Як вакт дар маълумотномаи Асосиатсияи давлатии бехатари дар роххои Амрико омада буд, ки дар 10 сол- аз соли 1998 то 2008- шумораи занхое, ки мошинро дар холати масти идора карда, ба даст афтидаанд ва чазо дода шудаанд, 20% зиёд шудааст. Ин дар холе буд, ки дар хамин фосила шумораи мардхои бадмасту ронанда 7% кам шуда буд. Он вакт хатто коршиносони хамин самт хам дар тахлилу баррасии ин мавзуъ ва гуфтани сабаби ин холат душвори кашида буданд. Имруз дар Точикистон занхои мошинсавор кам нестанд, балки сафи онхо хар руз зиёд мешавад. Ин хуб аст! Хафтаи гузашта хабар ёфтам, ки аллакай кормандони бозрасии автомобили занхои точикро хам, ки хангоми идораи мошин масту махмур буданд, ба кайд гирифта истодаанд. Оп-па!
Эффекти баракс!
Шуморо намедонам, вале барои ман ин чизи тамоман гайриинтизор буд ва хаст! Ин чи маъни дорад?
Занхои мо озоданд ва ё «баланд бардоштани мавкеи зан дар чомеа» эффекти баракс медихад? Вобаста ба мавзуи мошинсавории занхо хар кас назари хоси худро дорад: баъзехо инро хавфнок медонанд, баъзехо баробарии марду занро мисол оварда, ин зухуротро мукаррари медонанд ва баъзехои дигар ба зану духтаронашон мошин мехаранд ва ба андешахои он ду гурухи болои кор надоранд. Ронандагии марду занро ба хам мукоиса кардан ин тахминан баробар аст ба мукоисакунии ранги сабз ва кулчаи мулоим! Вале маълум аст, ки ба бештари мардхо мошинронии занхо хуш намеояд. Агар баъзехо аз хасад ва рашк ин гуна хулоса бароварда бошанд, баъзехои дигарро кобилияти таъмиру санчиши мошинро надоштани занхо, иродаи онхо хангоми холатхои гуногун дар рох нигарон мекунад. Боре хангоми банд шудани рох дар кучаи Саъдии Шерозии пойтахт дар карибии Раёсати корхои дохилии шахри Душанбе духтареро сари чанбари мошин дидаанд, ки …гиря мекардааст. У худро дар миёни анбухи мошинхо гум карда буд.
Боре як зан ба ранги сурхи чарогак нигох накарда, бо мошин харакат мекунад. Корманди БДА уро нигох медорад ва мепурсад:
-Магар надидед, ки чарогак сурх буд!? Шумо бояд то сабз шудани он меистодед!
Зан чавоб медихад:
-Командир, ман чарогаки сурха нагз дидум, ..ман шумора надидум-да….
Дар мавриди холати техники, сохти мухаррик ва кисмхои дигари мошинхо бояд гуфт, ки он аксари занхои ронандаро ба ташвиш намеорад. Зеро онхо бар хилофи мардхои ронанда садохои бегонаро дар мухаррик ва чарххо, имконоту истифодаи мушахссаи кисмхои мошинхоро нодида мегиранд. Дурустараш онро фарк карда ва муайян карда наметавонад. Вале новобаста ба ин аксар вакт мошини занхо тозатару холати техникиаш бехтар аст. Ин шояд барои он аст, ки устохо нарххои осмониро барои ташхису таъмир гуфта, мошини занхои пулдорро бахолати хуб меоранд. Пахлуи дигари масъулиятшиносии занхои ронанда хамин аст, ки онхо хангоми дар мошинашон будани кудаконашон хеле эхтиёткор мешаванд. Мардхо бошанд, дар ин холат кушиш мекунанд, ки ё кудакро дар огуши худ бинишонанд ва ё нишон диханд, ки чи гуна онхо падари «мошинрону нотарс» доранд!
Эхтиром
Ходисахое хам кам нест, ки мардхои ронанда дар холатхои садамави аз гунохи занхо мегузаранд. Чанд руз пештар дар барномаи сахарии «Субхи Ватан » духтаре накл кард, ки чи гуна у як руз бо телефони мобили хангоми рондани мошин сухбат карда ба пушти мошини дигаре бархурдааст. Вакте ки у бо марди «чабрдида» сухбат мекардааст, аз кучое Хочи Афзалшохи Шоди пайдо мешавад ва ба он марди ронанда мегуяд, ки «гунахкор»-ро «чавоб» дихад, зеро у зан аст! Ман он вакт ба занхои ронанда мурочиат карда гуфтам, ки «занхои гироми, коидахои харакат дар рохро на аз тарси чарима ва нозири рох, балки аз руи масъулиятшиноси ва ба хотири саломатии худу наздиконатон риоя кунед, бепарвоиятон боз боиси холатхои ногувор нагардад, ва хам дар хама холат Хочи Афзалшох Шоди ба шумо кумак расонида наметавонад!»
Тарси занхо
Занхои ронанда холо гумонам дар хама гушахои олам аз чанд чиз дар рох ва хангоми рондани мошин метарсанд. Ин хам бошад, сутунхои сари рох, ишорачубхо, дарахтхо, пиёдагардон, гардишхои хавфнок, роххои кухи ва вайрона, бандшавии дурударози рох, вайрон шудани мошин дар миёнаи рох ва мошинхои дигар ва мисли инхо аст. Дар ин руйхат номи корманди БДА наомад. Мушохида кардед? Ин барои он аст, ки масалан, дар кишвари мо ягон зани ронанда аз нозири рох ба он дарачае, ки мардхои ронанда харос
доранд, наметарсанд ва парвои онхоро надоранд! Сабаб шояд хамин аст, ки аввалин занхои точик, ки бо мошин дар кучахои Точикистон пайдо шуданд, аввалатар аз хама барои худи кормандони БДА «шавковару ачоиб» буданд. Солхои шурави хам ин гуна занхо кам набуданд, аммо бо мошинхои хоричии киммат дидани онхо тамоман дигар буд ва дигар аст! Дар огози мошинсавории занхо (ва шояд холо хам!) онхоро агар манъ хам мекарданд, факат ба хотири саломуалейк, таваччух ва тамошо буд. Боз як гурух аз модарони точик бо либосхои милли, баъзан бо сатр мошинрони мекунанд, ки ин вокеан хам зебо ва дидани аст!
Зани шахри дар кучахои хокии як дехаи дурдасти Точикистон бо мошин харакат карда истодааст. Ду корманди идораи алокаро мебинад, ки хар ду дар болои симчуби баланди канори рох чи коре карда истодаанд. Зани ронанда ба дугонааш, ки дар пахлуяш нишаста буд, мегуяд:
-Пирхаро фикр кардиян, ки ман мошин хай карда наметонум, давидиян болои хода бромадиян!
Толибон, занхои ронанда ва аввалин мошиндузди!
Хамон замоне, ки Толибон дар Афгонистон мавкеи бештар доштанд ва худудхои калонеро назорат мекарданд, мошинронии занхоро манъ карда буданд. Ин хатто ба он кормандони ташкилоти хоричи хам дахл дошт, ки дар он кишвар адои хизмат мекарданд. Намояндаи ин гуна ширкату ташкилоти кумакрасон хатто дар ин бора номахои огахи хам гирифта будаанд. Манъкуниро барои ин гурухи хоричиён бо он асоснок мекарданд, ки дар ин кишвар зиста бояд «одату урф»-и онхоро риоя кард. Он вакт ин манъкуни барои мардуми ба кумакхо ниёзманди ин кишвар «болои сухта намакоб» буд. Пештар аз ин Толибон баён карда буданд, ки барои мардуми гайри мусалмон, ки дар он кишвар шояд факат 1 % -ро ташкил медихад, ишорахои махсусро дар либосашон чори мекунанд. Ин монанд мебуд ба хамон холате, ки холо хамин гуна ишорахоро дар бозорхо хам дидан мумкин аст ва дар он навишта шудааст, ки ронанда хамин мошине, ки пештар аз шумо харакат мекунад, зан аст! Ин манъкуниро факат барои маълумоти шумо овардам. Ва Афгонистон кишвари ягона нест, дар кишвархои дигар хам барои занхо дар самти рондани мошин махдудиятхо чори аст. Ин кор албатта барои кишвархои озоду демократи, ки дар он хукуки инсонхо болотар аз хама чи аст, тамоман нодуруст буда, кобили кабул нест. Мегуянд, ки бори аввал Берта-зани ихтироъкардаи як мошин -мошини ихтироъкардаи хамсари худро дуздида, бо кудаконаш ба рох баромада будааст. Ин ходиса соли 1888 рух дода будааст. Намедонам, то чи андоза ин кисса хакикат дорад, аммо метавон гуфт, ки рондани мошинро занхо аз аввал дуст медоштаанд ва холо хам ин факат кори мардхо нест. Гузашта аз ин, холатхое хам хаст, ки факат ба занхо дахл доранд ва барои имруз кариб, ки «совершенно секретно» хастанд!
Занхои НА одди!
Бе кадом як тадкикот хам фахмидан мумкин аст, ки аксари занхое, ки мошинхои киммати хоричиро дар кучахои Душанбе «мегардонанд», на занхои одди хастанд. Ва як сабаби парво надоштанашон аз корманди БДА ва хама гуна чаримахо хам хамин аст. Бо ширкати занхои ронанда дар посгоххо ва нуктахои исти кормандони бозрасии автомобили хар гуна «ходиса ва сухбат»-хои гайриодди рух медодааст, ки он хам мисли маст ба даст афтидани занхои ронанда пинхон мемонад. Шояд акнун факат хамин мондааст, ки номи он занхое, ки масту махмур ба дасти кормандони БДА меафтанд, ошкор шавад!? Агар хама дар назди конун баробар бошанд, пас барои чи мардхоро пайваста дар холати масти аз ТВ дидан мумкин асту занхоро не? Ин кор онхоро боз хам магруртару хавобаланд намекунад?
Зан ба шавхари мансабдори худ мегуяд:
-Медони, ки чи хел ман мошин доштан мехохум? Ранги дигаро мехохум мошини базеби киммат дошта бошуму дунёра бинум!
Мард бе он, ки ба чашмони у нигох кунад, мепурсад:
-Кадом дунёра, и дунёра ё у дунёра??
Гумон
Зани ронандае, ки масту махмур ба дасти корманди БДА афтидааст, гумони ман, ки аз зумраи хамон занхоест, ки ё шавхар надорад ва ё дораду будани он комилан ахамият надорад! Холатхои дигар хам буда метавонад, ки он зан аз пулу сарвати доштааш магрур асту дилпур, ё аз макоми нафаре, ки ваъда кардааст, ки уро «нигох» мекунад, истифода мебарад. Ошкор нашудани номи занхое, ки дар роххо коидавайронкуни мекунад ва хатто маст мошин меронанд, то чое боиси он мешавад, ки холатхои печида боз хам печидатар шаванд. Рост аст, ки онхо хохару модару занхои точик хастанд, рост аст, ки гуфтани ин холатро мардхо -хам дар шуъбахои иттилоъоти, хам дар ВАО «кори хуб ва аз руи коидахои мардонаги» намедонанд, аммо.. ОЁ хамин рохи хал аст? Вале агар хамин пинхонкунихо манфиат биораду натичаи хуб бидихад ва рохи хал бошад, ман хам инак ХАПП мекунам!!!
Filed under: Uncategorized | Tagged: БДА, масти, мошин, нозири рох, ронандахо занхои ронанда, садамахо, чарогак, шароб |













— Дуруст, ин рохи хал нест!
НравитсяНравится
AKAI SUBHON BA HUDO GAP NEST SHUMODA
НравитсяНравится
ШУМО БА МИСЛИ ^KARAN JOKHAR^ -И ХИНДУСТОН
ДАР ХОЛ ЧАВОБИ ШУХИОМУЗ МЕДИХЕД, МЕТАВОНАМ БО ШУМО ДУСТИ ПАЙДО КУНАМ,
НравитсяНравится