Ёд нагирифтем!

      Фардо Рузи байналмилалии мубориза бо бемории сил аст. Ин хафта дар газетае хондам, ки дар 10 сол дар як хонавода аз чануби Точикистон 11 нафар ба халокат расидааст. Аз хамин бемори! Ва хам хондам, ки як масъули вазорати тандурусти гуфтааст, ки бигзор дар газетахо хангома накунем. Пули зиёди худиву бегона бошад меравад, гуё барои мубориза меравад….

Муборизаро ёд нагирифтем! 

     Хар сол чандин нафар дар агбахои Точикистон мемиранд, аз барфу сармо мемиранд,  дар интизории кумак ва начот мемиранд, дар рох мемиранд, дар об мемиранд. Ки дигар бояд мардумро начот дихад, ки рохи бехтарро меёбад, ки рохи бехатарро меёбад?

Рох ёфтанро ёд нагирифтем!      

     Созмонхои хоричи хеле зиёданд, ки дар кишвари мо мукимианд. Онхо барои амали шудани хар гуна лоихахо пул медиханд. Вале ба ки медиханд? Ба чор панч созмону ташкилоти «худи» медиханд, хеле мохирона ва боэхтиёт медиханд. Онхо хангомаро дуст медоранд. Агар хангомаву вохима накуни, пул намеояд-да!  Онхо ва хампаймонони махаллиашон  аз гаму аз  бадбахтии  гуруххои махсуси одамон хам дорои мечуянд.  Ва аламовар хамин аст, ки МЕ-Ё-БАНД!

Халол ёфтанро ёд нагирифтем!

     Хеле кам мешунавем, ки кадом мансабдоре мардона икрор шуда бошад, ки фалон корро натавонист ва ё фалон амал бо гунохи у содир шуд. Нашунидем, ки «гунахкорон» худашон мардона рафта бошанд. Нашунидем, узри касеро барои гуноху хатоаш. Ё ин шояд «рафтани оби ру» хисобида мешаваду барои хамин касе аз он кор намегирад?  Рафтори мардона рафтани обру аст?

Рафтанро ёд нагирифтем!

     Дар тахтахои рекламаи Билайн дар Душанбе чандест, ки расми марде тасвир шудааст, ки бо хамсараш телефони сухбат мекунад. Ким кадом хизматгузории навро  реклама мекунанд. Як замон дар варакахои таблиготие вобаста ба кадом маризи хам  хамин гуна расмхоро дида будам. Агар ба хайкалчаву бозичахое, ки дар магозахои мо аст, бинигаред, хамаги хамон гуна симо доранд. Ва агар ахамият бидихем, аз он расмхо  ва суратхо шояд зиёд пайдо мекунем, ки як шахри точикиеро, чун Душанбе «зеб» медиханд.  Магар чехраи точики ва симои точики ёфтан душвор аст?  Точики нестанд симохои аксари онхое, ки дар тахтахои реклама тасвир шудаанду дар варакахои таблиготи чоп мешаванд!  Агар он дар дохили Точикистон нашр мешавад, пахн карда мешаваду барои мардуми мо аст, пас чехрахо ончо БОЯД ТОЧИКИ бошанд!

Ба атроф нигаристанро ёд нагирифтем!

     Дар хама коргоху идора хатман як ду касе хаст, ки накши «агенти иттилооти»-ро дорад. Гуё вай бояд бошад. Бештар ба он мавзуъхое таваччух мекунем, ки ба мо умуман дахл надоранд. Фикр мекунем, ки агар гапи кормандонро ба раис ва гапи раисро ба раиси дигаре бурда расонидем, махбуби онхо мешавем. Ва бадтар аз ин хамон аст, ки ин гурух вокеан хам (як нафас бошанд хам!) махбуб мешаванд…

Хомуш буданро ёд нагирифтем!

    Инак, хама чо пури хабар аст, ки дар сархади мо ва Узбакистон каторахои зиёде  банд шудаанд. Гуё роххо таъмиранд, гуё тепловоз намерасад, гуё туркманхо  гунахкоранд, гуё мо гунахкорем, ..ки хамсоя шудем…. Дар як чои дигар хитоихо мардуми махаллиро мекубанд, дар чои дигаре дар пеши чашми «гову мол»  хамватани мо метаркад, дар чои дигаре  «наберахои бародари калони»  сари хамватани моро  «мегиранд», миллати фарзонаи точикро тахкири ошкору нихон мекунад,  дар чои дигаре «дахони пушида сад танга» хануз хам арзишмандтарин макол боки мемонад….

Гуфтанро ёд нагирифтем!        

     Холо хам мо БАЙНИ ХУД  бахс мекунем, ки аз пушти ки бояд намоз гузошт, дастхо чи гуна бояд бошанд, баъди шаробнуши мо кофир шудем ё на, дар масчид гизо хурем ё нахурем?… Хайкалхои фарзандони хунармандамонро мешиканем. Агар боз пул чамъ карда созанд, боз мешиканем! Холо фикри дигар дорем, «бурун»  рафта омадем, фикри дигаронеро, ки то берун рафтан хамфикри мо буданд, инкор мекунем ва онхоро таънаву гайбат.

Бахс карданро  ёд нагирифтем!

    Одатхое, ки дар доираи «Конуни танзим» танзим шуданд, харчанд миёни  мардуми точик доман пахн карда буд, бовар кунед, ки аксарияташ точики набуд. Мо тез хама чизи бегонаро-ин ё урфу одат аст ва ё анъана,  ёд мегирем. Ва боз гумон мекунем, ки бояд хамин гуна бошад!  Филмхо, газетахо ва мачаллахои бегона «аз кучое» пайдо мешаванд ва ба хама шабакахои махалли, ба бозору растахои дохили  рох меёбанд.   «Бачахои хуб»  ки хастем, «суперкелинчак» -хо  «мечаспанд!»

Дастгирии худихоро ёд нагирифтем! 

     Як руз шунидам, ки марди донишманди точик дар чаласаи АУ ЧТ (!) марди донишманди дигарро мачбур кардааст, ки точики харф назанад!..  Мо заводи мошинсозии точики надорем, пас бояд мошинхои вайронаву валангори бегонаро бихарем? Факат дар хама бахсу сухбатхо мегуем, ки «мехмонони хоричи омада…»   Нафахмидам, мо факат барои хоричихо бояд тозакориву тартиб кунему хисобот дихем?  Барои кадом хоричи шуда, роххо ва имконотро  хатто барои худихо мебандем, хамин кофист!

Гуруру эътирозро ёд нагирифтем!

      Фикр кардаед, ки ЧАНД ФИСАДИ устодону шогирдони Донишгохи тибби, табибони самтхои мухталифи тибби имрузи мо, точирону сохибони нуктахои савдои марказхо ва бозорхо, кормандони созмону ташкилоти хоричи, сафоратхонахо  дар Точикистон — ТОЧИКАНД?  Ё ин чизи мухиме нест, мегуед?

Хисобро ёд нагирифтем!

   Агар ман хамин гуна имкону салохият медоштам, як шуъбае таъсис медодам, ки ончо  далелхои дар газета, Радио ва ТВ омадаро тафтиш карда,  вобаста ба он корхои маъмури ва шояд чинояти  кушоянд. Хамачиро бигзор ончо бисанчанд. Фавран бисанчанд.   Журналистон баъзан бо тадкикоту тахлили худ шояд баробари муфаттиши хеле сермахсуле захмат мекашанд. Якдигарро дуруст намефахмем, баъзан мехохем, ки факат дар бораи мо нависанду гуянд, аммо баъзан намегузорем, ки хатто дар бораи дигарон гуянду нависанд!

Муросо ва аз танкид ислохшуданро ёд нагирифтем!

      Холо хам аксарият  фикр мекунем, ки дари даромадгохи бинои моро бояд раиси шахри Душанбе шинонад, холо хам фикр мекунем, ки буи дохили воситахои наклиёт аз бадани мо нест, холо хам мачбури кори хайр мекунем, холо хам партовгоххоро мо не, дигарон чазир мекунанд, холо хам аз ронандаи воситаи наклиёти мусофирбар мепурсем, ки  «ба кадом рох мерави?», харчанд дар чойхои дигар 100 сол аст, ки мусофиркашхо дар хамон хати сайрашон харакат мекунанд,  холо хам гумон мекунем, ки об хисобу китоб надорад, холо хам пули баркро бо  «контролёр»  «арра» мекунем ва боз акнун  дар бораи рохи кафо тоб додани хисобкунакхои нави электрони майна об карда истодаем….

Шахргарди ва шахрнишиниро ёд нагирифтем!

     Баъзан касеро мачбур мекунем, ки хама чиро гуяд, хатто он чизеро ки у намедонад. Холо  худамон гуфта истодаем, ки дар Рогун чи дорем, чи дар кучо чойгир аст, ки аз кучо корро сар мекунад, чанд килло хероин ба  бозори сиёх агар рох  меёфт, чанд доллар мешуд, дар вохурихои хосса чи гап шуду ки чи гуфт,  дар кисмхои низоми чи холату имконият аст…..

Сир доштанро ёд нагирифтем!!!

комментария 2

  1. Боз бародарам дар сахифаи хонум натавонистам коммент гузорам.
    Оё мумкин аст бе донистани койда сари рул шин бе донистани фани тиб духтур шави.?
    Дар масъалаи 14 феврал бо сафсатае гуфтааст. Кто и почему лишает нас праздника? Может стоит уже прекратить вмешиваться в личную жизнь людей и начать, наконец, уважать права человека. Ну не нравится тебе праздник- не отмечай. Зачем вмешивать религию и раздувать проблему.

    Охир чаро кайд кунед ..извини як иди ки ба мо дахл надорад ким кадом сутенёр аст ч..магар дар Рим Фаронса ва гайра дар сатхи давлат Наврузу Идик Курбону дигарош кайд мекунанд не?
    Пас ба шефатон равонед ки аввал забонро ёд гирад баъд миллату давлатдориро паст занад.
    Барояшон очаи докадори ман кишлоки одами намешуданги будааст.
    Агар одами ба тасн асту дахону гушу бини .
    Чи миёни накшу девор миёни одамият.

    Нравится

  2. Ин Хочи ако соф хизмат ба ватану модар мондааст ба боло бардории бэътикодхои Славянский Бозор пардон универ кор кардааст.
    Худо ба хар яки мо инсоф дихад!!!!!
    Аслияти худро миллати худро ки будани худро ватани худро бо + ва — аш инкор мекардаги хоини миллат аст.
    Бале сатхи дониш паст аст аммо ин аз камбагали аст!!!!!!!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти