World Theatre Day. Рузи 27 март дар тамоми дунё хамин гуна руз тачлил мешавад, яъне рузи чахонии театр! Он дар хама чо зери шиори «Театр чун воситаи хамдигарфахми ва устувории сулх миёни мардумон» кайд карда мешавад. Ин руз бо ибтикори ширкаткунандагони конгресси IX Институти байналмилалии театр дар назди Юнеско соли 1961 тасдик шудааст. Ин сана хамчунин чун иди касбии хамаи онхое, ки дар театр кор мекунанд, дониста мешавад. Чанд руз пештар дар барномаи сахарии ман нафаре савол медихад, ки «хамин театри опера ва балет дар кучо аст?». Фардо бегох хамон чо барномаи бепули консертии ситорахои эстрадаи точик бахшида бе ребрединги ширкати Индиго (холо Tcell) баргузор мешуд! Ман якбора чанд рохи рафтан ба он театрро барои у гуфтам, ба умеде, ки боз чанд каси дигар хам фахмад. Зеро мардуме, ки рохи театрхоро намедонад, кам нестанд ва ин гунохи онхо нест!
Мо факат чанд то театр дорем, аммо дар дунё намудхои гуногуни театрхо фаъолият мекунад ва мухлиси кам надорад, мисли театри мазхака, театри кудакона, театри хайвонот, театри маъюбон, театри як актёр, театри
пантомима, театри пародия, театри суруд, театри назм, театри ракс, театри эстрада, театри кучаги, ки дар хамаи ин театрхо актёрон ва амалу харакати онхо фаркунанда аст. Агар дар театрхои дигар кабл аз огози намоишномахо ба такрор дар мавриди хомушкунии телефонхои мобили гуянд, агар дар театрхои дигар билетхоро чанд хафта кабл фурушанд, агар дар театрхои дигар дархости чипта бо Интернет сурат гираду баъди намоиш руи сахнаву пушти сахна гулбозорро монад, ин гуна холат эхтимол барои як чанд дахсола театрхои моро «тахдид» намекунад. Ба гумонам, ки як сокини оддии ин шахр шояд чанд сол аст, ки хангоми занги телефони мобилииаш пастакак нагуфтааст, ки «ман холо дар театр, намоишномаи хубе нав сар шуд. Баъди аз ончо баромадан ба ту занг мезанам!» Барои чи?
Имруз пушида нест, ки театр ракибони зиёде дорад-мисли кино, ТВ, CD. Авалин ракиби он дар солхои 90-уми асри 19 синамо буд. Бо пайдо шудани кино мегуфтанд, ки акнун театр вазифаи худро ба анчом расонид ва мемирад. Лекин ин тавр нашуд. Агар аз як тараф театр ракибони зиёд дошта бошад, аз тарафи дигар театр дар самти чалб кардани таваччухи мардум комилан ракиб надорад! Бубинед, ки бо зиёд ва арзон будани дискхои кинохои гуногун хам мардум филмхоро дар синамохонахо тамошо кардан мехохад, зеро эффект ё таъсири дигаргунае дорад он. Ё бигирем бозии футболро. Барои чи мардуми зиёде ба тамошои футбол меравад, харчанд, ки онро дар хона хам мустакиман тамошо кардан мумкин аст? Театр хам бояд хамин гуна бошад. Дар кино ва ТВ чизи аз хама асоси нест — робитаи
мустаким! Гузашта аз ин таъсири дидани инсони зинда, ки накш меофарад, дигар аст. Махз хамин чиз бояд омили пешбар ва шухратдихандаи театр бошад. Имруз ман сухбати нафарони гуногунсол ва гуногунандешро дар мавриди театр ва тамошобинон мешунавам. Вале мутаасифона ягон чизи нав нест дар он сухбатхо. Хама мегуянд, ки театр тамошобин надорад ва ё кам дорад, хама мегуянд, ки мо бояд ба театр равем….Вале натича аз гуфтанхо нест! Ва гумонам, ки бо ин тарз натича хам ба даст намеояд! Тамошобин аз нуктаи назари коргардонхои варзида як ширкаткунандаи хамон намоишнома аст, ки онро метавонад обуранг бидихад. Хамон вакте ки тамошобин холат ва хиссиёте худро аз он намоишнома бардошт, баъд метавон гуфт, ки он пурра тахия шудааст. Коргардонхои машхур аз руи хамин эхсосхо барои худашон маълумот ва тачрибаву хулосаи хубе мегиранд, ки дар оянда барояшон зарур мешавад. Имруз барои чалб сохтани мардуми бедор ба театр намоишномахое лозим аст, ки то чое оилави бошанд, яъне хам барои волидон, хам барои кудакони онхо баробар шавковар бошад. Ин албатта кори осон нест, вале имконпазир аст.
Уилл Роджерс як вакт гуфта буд, ки «театр ягона чоест, ки дар он мардуми факир ба мардуми бой аз баланди истода назора мекунад». Вале ба гумонам, ки ин макол дар Точикистон холо мавкеъ надорад. Мардуми бойи мо ё аз мардуми дигар пинхон мегардад, ё вакти театррави надорад ва ё барои онхо ин як чизи нозарур аст, ки «мардуми бекор ба он таваччух доранд».
Гузашта аз ин бо чамъ кардани чанд чавони донишчу дар толорхои
ТВ ва ё гирди як миз шинондани онхо, бо гунохро ба души ину он партофтан, бо худро дустдори театр ва намоишномахои театри нишон додан натича хосил намешавад! Ман пешниходхои вокеан хам нав ва чолибро намешунавам. Рост аст, ки дар самти таваччухи тамошобин актёр, намошнома, коргардон, мавзуъ накши мухим дорад, вале боз аз чизи дигар ё чизхои дигаре хам бояд кор гирифт ва лоакал барои донистани натича онхоро санчид.
Ман хам акнун мехохам чанд пешниходи худро бинависам. Шояд онхо комилан аз нуктаи назари илми дуруст ва асоснок набошанд, вале гумон мекунам, ки нисбат ба ягон харакат надоштан, харакати кач дошта бехтар аст:
- Чехрахои нав барои театри мо лозиманд, актёрони чавон, озодандеш ва дорои хаёлоти рангин. Хаёлам, ки холо актёрхои мо ба чанд гурух таксим шудаанд — актёр-раис, актёр барои реклама, актёр-ровии туйхо, актёр барои барномаи «Бегараз панд», актёр барои сериалхои точики, актёр-журналист ва «просто» актёр! Бо ин тартиб-яъне вакте ки актёр дар чанд самт як бора худашро чуставу пайдо кардани мешавад, натичаи хуб ва дилхох ба даст намеояд.
- Театрхои кучаги. Барои чи ин тачрибаро як бор насанчем? Вакте ки ман дар Щвеция будам, дидам, ки мардуми хунарманд дар майдончахои шахри кадимаи Стокгольм хатто баландгуякхоро монда сурудхони ва шоу барномахои рангин ташкил мекарданд. Вобаста ба дарачаи имкониятхо ва масрафе, ки онхо доштанд, мардум гирдомада пул чамъ карда ба нафаре аз он гурух медод. Онхо ба гумонам, ки дар театрдори аз мо дида пештар рафтаанд. Барои чи мо ин чизро барои худ айб донем ва ё бенатича гуем? Боз хам дар сурате, ки ягон бор онро насанчидаем? Умуман, ташкили намоишнома ва консертхои кучаги, ин агар хатто дар доираи ягон акция хам бошад, натичаи хуб медихад. Аввал он, ки мардуми гуногун чамъ мешаванд, (барои мо хамеша шавковар аст-ку «барои чи дар ончо аз 5 кас зиёдтар чамъ шудааст?») баъд ин ки мардум озодтар хастанд, пул сарф намекунанд. Харчанд, ки ман бовар дорам, агар ба аксарияти мардуми мо билети бепули театр хам бидихи, ба ончо намеравад! Дар хамин гуна намоишномахо аз тамошобин хам истифода бурдан мумкин аст, зеро у бевосита ширкаткунанда ва «партнёр» аст. Факат коргардони рангинхаёлу намоиши чолибе зарур аст. Барои ин гуна намошномахо чандин сафорату созмону ширкату коргохе хаст, ки дар доираи накшахо ва лоихахо ин корро амали мекунад, хам молу махсулоти худашро реклама мекунад ва хам барои баргузории ин гуна намоишномахои театри маблаг медихад. Мусолиха ва хамкориро факат бояд ёд гирифт.
- Ки пешниход кард, ки «мардумро ба театр аз махаллхои гуногуни пойтахт ва атрофии он бо автобусхои махсус биёрем ва баъди намоиш бубарем»,
мисли он, ки баъзан кудакони мактабхо ва хонандагони синфхо поёнии макотиби миёнаро бо хамин усул ба театру сирк мебарем? Бигзор хама донад, ки фалон руз фалон намуд автобус кад-кади роххои шахр мардумро чамъ карда, ба театр мебарад ва боз меорад, бепул. Ку бубинем, ки чи натича ба даст меояд. Харчанд маълум аст, ки барои чалб кардан ба театр ва муассисоти фарханги то замоне, ки завк ва хохиши мардум бедор нашавад, аксарияти кушишхо бефоида аст! - Имруз намуна барои ибрати мардум зарур аст . Хама имруз як нафарро интизор мешаванд. Ман бовар дорам, ки агар хамин шом президенти Точикистон бо хамрохии оилааш ба театре равад, фардо шом тамоми аъзоёни хукумат, депутатхо ва руасо дигар як илоч карда, «вакт ёфта» ба театр мераванд. Яъне дар ин самт рохбарони хама зинахо накши арзандае дошта метавонанд. Масалан, рохбари коргох эълон кунад, ки имруз аз хисоби коргох якчоя бо кудаконамону оилахоямон ба театр меравем. Бовар кунед, ки ба тадрич мардум худаш одат мекунад ва бе рохбар низ хар хафта ва лоакал дар ду хафта як бор ба театр меравад. Вале мухим он аст, ки дар огоз ва хамеша ин шева мачбури набошад. Ба ёд оред барномахои консертии хамасолаи шашмакомро!
- Продюссерхо барои театрхо намерасанд ва шояд умуман нестанд. Як вакт берун аз Радио будам, ки хамкорам занг зада гуфт, ки «зане омадаст ва мехохад бо шумо сухбат кунад». Вакте ки уро шунидам, дар бораи ким кадом билетхои театр мегуфт, ки «мо бояд мачбури мехаридаем». У мегуфт, ки «фалон дона билет барои Радиои шумо навишта шудааст, шумо хох нохох онро бояд худи холо бихаред». Ман, ки он замон директори барномахо будам, гуфтам, ки шумо нависед, ки хастед ва чи мехохед, баъди бозгаштам ман ба шумо хатман посух хохам гуфт. У бебозгашт рафтааст. Оханги сухбати он зан ба ман нафорида буд. Айнан аз хамон шевае кор мегирифт, ки ман дар болотар гуфтам. Ин гумонам хамон аввалин кушишхои ворид сохтани продюссерхо ба кори театр буд, ки хеле номуваффакона анчом гирифт.
- Имруз мебинем, ки дар матбуот мавзуи чанги дохилии Точикистон хеле «гарм» барраси мешавад. Агар максади театр хамин гуна пешбурдани чомеа, тахрики назар ва тафаккур аст, чаро дар хамин мавзуъ намоишномахои театри набошанд? Бубинед, ки шуморахои зиёди газетахоро махз барои он мехаранд, ки руи он расми
чанд чехраи машхури солхои чанги шахрванди аст ва ончо чизе дар бораи онхо навишта шудааст. Агар ман коргардон мебудам, хамин гуна намоишномаро ба сахна монда, барои ичрои накшхо актёрони тамоман ношиносро мегирифтам. Барои чи, дар банди 7 мефахмед. - Имруз аксаран бо мардуми хунарманд ба воситаи барномахои ТВ шинос мешаванд. Аммо он барномахо имруз беобуранг ва содда хастанд. Барои мисол, «Гуем ё нагуем..». Ба шумо писанд аст он? Ман дар баъзе сахнахои «хачви»-и он мехохам гиря кунам, бовар кунед! Ин факат як мисол буд ва ин факат фикри ман аст, ки шояд галат бошад! Хамин гуна намоишхои муаррифии актёрон ва коргардонхо, ки баргузор мешавад, дилгармкунанда ва таъсирбахш нестанд. Агар хамон «Нози хаёл» (Чароги хунар дар Радио) таъсир мекард, имруз мебояд толорхои театрхои мо аз тамошобин метаркид!!! Актёрхо баъди он ки дар намоишномае (бо пешниходи кадом актёр ё коргардон!) накшеро мебозад, ки таъсирбахш ва чолиб нест, он накш ва он барнома «эффекти баракс» -ро медихад. Холо хаёлам, ки хамин гуна холат аст!
- Бигзор бо супориши махсусе барои рекламаи хамаи театрхо ва намоишномахои театри дар радио ва ТВ «квота» чудо карда шавад. Яъне барои худи театрхо ва намоишномахои он бигзор роликхои хубу таъсирбахши радиои ва ТВ-и сохта шаванд ва он дар вакту соатхои гуногун пахш шавад. Онхо бояд кутох, замонави ва бе гапу сухани обшуста бошанд. Ин агар якбора таъсири дилхох надихад хам, ба тадрич манфиатовар мешавад. Ин шакли мавчудаи барномахои ТВ дар бораи театр ва сухбатхои Радиоии хунармандону коргардонхо аллакай маълум аст, ки натичаи бехтаре намедихад!
- Мардум бояд хис кунад, ки мавкеи хунарманди театр аз хатто ким кадом бонкдор баланд аст.
Аммо барои расидан ба ин дарача имконоти бештар ва имтиёзу захмат ва татбики накшахои азиме лозим мешавад. Гузашта аз ин ин корро худи зиёиён, ки хунармандони театр хам ба он гурух дохиланд, бояд огоз кунанд. Яъне ба театр рафтанро бояд муаллиму духтур, инженеру барномасозе сар кунад. - Барои чалб сохтани мардум роххои хавасмандкуниро ба кор бояд бурд. Масалан, дар хамон ролики рекламаи намоишномахо, ки болотар гуфтам, мумкин аст эълон кард, ки «баъди анчоми хамин намоишнома фалон сарояндаи машхур (бигзор ин Шабнами Сурайё, Садриддин ё Афзалшохи Шоди бошад!) барои шумо чанд суруд мехонад ва сухбати ошкору ру ба руи шумо бо у сурат мегирад. Ним соати аввал ворид шудан ба толори намоиши театри БЕПУЛ аст» Чаро мумкин набошад ин чиз? Бовар кунед, ки охиста-охиста мардум дигар худаш мехохад, ки факат намошнома бошад. Акнун инчо бояд хунармандон хамин гуна намоишномахое дошта бошанд, ки мардумро «сехру чоду» кунад.
- Маълум аст, ки театрхо имруз кариб холианд. Пас чаро расман эълон накунем, ки «ворид шудан барои нафакагирон, донишчуён, махсусан аз донишкадаи санъат, ва аспирантон бепул!» Он вакт хам шояд толорхо пур нашавад, вале ба хар сурат навгони ва кадами аввал аз чониби театрхо хахад буд, ки гумонам бе натича намемонад.
- Чаро мо дигар аз колабхои мавчудаи театри берун намешавем? Масалан, наворхои барномаи хунарии Убайдулло Рачабовро бубинед (УРБШДМ!), ки чи гуна солхои шурави бо услуби бехтарин сохта шудааст. Барои чи хамин услубро ривоч надихем, вакте ки дида истодаем, ки хам ба он талабот хаст ва хам намоишномахои дигари мо, ки аз чихати маъни ва ба сахнагузори бад нестанд, толорхоро пур намекунанд? Хамин гуна намоишхои танхо ва шавковарро Аловуддин Абдуллоев, Киёмиддин Чакалов, Нозим Меликов, Абдурахим Набиев, Ахлиддини Асомиддин, Насриддин Нуриддинов ва дигарон метавонанд, ки анчом бидиханд. Ва дар хамин гуна намоишхо завк дигар мешавад, мардум ба
театр одат мекунад, андешахо тахрик мехуранд ва нав мешаванд. Шояд ба тадрич, вале уммедворкунанда! - Пурсиш баргузор кардан воситаи хуби муайянкунии завк ва хохиши тамошобин аст. Барои мисол, сериалхои мексикои аввал на зиёдтар аз 20 серия ба навор гирифта мешаванд ва баъд давоми филмро ба воситаи пурсиш ва хохишхои мардум муайян мекунанд. Яъне, худи тамошобин пешниход мекунад, ки кадом кахрамон чи кор кунад, ходисахои филм чи гуна сурат бигиранд. Ман намедонам, ки ин гуна пурсиш ин чо ягон бор баргузор шудааст ва ё не, вале медонам, ки мардуми мо кариб хама ба ягон хел пурсишхо дар куча, ба воситаи газета ва Интернет гапи рост ва вокеиятро намегуяд. Ин кор хам баъди чанд маротиба такрор ёфтан натичахои хуб медихад.
- Филмхои пастмазмун ва «хиёбони», ки вактхои охир пайдо шудааст, сахнахои хачвии бемантик ва сабук, театр-студияхо ва гуруххои хачвии навбаромад, ки комилан бе кадом омодаги ва махорати касби, бе мавзуъхои чолиб ва диди замонави руи сахна меоянд, баста ва манъ карда шаванд. Завки пасти мардумро пастар кардан чиноят нест?
- Онхое, ки махорати актёри, коргардони ва махсусан сенариянависи доранд, чуставу пайдо карда шуда, бе имтихон ба донишкадаи санъат шомил карда шаванд. Муаллифони бехтарин идеяхо, сенарияхо, асархо ва сахнахо ба тарики шартнома ба хамкори чалб карда шаванд! Ин барои як муддати кутох неву-доими!
- Як вакт дар Казокистон ман дидам, ки ба воситаи мусавварахои осорхонахо таргиботи зидди маводи муходираро ба рох мондаанд. Масалан, акси модар ва кудакеро, ки дар осорхонаи онхо хаст гирифта, зери он чунин навиштаанд: «Аз модари нашъаманд ва гирифтори беморихои сирояти кудаки солим ба дунё намеояд! Модар ва кудак.
Амали рассом Иванов. Осорхонаи фалон шахр». Бо як тир ду нишон. Барои таргиби театр ва актёрони имруз бояд аз хама роххо истифода бурд. Чаро дар таквимхо, китобхо, дафтархо расми онхоро нашр карда, бо чанд чумла дар бораи зиндагии онхо, кадом намоишнома ва накши офаридаи онхо навиштан мумкин набошад? - Тарбияи насли театррав ва завки баландошта аз суи дигар дар 10-20 сол душвор ва хатто шояд номумкин бошад. Ба ин хотир ба андешаи ман бояд ба завки кудакони мактаби ва донишомузии онхо таваччух кард ва барномаи махсусеро хам барои волидон ва хам барои кудакони то мактаби ва мактаби тархрези ва дар амал чори кард.
Ба гумонам ман фахмида ва нофахмида зиёд навиштам ва шуморо хам хаста кардам. Рузи байналмилалии театрро барои хамаи шумо кормандони имрузу собики театр, хамчунин дустдорони театр ва онхое, ки лоакал боре ин калимаро шунидаед, самимона табрик мегуям! Мехохам, ки хамеша сарбаланд бошед ва завку илхоми саршор дошта бошед! Ин як латифа ба чои охирсухан ва барои фикр кардан:
-Дар театр чои сузанпартои нест. Хама чо пури тамошобин. Мардум инак рузи панчум ва маротибаи панчум аст, ки меоянд ва хамин намоишномаро бо шавк тамош мекунанд. Хама ором ва бо диккатанд. Чи таваччухи онхоро ин кадар ба театр чалб карда бошад?
-Гап сари ин аст, дар ин намоишнома кахрамони он, ки зани чавону зебое аст, чанд бор либосхои худро иваз мекунад. Ин барои занхо шавковар ва хостани аст. Хамон либосхояшро бошад, он зан дар сахна- пеши назари хама иваз мекунад. Ин бошад таваччухи мардхоро ба худ чалб кардааст.
Filed under: Uncategorized | Tagged: Телевизион, актёр, байналмилали, коргардон, либос, сахна, тамошобин, театр |












Салом ака.Садои бисёр форам дори.Худованд хамеша нигахбонад бошад.
Баъдан мехостам нисбати раёсататон фикру акидаи худро баён кунам.
Рости гап фикру акида баён карда ин озоди аст аммо паст задлани ин ё он чомеа иштибох гунох ва максде дорад ба фикрам.Мисол дар сайти ин духтар http://vera-kulakova.livejournal.com/…
Ба чунон дардонавор менолад ки ногуфтани.Ними Точикистонро куштанист ва фикр мекунад ки Точикистон ин танхо Душанбе аст.
Гуфти Русхо «Если гора не подойдет к Магоммеду то Магоммед подойдет к горе.»
Дар 72 сол Шурави мисли и духтар баринхо танхо Точик=Душанбе=Ленинобод аст гуфта хамара фаромуш карда буданд.
Холонки баъзе аз лидерхои чахони гузашта гуфта буданд» Шахси бо оруманди миллат ин кишлоки аст» (*АТАТЮРК») ва сафари Мао Дзе Дун низ дар катора бо камбагалтари кишлокихо низ мисоли хамин аст.
И хонуми зебо нону ови Точикстона мехураду дар нондону намакдон туф мекунад.Бовари дорам ки точикиро хам намедонад.
Пас камбуди дар миллат дар чоддаву дар шахрхо бошад рафта обод кунад таъна назанад…
НравитсяНравится
хар панча баробар нест ку.модом намефорат тамошо накун.хамаи чиз вакт соат дораду имконият.дар мо Голливуд асту мо мо бози намекунем МТВ АСТУ МО КЛИП ПАХШ НАМЕКУНЕМ.Пули зиёд асту мо сатхи клипу сатхи апхшшро боло намекунем,,,,,,,,,,,,,
О том, как наш народ любит жвачки, или как я смотрела клипы таджикских звезд
March 18th, 22:17
Странное название поста, правда? Но меня действительно на досуге волнует этот вопрос. Вчера смотрела по местному кабельному TV «ТВ-сервис» клипы наших великих звезд. Пипец. Одна «дама» Фируза (фамилию не запомнила) пела искренне- раздирающе- проникновенно песню о матери- «Оча». Вроде сама приятная, по нашим меркам, даже красивая, песня лиричная. Клип, правда смешной, а оператор, судя по всему- слепой халтурщик. Фируза в нескольких эпизодах снята КРУПНЫМ планом жующей жвачку. Я даже не могу назвать это бескультурьем, невоспитанностью, необразованностью. Ну, жесть! Спустя пару часов, переключая каналы , я снова попала на музканал. И снова Фируза! И снова Жующая жвачку на лоне природы, т.к. в кишлаке. Все же фамилию ее нужно узнать, а пока она для меня Фируза Жующая.
Откровенно говоря, такая публичная демонстрация бескультурья меня поразила гораздо раньше. В сентябре на таджикско-индийском форуме в президентской резиденции я наблюдала за сыном президента и по совместительству госчиновником, а с недавних пор и депутатом, который точно также беспардонно жевал жвачку на форуме в присутствие двухсот человек. Супер! Так держать!
Но продолжу о наших певцах. После Фирузы шел клип Аваза. Аваз у нас бесфамильный. Просто Аваз. Ладно. Но, Аваз, ты иди прилично оденься. Я понимаю, что корить людей за бедные наряды нетактично, но, коль уж ты претендуешь на звание звезды и где-то наскреб таки денег на клип и его ротацию, то оденься прилично. А то эти дешевые китайские джинсовые куртки и дешевые солнцезащитные очки вызывают рвотный рефлекс. Заметьте, почти каждый певец в джинсовой курточке и в очках! Настоящий ширпотребовский инкубатор. (кстати, вспомнила забавное ругательство из своего детства- инкубатор или инкубаторские). А те, немногие, кто не в курточке, те обязательно в «костюм-брюк» одеты. И стоят как- будто на расстреле, умирают за Родину. И через каждую минуту поднимают медленно руку, а затем медленно опускают. Настоящая аэробика в исполнении эстонца. Короче, захотите повеселиться – смотрите клипы наших звезд!
НравитсяНравится