Кушишхои то имруз анчомдода, номахо, эътироз ва тахдид ба суд .. барои он гурухи «эчоди»  комилан таъсир намекунад. Хатто дар  Интернет сахифахои гуногуни махсус ба ин лоиха бахшидашуда хам хаст, клуби  «дустдорон»-и ин барнома  таъсис ёфтааст ва хатто як вакт дар як хафтаномаи точики гуё «мусохиба» дар бораи Наша Раша ва хамкорони ин лоиха хам нашр шуда буд ва журналисти мо ба онхо  «муваффакият ва комёби» хам орзу карда буд(!). Бовар намекунед? Ин рост аст!  Хамин чо акнун ба чизи дигаре таваччухи шуморо чалб мекунам. Ба ёдатон хаст, ки замони Шурави ва хатто чанд соли баъди истиклоли давлатхои собик шурави хам,  дар хама латифахои мардуми рус кахрамон чукча буду агар гап сари Осиёи Маркази мерафт, узбакхо кахрамони хачви онхо буданд? Чи шуд, ки якбора онхо кахрамонони латифа ва киссахои хачвии худро дигар карданд? Тахмину фарзияхои гуногунро фикру пешниход кардан мумкин аст. Дар матбуоти даври менависанд, ки онхо (яъне, тахиягарони Наша Раша) аз бепанохии намояндахои миллати мо дар Руссия истифода кардаанд, дигаре мегуяд, ки мо хукуки худро ба дарачаи зарурат надонистем ва намедонем…Пешниходхо хам шудаанд, ки барои  ба Олмон рох надодани ГАЛУстян аз сафоратхонаи Олмон даъват ба амал оварда шавад, гуфтанд, ки биёед чун нишони эътироз дигар молу колои русиро намехарем, хатто дар мавриди гирдихамои дар назди сафорати Руссия дар Душанбе  хам ишорахо хастанд… Яъне хама кореро, ки дуруст ва таъсирбахш мехисобад, пешниход мекунад. Хачвнигорони мо чи кор кардаанд? Як вакт ман хайрон будам, ки барои чи онхо бо хачв чавоби сазоворе намегуянд, то кай касе бояд ошкору нихони супориш дихад ва баъд ин кор анчом ёбад? Вале баъди каме тахлил гуфтам, ки НЕЪ, мо (яъне хачвнигорони мо!) ин корро наметавонем(наметавонанд)! Ё метавонем (метавонанд)? Метавонем, ки хамин гуна лоиха ва хачву масхарае фикр кунем, ки дар холи эътироз кардани онхо гуем, ки  «ин тахкири шумо нест, мо худамонро хам мазох мекунем, онхо руси ё армани гап назада истодаанд?» Метавонем хамин гуна «лоиха»-ро фикр кунем? Чаро то ин дам кадом хачвнигори мо ин корро накард? Канд зананд, мардуми «СССР» (хафтаномаи СССР, барои вокуниш ва рубрикаи «Ваша Раша»!). Хачвнигорони мо «наметавонанд» гуфта, ман рости гап,  каме дуруг гуфтам. Метавонанд! Ба ёд оваред сахнаеро, ки дар он Ш.Солех, Б.Рахимов, Т.Халилов накш офариданд. Ба ёд овардед? Бале, хамон Зайдуллои тарчумонро! Киро мо ончо мазох кардем ва дуруггуву дузд нишон додем? Русу арманиро не! Ба ёд оваред сахнаеро аз «Лахзахои гуворро»! Офарин, хамон «Зачем ва почему хлеб»-ро! Ё шумо «Ибрагим»-ро ба ёд овардед? Ходисахо дар Руссия мегузаштанд, вале ончо русу армани таънаву мазох нашудааст! Гурухи «Хандоханд». Сахнае доранд, бо номи «Мухочират». Ончо ду нафаре, ки на рус хастанду на армани меравад ба магазин. Якеаш чор нон харидани шуда мегуяд  «пять хлеб и один не надо!» Нафари дуюмаш  ончо ворид шуда тухмро назди фурушанда мегузорад ва мегуяд, ки «дай его маму!» Тамошо кардаед, ки мардуми хачвнигори мо ба Руссия сафари «хунари» карда, чиро ба онхо (дурустараш, ба намояндахои хамин миллат!) нишон медиханд? Хамин гуна як лоихаи тахкиромези дигарро дар Душанбе хам  ёфтан мумкин аст: Комеди Клаб-бо услуби точики! Шумо ягон бор шунидаед ё дидаед, ки он мардум дар ин Ватан тавлид шуда,   дар Душанбе зиндаги карда, киро мазоху масхара мекунанд?  Кариб хамаи ин гох аз тарики ТВ-хои давлати, гох дар дукону фурушгоххои конуниву гайриконунии дискхо  ва гохо дар толорхо  ба  тамошо  ва фуруш  гузошта шудааст. Баъзе нафарони шинохта хам баъзан дар сухбатхояшон моро он кадар аз бегонахо  вобаста медонанду хама доштахои моро ба  онхо хамин гуна робита медиханд, ки хайрон мешавед. Гузашта дигар буд, холо мо мустакилем!  Бегонае боре ба ёд меорад, ки хазорхо ТОЧИК дар Чанги дуюми чахони халоку мазлум гашт, хазорон ТОЧИК дар Афгонистон маъюбу шахид шуд?  Бегонае гуфт, ки онхо як вакт хамватани мо буданд?  Дастандаркорони Наша Раша баъди хамаи ин фикр карданд, ки ин миллатро тахкиру мазох кардан мумкин аст. Бозам вакте ки худашон ба мазохи худашон огоз кардаанд. Хамин идея хам шояд баъди худмазохкунии мо пайдо шуда бошад. Агар чунин нест, пас якин аст, ки «хачвнигорони мо»  аз онхо «илхом» гирифта, «эчод» кардаанд!!!

Тасаввур кунед, ки кор то дарачае расида, ки новобаста ба хама эътирозхо серияхои дигарро ба навор мегиранд, мачмуи ин намоши тахкиромез ва аксу суратхои мухталиф  дар Интернет пайдо мешавад ва  бепул хатто дастрас хастанд, аз хисоби овозахои худашон пахнкарда, масалан дар мавриди хатар ба чони ГАЛУстян ва хамсари у худро «реклама» мекунанд… (Холатхое хам буданд, ки маро чун ровии «Субхи Ватан»  шунавандахо мегуфтанд,  ки дар мавриди актёрони ин сериали тахкиромез маълумот бидихам!)

Як вакт нашрияи гарбие дар мавриди сайёхони рус дар гарб маводи танкидие нашр карда буд, ки чи гуна русхо дар гарб худро идора карда наметавонанд, занхояшон дар «пляж» мисли филбачахо хастанд (яъне, фарбеху безеб!)… Медонед, чи кадар мардуми оддиву мансабдори рус сари он нашрия  вохимаву хангомаву тахдид карданд?  Артур Шопенгауэр гуфтааст, ки  «факат шахси пасте метавонад,  ки касеро паст занад ва тахкир кунад!» Шояд аз хамин нигох ва хам хам аз нигохи он, ки «ман бад кунаму ту бад мукофот дихи, пас фарк миёни ману ту чист бигу?»  мо натавонистем, ки мисли саломашон ба онхо алейк гуем?  Акнун бо назардошти холату вазъу нигаронихо ва окибати ин гуна тахкирхо шояд аз он ду масали болои сарфи назар кунем-а? Зеро бозам хамон бузургони миллати мо гуфтаанд, ки «чои гул гул бошу чои хор хор!»

Ва чизи охирин! Мо ба гумонам, ки холо дар мавриди роххои мубориза бо хамин  гуна тахкиргарон, бо пахнкунандагони овозаву гапу хабари бардуруг дар мавриди мардум ва миллати мо …ба як нуктаи мутамарказ, як базаи маълумоту далелу арком, сахифахои махсус мисли онхо,  як хонаи вертуалии вохурихо… ниёз дорем. То ончо якдигарро дар андешаву идеяхо пурра кунем ва шояд ислох кунем, чавобхои саривакти дихем… Ончо бояд факат бо забони хамон мардум барояшон навишт. Зеро дар баробари чавоби окилона, он сухане, ки баъди дидани ин гуна мазоху тахкири як миллати бузурге, мисли МИЛЛАТИ ТОЧИК ба сар меояду кас гуфтан мехохад,  бояд бо забони худи онхо гуфта шавад. (Фахмидед ба гумонам!)  Забони модарии мардуми мо забони каломи дурусту  поку оли аст!

Дур нест он замоне, ки ин гуна тафрика ва пастзании миллате,  ин нодида гирифтанхои вокуниши як мардуме, худро «бародар» вонамуд карданхову ба латукубу  куштору тобутхои катори сокинони кишваре кариб  бефарк  будан…. ба  сари  ташкилкунандахои  он подоши сазоворе меорад. Яъне, он вакт  тавре  ки дар ончо мегуянд,   «каша» — ро  бояд пазандаи он бихурад!!!

PS: Расми ГАЛУстян ва ё расми дигареро аз он лоиха дар ин чо ман махсус нагузоштам. Биёед, аз хамин чиз сар мекунем!

комментария 3

  1. Ахсан Субхон. Бисёр суханои хуб. Ман хам чонибдори суханхои шумо хастам.
    То чое огох шудам пас аз намоиши филми «Наша Раша» (Яйца судьбы) , Иттиходи точикони Руссия аз тарики ВАО эълон доштанд, ки ин барномаро ба додгох мекашанд то онхо аз халки мо расман узр пурсанд ва намоиши филмро катъ намоянд. Худо барори коршона дихад, икдоми хубе карданд.
    Максади ман аз ин сарсухани дароз ин аст: дар дохили «Тангем»-и ман ду нафар донишчуи точик хамчун мусофир савор шуданд ва яке чониби дигари хамон филмро, ки номашро дар боло зикр
    кардам кисса мекарду механдид. Ман хайратзадаи кору гапи он чавон будам, ки чи гуна тахкири миллати худро тамошо кардаву боз шарм накарда онхоро (русхоро) чонибдори мекунад. Хостам чизе гуям аммо «клиент всегда прав» , чун ман хамчун ронандаи мусофиркаш дар хизмати онхо будам. Харчанд, ки филмро то он лахза надида будам,
    аммо эхсос мекардам ва аз наклхои он чавон пай бурдам, ки он чо миллати моро тахкир мекунанд. Хулоса аз руйи кунчкови имруз он филми «таърифиро» пайдо кардаму дидам. Хеле бад буд!!!
    Мубориза бояд бурд бар зидди онхо, на ба мисли «Лахзахои гуворо»-ю «Хандоханд», балки (акаллан) ба мисли «СССР» Зинда бод «СССР»!

    Нравится

  2. Дар масалаи Каша,вокеан хам ин мардум яъне ба имлои ман,ун нафаре ки дар мухочират будам ,калласурххо аз худ рафтаанд уно ман хамчун собик мухочир мегуям ки худашон дилу гурдаи вокеи надоранд бачои дилу гурда ончо ё ВОДКА асту ё САМАГОН,дар масалаи танкид онхо хамон нафароне хстанд ки ба забони мо уноро хона шеру майдон гариб мегуянд,хатто ходисахое буданд ки барои калимаи кабехи чурки гуфтани хамкорони калласурхам борхо бо онхо дастбагиребон шудааму голиб хам омадаам бале бале голиб омаадам …Ман як чизро намефахмам дар ин каша дуруягии ин мардуму сиёсатбоззии онхо худ нишон аз он медихад ки уно тавре аз забони худи эшон маълум аст за водку не то что родину даже готови маму своего продать, бале бале ин хама пули калон аз тарафи дигар клану мафияхои гайри точик аст… агар чунин намебуд пас чаро ман дар Афгонистон чангидаму хамчун чанговари интернасиолист аз дигар точикхо бартари доштааму марро хатто милиса чест медихад… яъне аз ана хаминчо маълум аст ки ин сиёсати ягон клан ё мафияи гайри точик аст… Шиори СССР мо метавонем.. яъне …….. ба фикрам фахмидед… ман хам нагз ончо захрама чакконда будам…. мо бояд ба дигарош ки инчо хам мисли ватани худ рафтору кирдор мекунанд бояд фахмонем ки ……. бовар кунед сарам вайрон шуд…. Хаааа ман номаро фаромуш кардам нависам…. С.Н…

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти