Мо корвонем!!!

       Дар охирин чаласаи Шурои Мачлиси Милли зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар гардид, ки  минбаъд матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда шуда, лоиҳаи санади меъёри ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор бо забони давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Ин дархол боиси  дар матбуоти руси-хам рузномаву хам сахифахои интернети- пайдо шудани як навъ  «нигарони»  шуд. Ачоиб ба назари ман хамин  чиз аст, ки вакти дар Точикистон кушода шудани Донишгоху мактабу филиали макотиби олии руси он мардум хомушанд,  намегуянд, ки  «ин Точикиситон аст, ки барои хамин гуна муассисот ичозат дода истодааст, ташаккур».  Дар кишвари дигар, масалан хамон Украина, ки то чое бо русхо решапайванди хам доранд ва ё Гурчистону Эстонияву Латвия ва Литва  оё метавонанд, ки хамин гуна шумораи зиёди макотибу марказхои русиро фаъол кунанд? Онхо хам як замоне «узви хамон оилаи калони СССР»  буданд ку?!  НЕ!

Чунин ба назар мерасад, ки онхое, ки ба навиштани ин гуна мавод машгуланд, аслан дар бораи Точикистону мардуми он,дар мавриди таъриху фархангу тамаддуни кадимаву бойи мо-  маълумоти дакик ва кофи надоранд.  Аз суи дигар тасмими мустакили як давлати сохибистиклолро, ки барои намурдани забону фархангу миллаташ гирифта шудааст, ин кадар чилва ва тобиши дигар додан барои ки лозим аст? Дар сурате, ки фахмо аст — дар зарурат хама санадхои хукуки тарчума хоханд шуд!  Хануз кабл аз ин тагирот дар замони икдоми каблии Хукуматии Точикистон барои рушди забони точики профессори кафедраи Осиёи Марказии  Донишгохи ба номи Гумбольдти Берлин  Луц Жехак  дар як мусохибааш гуфта буд, ки дар Осиёи Маркази махз Точикистон аввалин шуда ба забони миллат макоми давлати дод ва дигарон ба онхо пайрави кардаанд. Ин профессор хамчунин гуфта буд, ки «ба забон макоми давлати додан дигар асту онро вокеан хам забони давлати кардан тамоман дигар!»  Ва ин дуруст хам буд. Акнун агар бештар аз 20 сол кабл точикон ба забони худ макоми давлати дода буданд, имрузхо онро мукаммалтар мекунанд ва кушиш мекунанд, ки бо ин тартиб ин забон, ки таърихи кадима дорад, вокеан хам давалати ва дорои макоми баландтарин бошад. Ва аммо ин профессор дар мавриди он хамватанони мо гуфтааст, ки дар нуктахои калиди кор мекунанду забони давлати-точикиро намедонанд, хуччатгузории онхо бо забони руси аст.  Онхое, ки дар мавриди ин конун ва тасмимхои охири давлату хукумати Точикистон менависанду мегуянд, фаромуш мекунанд, ки Точикиситон  факат Душанбе нест, мардуми атроф хам хукук доранд, ки санаду фармону дигар маводи заруриро бо забони барояшон фахмо хонанд. Бовар кунед, ки мо холо хам кушиш мекунем, ки дар чамъомаду семинару нишастхо барои як ду каси дар раёсат буда, бо забони руси харф бизанем, дар дигар чо аллакай фахмиданд, ки онхо хукуки комил доранд, ки бо забони модариашон харф бизананд, тарчумонро даъват кардану дар андешаи баргардони будан бояд факат ташкилкунандагони он нишастхоро ба ташвиш биорад. Вале ман хам борхо шохид будам, ки дар семинару нишасту вохурихо, махсусан замоне, ки дар он ягон шахрванди хоричи ширкат мекунад, сухбату маърузахо беихтиёри хамагон бо забони руси сурат мегирад. Ёдам хаст, ки ман бо муаллими варзише,  ки дар кадом мактаби шахри Душанбе кор мекардааст, боре бахс карда будам.  У мегуфт, ки «ман шогирдонамро мачбур мекунам, ки баёнотро дар зарурат бо забони руси нависанд, зеро мегуям, ки шумо пагох ба Русия мардикори меравед, бояд он забон, яъне русиро донед».  Ман гуфтам, ки шумо баъди хамин «гуломпарвари»-атон дигар хукуки кор кардан дар мактаби точикиро надоред! Ки гуфт, ки точик бояд як умр ба Русия ба гуломи биравад, барои чи шумо шогирдонро дар рухияи милли ва бовари ба фардо тарбия намекунед ?  «Барои кишваре, ки аксарияташ точик аст, конунхо барои забони точики манфиатовар нестанд ва лозим хам намешаванд»-мегуфт. Хулоса, ки у намехост икрор шавад, ки забони модарии худашро намедонад, намехост, ки омузад, факат мегуфт, ки ман дар Донишгох дар гурухи руси хондаам.  Лекин ин бахона шуда наметавонад.  Мушкил имруз хамин аст,  ки назархои нодуруст дар дохили Точикистон хам хастанд. Касе нагуфтааст, ки забони руси бояд набошад, он забони илмомузи хасту забони муошират. Аммо дар ин кишвар , ки зиндаги мекунем, бояд ба забони ин миллат ва забони давлати эхтиром гузорем ва онро омузем!  

Мардумро то ин андозае, ки дар баъзе маколахо омадааст, гул задан ва тасаввур кардан мумкин нест. Хамин гуна баъзан менависанд, ки гуё русидонхо ва русхоро аз инчо пеш карда истода бошанд. ОН профессоре,  ки номашро дар болотар гуфтем, менависад, ки «масалан дар Олмон хам забони давлати Олмони аст, аммо хама медонанд, ки барои «карьера»  ва мавкеъ доштан, илм омухтан -онхо бояд забони англисиро донанд. Ва онхо меомузанд забони англисиро. Дар Точикистон хам забони руси метавонд хамин гуна накш дошта бошад!»   Барои маълумоти Шумо овардани хастам, ки дар Арманистон хам хамин гуна конуне, ки акнун дар Точикистон хаст, амал мекунад. Масалан ончо рисолаи илмиро бояд бо забони давлати, яъне армани бинависед. Аммо ончо онхое, ки мехоханд аз доираи илмии  дохили-армани бештару зиёдтар омузанду донанд, берунтар мераванд, рисолахои худро бо забонхои руси ва англиси тарчума мекунад. Маълум аст, ки илм домани васеъ дорад ва хох нохох гайр аз забони давлати барои корманди илми зарур аст, ки забонхои дигарро омузад ,тачрибаи олимони кишвархои хоричии дуру наздикро тахкику андухта,  мукоиса кунад. Ва у ин корро, масалан дар Точикистон, бе «дилсузи»-и каси дигар хам дар ВАО-и руси  мекунад. Дар давлати Швеция хам хамин гуна аст, ки кори илми метавонад ё бо забони давлати-шведи бошад ва ё бо забони англиси!

Рост аст, ки барои вокеан хам забони давлати  шудани забони точики адабиёти гуногуни илми-оммави ва омузиширо бояд бо сифати баланду теъдоди зиёд нашр кард. Ман фикр мекунам, ки тарчумаи китобхои аз чихати маъни  арзиши гарондоштае, имруз аз харвакта дида заруртар аст. Чопи китобхои адибону олимони мо хам хуб аст,аммо дар баробари ин тарчумаи китобхои барои мардуми мо зарур ва шавковар низ манфиати бузург дорад. Дар тарчумони ва намоишхои китоб Ирон хеле пешрафта аст.

Гуфтан мумкин аст, ки дар Точикистон кадами аввали мавкеъи устувор ёфтани забони точики гузашта шуд, ки он хам бошад, кадами хукуки аст, яъне мо конуне дорем, ки дар доираи он бояд акнун  чанд кадами чиддии дигарро гузорем-китобхо,  лугати истифодаи васеъ,  шароити мусоид барои омухтани забони точики на факат барои мардуми хоричи ё намояндахои халкияту миллати дигар,  балки барои точиконе, ки бо забони модарии худашон озод сухбат карда ва  навишта наметавонанд, зарур аст.  Профессор Луц Жехак мегуяд, ки  «дар Донишгоххои Точикистон хам, мисли Олмон ва кишвархои дигар бояд фанни забони точики чун забони хоричи бошад. Дар Ирон хамин гуна институт барои хоричиён амал мекунад, ки онхо ончо забони форси меомузанд. Иронихо усули таълими худиро хам коркард намудаанд.»  Ёдрас мешавам, ки ин донишманд муаллифи хамин гуна китоби таълимиест, ки бо истифодаи он хохишмандон дар Олмон  забони точики меомузанд.

Вокуниши ВАО-и руси дар холест, ки дар конуни асосии кишвари мо банде, ки забони русиро забони муошират нишон додааст, хануз мавчуд аст. Ман тасаввур мекунам, ки агар дар конуни нав хатто ишора ба он мерафт, чи ходиса дар сахифахои матбуот сурат мегирифт,чи маводи росту дуруг ва комилан дуруг нашр мешуд. Дар болотар ман дар мавриди онхое гуфтам, ки дар Точикистон зиндаги мекунанд,  дар шиносномаашон ТОЧИК навишта шудааст, вале бо забони модариашон на харфи дурусте мегуянд ва на бегалат навишта метавонанд. Гумонам бо таъсири хамин гуна ашхос зухуроте нодурусте доман пахн кардааст, ки гуё касе бо забони руси сухбат мекунад, кудаконаш дар Донишгоху факултаву мактабу богчахои руси таълиму тахсил мегирад, замонави ва пешрафтаанду касе, ки шояд он забонро намедонад, кудаконаш дар муассисоти точики мехонаду тарбия меёбад, кафомонда. (?)  Барои хамин, биёед, лоакал дар хама махфилхо кушиш мекунем, ки бо забони точики сухбат кунем, тарчумонро бошад, бигзор нафарони ташкилкунандаи он махфил даъват кунанд. Биёед, барои баландтар кардани мавкеи забони модари хама кушишро сарф кунем.  Мо бо забони модарии худ сухбат мекунем ва дар ВАТАНИ ХУДАМОН  ба ин ХУКУК ДОРЕМ! (Аз суи дигар,  гумонам, ки  ин МАСЪУЛИЯТ хам хаст!)

Онхое, ки баъди хар икдоми ватандустона ва миллатдустонаи сарвари давлати точикон ва хукумати кишвари мо дархол сахифахои матбуотро пур аз хангомаву дуруг мекунанд, нодида мегиранд, ки сохибони хамон  забони руси дар Точикистон пойгох доранд, озодона сухбату зиндаги  мекунанд,  аз соли 1996 дар Донишгохи Славянии Точикистону Руссия тахсил мекунанд, акнун метавонанд ба филиалхои чанд мактаби олии руси дохил шаванд, дар хама муассисоти олии кишвари мустакили Точикистон кафедрахои забони руси хаст, метавонанд  бо чанд то  «Русский центр» -и Фонди «Русский мир»  робита дошта бошанд, кудаконашонро дар мактаби хусусии руси дар Вилояти Сугд барои тахсил гузоранд…        Кор то чое расидааст,  ки дар руйхати ширкаткунандагон   дар тендери  Кони Мансур ширкатхои русиро надида,  баъзехо  ба хамин хам ишора кардаанд, ки  «ончо русхо нестанд!»

Донишманди точик Мухаммадчон Шакури бошад, мисли дигар равшанфикрони точик тагироти охирро барои химоя аз забони точики хуш кабул карда, онро мухимтарин руйдод  дар соли  2010 номидааст. » Муҳимтарин санадҳо бояд ҳақиқатан ба забони давлатӣ бошад, то ин, ки истиқлоли забони давлатӣ истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид кунад. Пас аз ҷорӣ шудани ин қарор ба фикри ман истиқлоли Тоҷикистони мо устувортар шуд ва аз ҳамин сабаб мо инро яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2010 ҳисоб мекунем»-гуфтааст у.

Дар хар кучои Интернет, ки маводе дар мавриди тахкими забони точики нашр шудааст, он аз чониби хонандагони он сомона мавриди «бахсу тахлил» карор дода шудааст. Аз он навиштахо маълум аст, ки аксари онхое, ки ба  дастгирии забони руси садо боло карда, ин икдомро нодуруст маънидод кардани шудаанд,  бо забони руси хатто дуруст фикрашонро ончо навишта натавонистаанд. Маълум аст, ки онхо кихоянд! Чизи дигар хамин аст, ки аксари мардуме, ки хайрхохи мо нестанд, дар навиштани андеша ва акидахои худашон, ки саросар галат аст, аз мухочирони мехнатии мо ёд кардаанд. Гуё хар икдом боиси бадтар шудани холи онхо мешавад.  Ба ёдам маводи як хонум-журналисти рус меояд, ки дар кадом сомона хонда будам. У  барои хамшахрихои худаш навиштааст, ки ба назди духтуроне, ки точиканду дар муассисоти тандурустии Маскав кор мекунанд, наравед. Бовариро нисбат ба тачрибаву дониш ва саводи тиббии онхо зери суол ва шубха бурдааст.  Аз инчо ба хулосае меоям, ки ин чо гап факат сари хамватанони бозоршину сохтмончии мо  нест.  Ин кисса  хаёлам, ки   «дароз аст..»   Ба мухочирони точик хар чи бештар бояд кумак расонд, дар Ватан барояшон шароит фарохам овард, дар гариби пахлу ба пахлуи онхо бояд  «гариб» буд.  Бояд нагузошт, ки хаммиллатони мо фишанги таъсиррасони бошанд.  Акнун ба ёдам киссаи Лукмони хаким ва писари у мерасад,  ки ба чонвари савораи худ дар хар деха гох савор мешуданду гох пиёда мерафтанд ва гохе яке менишасту дигаре  пиёда пахлуяш меомад.  Дар хар сурате ки онхо пайдо мешуданд,  мардум як чи мегуфт. Мардуми як деха мегуфт, ки ин ду кас нодон хастанд, наход чонвари савори бошаду пиёда равед, мардуми дехаи дигар медиданд, ки онхо харду ба  чонвар савор шудаанд, мегуфтанд, ки берахмхоро бубинед, ки харду вазни худро ба руи ин хайвони безабон партофтаанд… Хулоса хамин мешавад, ки Лукмон ба писараш мегуяд:  «Диди, ки  мо хар коре ки кардем, мардум аз он рози набуд ва як чиз гуфт. Пас бояд коре кард, ки Худо аз он рози бошаду мо хам «.       Мо коре карда истодаем, ки дар доираи конунгузорихои чори аст, Худо хам аз он  розисту сокинони боору номуси ин кишвар хам. Бигзор хар кас хар чиз бигуяд.  Мо корвонем !!!

Один ответ

  1. Лукман терпеливо сносил все душевные раны, наносимые ему пребыванием в рабстве. Сердце его наполнялось светом надежды и веры в Аллаха. Он ожидал и был готов к счастью.
    В один из дней хозяин его приказал забить овцу и принести самое грязное и мерзкое, что есть в этом животном. Лукман выполнил поручение и вернулся с овечьим сердцем и языком… Хозяин улыбнулся. Он понял значение и смысл поступка Лукмана. С той поры он проникся близостью к своему рабу. Через некоторое время Лукман опять был призван к хозяину. На этот раз ему было велено забить овцу и принести самое доброе, что есть в этом животном. Вернувшись, он опять принес сердце и язык!!!
    Хозяин посмотрел на него с удивлением и спросил о смысле его поступка. Как же может быть сердце с языком самым мерзким и самым добрым одновременно?! Было ли это испытанием или нет, но мудрость Лукмана в ответе на тот вопрос проявилась явным образом. Он сказал: «Воистину, о господин мой, они могут быть самыми добрыми, если использованы были для добра, но могут быть и самыми мерзкими, если использовались для мерзости».
    После этого положение Лукмана изменилось. К нему перестали относиться, как к рабу. Так оставалось некоторое время, пока Аллах не позволил свершиться счастью — Лукмана освободили.

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти