Тазод (2)

Мушоҳида мешавад, ки бо бештар шудани даромад аз реклама ва як каме васеътар шудани майдони муаррифиву таблиғ гуруҳу ширкату коргоҳҳои рекламсози зиёде  пайдо шуд ва аз пушти онҳо  овозу матну идеяҳои мухталифи наву куҳна ва ҳатто копишудаву дуздидашудае  ба миён омаданд. Қабули мардум ва истеъмолкунандагон ҳам фарқкунанда аст. Ин вобаста ба он аст, ки истеъмолкунанда чӣ қадар дарку завқу фаҳмиш ва савод дорад. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки мардум аз мутобиқат накардани матну овозу навор, вайрон будани вазни сухан, мантиқан нодуруст будани ибораву калимаву ҳатто талаффузи онҳо шикоят мекунанд. Дилбазан будани баъзе рекламаҳо бошад, ин мавзуъи дигар аст. Ва ҳам маълум аст, ки аксарият (ва ҳатто баъзе масъулон ҳам!) ин гуна мушкилу нофаҳмиҳо, ғалату иштибоҳ, хатои имлоиву мантиқиро дар рекламаҳо, наворҳо ва овезаҳо тамоман намефаҳманд… Читать далее →

20 марти соли 2011

Пагох  НАВРУЗ  аст! Он руз саодату сабзи ва баракат меорад! Мабодо, ки моро дар куча интизор наёбад, мабодо, ки дар хона набошем, мабодо, ки дари хонаву дари диламон баста бошад…

Имруз дар мавриди дару дарвозахои кушода, реклама ва зиндагие навиштам, ки гох бо кулолгариву гох бо чодугари мегузарад.

Читать далее →

Рекламная пауза!

Реклама дар хар намуде ки бошад, барои пешрафти тичорат ва шинохта шудан мусоидат мекунад. Дар ин самт донандагони реклама, ки онро илм хам ном мебаранд, кушиш мекунанд, ки факат аз аксу садои мардуми шинохта истифода баранд.  Имрузхо тахтахои рекламаро хатто дар дурдасттарин деха хам дидан мумкин аст. Дируз хангоми гузаштан аз назди  чунин як  тахтаи калони реклама бо акси Роналдо, андешае ба сарам омад, ки  «чаро  ба чои ким кихо, ки на ба хама ошно хастанд, шахсиятхои шинохтаи мо дар ин гуна тахтахои калони таргиботи набошанд?»  Вокеан хам, чаро? Читать далее →

Ёд нагирифтем!

      Фардо Рузи байналмилалии мубориза бо бемории сил аст. Ин хафта дар газетае хондам, ки дар 10 сол дар як хонавода аз чануби Точикистон 11 нафар ба халокат расидааст. Аз хамин бемори! Ва хам хондам, ки як масъули вазорати тандурусти гуфтааст, ки бигзор дар газетахо хангома накунем. Пули зиёди худиву бегона бошад меравад, гуё барои мубориза меравад….

Муборизаро ёд нагирифтем! 

Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти