Буй ва борон!

       Ба онхое бахшида мешавад, ки баъди чил асри дар чангал зистан хам шикорчи  намешаванд!!!

       Хамон соле, ки чангалбони пир ба шароб дода шуду чангалро дузду горатгару кочокчи  оташ зад, зеботарину хушрутарин паррандагони ин чангал парида рафтанд. Оташи он чангалро ду се каси дилсузу хирадманд хомуш кард.  Ба бахти паррандаву  чаррандахои бокимонда хамон сол хатто дар тобистон хам борон борид. Рузе набуд, ки борон наборад. Борон хам барои хомуш шудани оташ фоида кард.  Аз хонаи мо то он чангал рохи дур нест.

      Хамон вакт ба ин чангал худхуде омад, ки 3 чуча дошт. Маълум буд, ки худхуди калони панчаву нули хонасози надорад ва онхо дар лонаи холии як кумрие чо гирифтанд. Дар ин чангал худхуду зогу каргаси зиёде дар лонахои парандахои кайхо парида рафтае зиндаги мекунанд, тухм мегузоранд ва чуча мебароранд. Бибии ман мегуфт, ки руи хокистар нарав, ки девона мешави. Аммо ба он худхуду чучахои у ки фахмонда метавонист,  ки то поксозии ин чангали сухта ва пури хокистар бояд дар  руи хокистархо нагарданд?!  Хулоса, ки худхуд дар он минтака хамон гуна рафтор мекард, ки гуё бобои у пештар аз он чангалбони пири майзада сохиби ин чангал бошад. Лонаи кумри, ки кайхо боз  лонаи ин оилаи худхуд буд, дар баландии дарахти пире буд. Худхуди калони кам-кам поён меомад, махсусан шабона.  Ин барои умуман худхудхо гайриодат буд. Модар-худхуд,  ки фарбеху дагал буд,  кариб ки аз лона поён намеомад. (Холо мегуянд, ки мода-худхуд руи тухми дигараш хобидааст)  Боз бибиам мегуфт, ки назари Худо дар хар чиз ва каси таваккал аст. Чучахои он худхуд таваккал ба худо дар атрофи лона мегаштанд. Кадоме аз онхо ба нахри калони зери он дарахт хам намеафтид ва онхоро мор хам, ки дар он атроф кам набуд,  намегазид. Хамин авкот бовар мекардам, ки онхо  тавваккал ба Худо доранд. НЕ, ба гумонам, ки онхо, пештар аз омадан ба ин чангали сухта дар хамин гуна маргзоре мезистаанд, ки ончо паррандаву чарранда хисобу китоб ва нигохубин надошт. Ин чо бошад, акнун ки ба худхуд фахмонида метавонад, ки дар ин чангал бояд чучахоро назорат кард. Ва баъди муддати кутохе, ки худхуд ба ончо омада буд, дигар  буи гулу гиёхи акнун дубора  руидаи чангал, накхати гуворои садбаргу ёсуман ба машом намерасид. Накхати норохаткунандае атрофро пахш кард буд. Парандахои дигар куч бастан мехостанд, вале боз фикр мекарданд,  намераванд, зеро хар кучое, ки  раванд,  оилаи худхуди дигаре лона дорад ва якин хамон накхати ногувор ва нохостани ончо хам хаст. Дар ин чангал чойхое хам хаст, ки паррандахо ва чаррандахо чун узви як оила зиндаги мекунанд. Мегуянд, ки ончо мор чучахои кабкро нигохубин мекардааст. Аммо хамсояхои  ин худхуд наметавонанд, ки дар он гушаи ин  чангал зиндаги кунанд. Лонахо ончо факат аз хасу гил нест, лонахо ончо хеле зебо аст… Ва аз суи дигар, чаро барои  як оилаи худхуд шуда,  кумриву кабку  булбул ва хатто оху бояд  куч бандад?  Ачоиб он аст,  ки худхудхо буи хонаву чои худро намефахманд, гумон мекунанд, ки зеботарин паррандхоянд, хаёл мекунанд, ки кабку кумри ва паррандахои дигар бояд садои онхоро гуш кунанд. Бибиам нагуфта буд, ки буи бадро чи мебурад, ё чи он буйро нест мекунад.  Нагуфта буд. Шояд дар замони онхо худхудхо ин кадар зиёду бе хисоб набуданд?  Вагарна хамон замон ягон рохи начотро меёфтанд! Худхудхои хурду бузург он гуна ба лонаи кумри, ки акнун аз онхо  шудааст, часпида буданд, ки як вакт хатто шикастани навдаи калони хамон дарахтеро, ки дар он лона доранд, кариб, ки намефахмиданд. Он шохаи дарахт пур аз гул буд ва накхати он ба машоми санчобе расиду вай хатарро ба худхудхо расонид. Хайрият, ки хамон шохи дарахт пургул буд ва буяшро санчоб фахмид, вагарна он рост ба болои лонаи худхуд мезад. Худхуд аслан аз паррандаву чаррандаи дигар дури мечуст, ба гумонам барои он не, ки аз у буи баде меомад, барои он, ки паррандахои дигар хар вакт ки фурсати мусоид фаро расид, ба лонаву гирду атрофи лонаашон таваччух карда, ончоро покиза мекарданд ва ин кор ба худхуд писанд набуд. Хар вакте, ки хамин гуна кору борро дигарон сар мекарданд, худхудхо ба руи лонаашон баргу шохаву навдаро афганда,  вонамуд мекарданд, ки дар лона нестанд. Вале хатто хазандахо аз буи бади он лона хис мекарданд, ки худхудхо ончо хобанд,  мехобанд, то  пароканда шудани сокинони дигари чангал…

Хама дар чангал хайрон хастанд, ки чаро ин оилаи худхуд бо он, ки сад сол аст, дар он шохи дарахт «лона доранд», ба он дарахт ва лонахову чучахои атрофи он дарахт мухаббат надоранд ва бадтар аз  ин- хар вакт ба чучахои бе пару боли кабку кумриву булбул дармеафтанд? Дар ин чангал худхудхои бадбу накши нозир ва муназзимро доранд, онхо одати моррову одати сагхои дайдуи хапгирри ин чангалро ба худ гирифтаанд-гуё ороманд, вале  ором нестанд, гуё бехавфанд, вале  хеле хавфноканд, гуё бечораанд, вале  бадкоранд….

Дар ин чангал як гурух  паррандаву чаррандае хаст, ки онхоро касе шикор намекунад, зеро онхо гушт надоранд, онхо устухонеанд, ки хатто ба гулуи саг дармемонанд..

Бибиам як вакт дар бораи магзи сари худхуд гуфта буд, ки гуё фоиданок будааст. Ягон вакте худхудхо шояд  дигар будаанд-каллакалон, бо ним киллову як килло магз…. Ки медонад? Касе намедонад! Мисли имруз не, ки аз вазни умумии худхуд вазни каллаи уро тарх куниву боз хамон вазни умуми хосил шавад..

     Буи хокистару оташ кайхост, ки дар ин чангал  нест, аммо буи лонаи бадбуи хамин худхудхо намегузорад, ки сокинони ин чангал аз накхати гулу гиёхи муаттари чангал лаззату халоват баранд.  Факат акнун бояд борон биборад-борон, борон борон….

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти