Ман имшаб хоб дидам, ки хама мардум ошкоргу ва ростгу шудаанд, хама хато ва гунохи худро икрор шудаву пушаймони хурда аз хамдигар авфу узр хоста истодаанд. «Ман хам ин корро мекунам, ман гунахкортар аз хама хастам, ман аз ин пас факат рохи неки ва ростиву савобро пеш мегирам»-гуфт як нафар. Уро чехрааш ба ёдам намондааст. Хамин гуна хаёл мекунам, ки ончо хама чехраи кариб якхела доштанд! Ман ба харфаш гуш додаму… бедор шудам…
Гиря барои туву ман,
Ханда бари зогу заган,
Чанг барои илму фан,
Хам зи барои ин Ватан,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Аз сари тарсу хам ситез,
Аз сафи аскари гурез,
Ракс хато ба вакти «рез»,
Косаи гардсуз тез,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Дар куху дар адир шикор,
Масти ба вакти кишту кор,
Сад каса бахри кору бор,
Пушти дари идора зор,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Сайди шикор гуломро,
Лабрези гусса чомро,
Пасту хамида бомро,
Бехуда хор номро,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Зангирии пуштихама,
Ситам зи худ каме кама,
Буридани сари хама,
Кидат рафики хамдама,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Шоира хор мекунам,
Зурора зор мекунам,
Кай дигар ор мекунам?
Ёд зи дор мекунам,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Гурез зи халк чун саманд,
Имруз фанд, пагох фанд,
Нархи наво пасту баланд,
Намак ба ком чои канд,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Сар зи шароби ноб чуш,
Шираи шири мург нуш,
Вакт ба Оби гарм хуш,
Аз шашу дуву ду хуруш, +
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Як ду чавона тез пир,
Об кати ба зарфи шир,
Чо ба камони кухна тир,
Кори газитора чазир,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
Ханда барои туву ман,
Гиря барои бекафан,
Сулх барои илму фан,
Хам зи барои ин Ватан,
Ман накунам, ки мекунад?
*******
P.S. + инчо фармони раками 622 дар назар аст!
Filed under: Uncategorized | Tagged: Бедори, гунахкор, савоб, хоб |











Салом. БЕХТАРИНи БЕХТАРИНхо.
Мисрахои аввалу охир маъкулам шуд. САломат бошед!!!
НравитсяНравится
Мухаммад Икбол гуфта; чи мебояд мардро?
табъи баланде, машраби нобе, дили гарме, нигохи покбине ва чони бетобе.
Ва Шумо хамин гуна инсонед!
НравитсяНравится
Салом! Субхон, хобат ачиб аст!
Обод Радиои «Ватан»
Ту накуни, ки мекунад?… )))
Зинда бошед!
НравитсяНравится